§ 53. ИШТИРОКИ ТОҶИКИСТОНИЁН ДАР МУҲОРИБАҲОИ ДАВРАИ ОҒОЗИ ДИГАРГУНИҲОИ ҚАТЪӢ ДАР РАФТИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ (СЕНТЯБРИ СОЛИ 1941 – АПРЕЛИ СОЛИ 1942). МУҲОРИБАИ МОСКВА

Шарҳи дигаргуниҳои қатъӣ. ҶБВ солҳои 1941 – 1945 ба чор давра: – давраи оғоз ва ақибнишинии маҷбурӣ (июн – сентябри соли 1941);

  • давраи дигаргуниҳои қатъӣ дар рафти ҷанг (сентябри 1941 – августи 1943);
  • озод намудани ҳудудҳои Иттиҳоди Шуравӣ (октябри 1943 – октябри 1944);
  • давраи озод намудани халқҳои Аврупо ва Осиё (Х. 1944 – 2 1Х. 1945).

Давраи дигаргуниҳои қатъӣ дар таърихи Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941 – 1945 боз ба давраҳои: муҳорибаи Москва (сентябри 1941 – апрели 1942), муҳорибаи Сталинград (июли 1942 – феврали 1943) ва муҳорибаи Курск (5 июл – 23 августи 1943) ҷудо мешавад. Муҳорибаи Москва ҳамчун ибтидои дигаргуниҳои қатъӣ қабул шудааст. Яъне, то муҳорибаи Москва артишҳои шуравӣ фақат қафо менишастанд ва рӯз то рӯз боварии онҳо ба ғалаба камтар ва неруи ҷангии онҳо заифтар мегардид. Барои ҳукумату қушунҳо ва халқи шуравӣ ғалабае даркор буд, ки ҳам боварӣ ба ғалаба ва ҳам неруи нақшакашии афсарону шуҷоати ҷангии ҷанговарон ва меҳнати фидокоронаи ақибгоҳро баланд бардорад. Муҳорибаи Москва ва ғалаба дар ин муҳориба чунин ҳолатро асос гузошт. Аҳаммияти муҳорибаи Москваро Ҳукумат ва халқи собиқ ИҶШС ба хубӣ дарк карда буданд ва ба он тайёрии имкондоштаро ҳам дида буданд. Муҳорибаи Москва на фақат аҳаммияти минтақавӣ, балки аҳаммияти ҷаҳонӣ ҳам дошт. Натиҷаи муҳорибаи Москва ба чандин саволҳои давра: бақои сотсиализм ва фашизм ҳамчун сохтор давлат ва сиёсат ба ҷаҳониён ҷавоб медод.

И.В. Сталин

Муҳориба барои Москва (моҳи сентябри 1941 – моҳи апрели 1942). Олмони фашистӣ ба самти ҷангии Москва аҳаммияти махсус дода, нақшаи «Ҷанги барқосо» (Блитскриг)-и худро амалӣ карданӣ буд, яъне то аввали сентябр Москваро забт ва октябр ҷангро ба охир расонданӣ буд, вале ба мақсад нарасид. Акнун, вақте ки ба самти Москва расид, забти он то моҳи октябр муқаррар гардид.

Олмони фашистӣ ба ҷабҳаи «Марказ», ки мақсад аз он ишғоли Москва – пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ ва моҳи сотсиализми сайёра буд, қисмҳои яккачини ҳарбии худро, ки аз ҷиҳати таҷрибаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа бартарии куллӣ доштанд, равона карда буд ва бо фармони қабул накардани ҳеҷ гуна гуфтушунид ва таслим. Ин нақшаи худро «Тайфун» («Туфон») номгузорӣ карда буд.

Сарфармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи Олмон барои забти Москва 1,8 миллион қушун, 1700 танк, 1790 самолёт, 14 ҳазор тӯпи худро ба кор андохта буд. Ба муҳофизати Москва тамоми халқҳои ИҶШС бархост. Ҳукумати ИҶШС ва Федератсияи Русия ба Самара кӯчиданд. И.В. Сталин ҳамчун Сарфармондеҳи Олӣ дар Москва монд. ИҶШС ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда зидди душман 125 ҳазор ҷанговар,7600 тӯп, 990 танк, 677 ҳавопаймо (самолёт) ва ҷасорату ватандӯстии бемислу монанди шуравиро пеш гузорад. 19уми октябр дар Москва ҳолати муҳосира эълон гардид. Қувваҳои асосии Олмону иттифоқчиёнаш дар масоҳати 300 км ғарбии Москва дар самтҳои Духово, Рославл ва Шостк ва дар рӯ ба рӯйи онҳо ҷабҳаи Ғарбӣ (И.С. Конев), Қушунҳои эҳтиётӣ (С.М. Буденний) ва ҷабҳаи Брянск (А.И. Еременко) меистоданд.

Муҳорибаи Москва ба ду давра – давраи муҳофизат (30юми сентябр – 5-уми декабр) ва давраи ҳуҷум (5-уми декаб- ри соли 1941 – 20 апрели 1942) ҷудо мешавад. Ҳуҷуми душман 30-юми сентябр оғоз ёфт ва сафҳои қушунҳои шуравиро бо осонӣ рахна ва аксарияти артишҳои шуравӣ дар ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб ба муҳосира гирифта шуданд, ки дар ғарбии Москва дар масофаи то 500 км минтақаи бе ҳимоя ба вуҷуд омад. Хавфи ба Москва ҳуҷум кардан воқеӣ гардид. Ҳатто баъзе командирони душман ба хешу ақрабо ва дӯстони худ хабари ғалабаро ва дӯстонашонро ба маъракаи паради ғалаба даъват карда буданд.

Барои ин ҷойи холимондаро пур кардан аҳолии Москва қушунҳои халқиро ташкил доданд. Душман то сарҳадди 12 км расид. Вале маҳорати ташкилотчигии ҳарбиёни шуравӣ ва муқовимати қушунҳои ба муҳосираафтида, матонати аскарони шуравӣ имкон дод, ки ҳаракати барқвори душман боздошта шавад. Қаҳрамонии 28 панфиловчиён барои тамоми ҷанговарони ҷабҳаҳо ва халқи шуравӣ қуввати иловагӣ мебахшид. Корнамоии ҷанговарону аҳолии шаҳр бе мислу монанд буд. Ҷанг – ҷанги ватанӣ, барои ҳаёту мамот буд. Душман ҳарчи дошту тавонист кард, вале далерию матонати ҳимоятгаронро шикаста натавонист. Ҳатто дар Москва барои руҳияи ҳимоятгарон ва аҳолиро бардоштан 7-уми ноябр дар Майдони сурх паради ҳарбӣ барпо гардид. Сарбозон аз парад рост ба ҷанг рафтанд. Моҳи ноябр ҳуҷуми душман боздошта шуд. 5 декабр ҳуҷуми ҷавобии қушунҳои Шуравӣ оғоз ёфт ва душман аз Москва то 500 км дур партофта шуд. Ин ғалабаи аввалини артиши Шуравӣ буд.

Дар муҳорибаҳои Москва фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, дивизияи 20-уми савораи дар Тоҷикистон таъсисёфта, ҳарбиёни дар асоси даъват ба ҷанг рафта, ҷавонони дар мактабҳои олии Москва таҳсилдошта низ, дар он иштирок доштанд. Дивизияи 20уми савораи кӯҳгард, ки аз полкҳои «Ҳисорӣ», «Қубодиёнӣ» ва «Балҷувонӣ» иборат буд, дар набардҳои роҳи Волоколамск – Солнечногорск корнамоӣ нишон додааст.

Байрақи ҷангии дивизияи 20-уми саворагарди кӯҳӣ

Ин дивизия дар бисёр набардҳои шаҳрҳои атрофи Москва, (Клин, Ржевск, Вязма, Гжатск) далерона иштирок кардааст. Дар ин муҳорибаҳо 150 нафар аскару афсарони он ба мукофотҳои гуногун сазовор шудаанд. Адиби умедбахши тоҷик Абдушукур Пирмуҳаммадзода қаҳрамонона, ҷангида ҳалок гардид. С. Улуғзода, Р. Ҷалилов, И. Обидов, Б. Искандаров низ, ки шахсиятҳои машҳури солҳои 50-90-уми асри ХХ ҷумҳурӣ буданд, дар ин муҳорибаҳо далериву матонат нишон доданд.

Дар муҳорибаи Москва мергани тоҷик Раҷабалӣ Мамедов буд ва аз яроқи мергании худ дар тамоми давраи муҳориба 52 афсари душманро маҳв сохтааст. Ӯ дар давраи ҷанг бо орденҳои «Байрақи сурх» ва «Ҷанги бузурги ватании дараҷаи 1» ва 8 медал мукофонида шудааст. Дар таърихи ҷангномаи шаҳри Москва номҳои ҷанговарони тоҷикис- тонӣ Сайфуддин Раҳматов, Раҳмат Назаров, М. Яқубов, А. Абдуллоев сабт аст. Аҳмад Очилов навишта буд: «Ман фарзанди халқи тоҷикам. Москваро ба мисли сибириҳо ва уралиҳо, москвагиҳо ва ленинградиҳо ҳимоя кардам».

Бахши комендантии полки 103 («Ҳисорӣ») дар ҳайати 16 нафар бо гурӯҳи калони автоматдорони душман ва 3 танки онҳо ба ҷанг даромада, 3 танкро тарконданд ва 40 нафарро ҳалок карданд. Аз 16 нафар сарбози мо 11 нафар ҳалок гардид, вале душман ба мавқеи штаби полк даромада натавонист.

Дар муҳорибаи Москва Шарифҷон Аҳмадҷонов корнамоиҳо нишон додааст. Ӯ дар муҳорибаҳо барои Юхнов моҳи марти соли 1942 ба сифати командири дивизиони тупчиҳо дар рахна кардани сафҳои душман саҳми асосӣ гузошта бо ордени «Байрақи сурх» мукофонида шуд.

Муҳорибаи Москва барои халқҳои ИҶШС аҳаммияти калони ҳам дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ дошт: он, боварии ИҶШС ба ғалаба қавитар гардонд. Москва оғози дигаргуниҳои қатъӣ дар рафти ҳам Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳам Ҷанги бузурги ватанӣ гардид.

Реклама