Тоҷикистониён дар муҳорибаҳо дар роҳи Сталинград. Баъди муҳорибаи Москва душман барои ҷуброни шикасташ тайёрӣ медид. Дар ҳама минтақаҳои шарқии паҳноии дарёи Дону Кавкази Шимолӣ ҷангҳои шаддид мерафт. Душман мехост ин минтақаҳоро забт намояд, то ки Шуравиро аз сӯзишвории Бокую ғаллаи паҳноии Дону Волга маҳрум созад. Ин маъракаи ҷангӣ барои Сталинград ба ду давра: – давраи ҷангҳои ҳимоявӣ (17.07 – 18 – 11.1942) ва давраи ҳуҷум (19.11.1942 – 02.1943) ҷудо мешавад. Дар ҳама ин давраҳо ҷанги беамон мерафт. Ҳоло аввали моҳи июли соли 1942 душман ба муқовимати ҷонгудози аскару афсарон нигоҳ накарда, сафҳои қушунҳои моро рахна ва роҳ сӯйи Кавказу Сталинград гирифт ва босуръат пеш мерафт. Маҳз дар ҳамин давра фармони машҳури №227, ки қафонишинии қушунҳоро манъ мекард, дода шуда буд. Дар асл ин фармон маънои қабули ғуломӣ ва ё бо ҷон ҳимояи Ватанро дошт.
Дар тамоми хатти ҷанг дар ҳамвории Дону Кавкази Шимолӣ ва ғарбии соҳили поёноби Волга ҷангҳои шадид мерафт. Аз ҳар ду тараф талафотҳои зиёди ҷонию техникӣ вуҷуд дошт. Тоҷикистониён ҳам дар ин муҳорибаҳо иштирок доштанд.
Масалан, моҳи июли соли 1942 Аброр Саидаҳмадов дар ҳудуди вилояти Орлов бо пулемёти худ ба ҷанг даромад. Боре барои аз дарёчаи хурде гузаштани лашкари шуравӣ нуқтаи оташфишони душман сари роҳи онҳоро баст. Аброр барои барҳам додани ин нуқта иҷозат гирифт ва ба нуқта наздик омад ва камин гирифт то нуқтаро аниқ кунад, ёфт ва бо оташфишонии нишонрас он нуқтаро хомӯш ва роҳро барои убур кардан бехатар гардонд. Барои ин, ӯ бо ордени Байрақи сурх сарфароз гардонда шуд.
Дар ҷангҳои даштҳои Харков майор Ш.К. Аҳмадҷонов бо маҳорати кордонии худ ном бароварда буд. 28-уми июни соли 1942 душман бо қувваи зиёди танк ба мавқеи полки ӯ ҳуҷум кард. Аҳмадҷонов зуд вазъиятро баҳо дода, як гурӯҳ тӯпҳои худро барои «пешвоз» гирифтани танкҳо ва худ ба гулулаборон кардани мавқеи тӯпзанҳои душман, мавқеъ гирифт. Ҷанги тӯпзанҳо сар шуд. Ба Аҳмадҷонов муяссар гардид, ки ин рақобатро ба ҷониби тӯпзанҳои худ анҷом диҳад.
Муҳориба барои Сталинград (17.08.1942 – 2.02.1943). Дар ин муҳориба аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 3,6 миллион аскару афсар, 60,2 ҳазор тӯпу миномёт, 7300 ҳавопаймо иштирок доштанд. Олмон мехост, ки қасоси шикасти назди Москваро бо роҳи аз маркази сӯзишворӣ ва ғалла маҳрум кардани Иттиҳоди Шуравӣ ва Русияи Марказӣ – Сталинградро ишғол намояд. Вале боз ҳамон дӯстии халқҳо ва ягонагии ҳарбию иқтисодӣ ин нақшаро ҳам барбод дод. Дар маъракаҳои ҷангии барои Сталинград Олмони фашистӣ ва шарикони ӯ зиёда аз 900 ҳазор аскар, 2 ҳазор танк, зиёда аз 10 ҳазор тӯп, 3 ҳазор самолётро талаф доданд. Дар худи шаҳри Сталинград ин талафот ба зиёда аз 300 ҳазор расида буд. Талафоти ИҶШС аз Олмон зиёдтар – 1,1 миллион нафарро ташкил дода буд. Фашистҳо 16 август ҷангро барои ишғоли Сталинград оғоз намуда тавонистанд, ки қушунҳои шуравиро дар атрофии шаҳру дарёи Волга танг кунанд. 23-юми август ба бомбаборонкунии Сталинград сар карда Сталинградро ҳамчун шаҳр аз байн бурданд. Зери хок зиёда аз 200 ҳазор аҳолии шаҳр монд, ки дунё то кунун чунин талафоти ҷониро аз бомбаборонкунӣ надида буд. Душман пурқувват буд. Баъди бомбаборону гулулаборонкунӣ ба ҳамла (штурм)-и шаҳр сар карданд. Ҳар як пастию хамӣ ва баландии наздишаҳрӣ ба истеҳком табдил ёфта буд. Қаҳрамонии ҷанговарон зиёд буд.
Миёнаи моҳи сентябр душман ба истеҳқомҳои охирини ҳимояи Сталинград расид. Ба онҳо муяссар гардид, ки дар шимоли шаҳр ба соҳили Волга бароянд ва ба воситаи соҳили дарё ба шаҳр даромаданӣ шуда дар ҳудуди заводи «Баррикада» ба шаҳр дароянд. Дар ҳамин ҳолат ҳам завод кор мекард – танк аз конвеери истеҳсолӣ рост ба ҷанг мерафт.
Қушунҳои Шуравӣ барои қир кардани душман тамоми тайёриро диданд: ҷабҳаҳои наву нақшаҳои навро барои дар атрофи Сталинград муҳосира ва баъд барҳам додани душман кашида шуд ва 18-уми ноябр ҷангҳои мудофиавии Сталинград ба охир расид. 19-уми ноябр артиши Шуравӣ аз шимолу ғарб ва ҷанубу ғарб барои муҳосираи душман ҳаракат карда, то охири моҳи ноябр дар маҳаллаи Калач гурӯҳи шимолу ҷануб вохӯрданд ва қушунҳои душман ба муҳосираи пурра гирифта шуданд. Вермахт ба ёрии муҳосирашудагон ёрии калони ҳарбӣ фиристод, ки он ҳам дар наздикии Котелниково баргардонда шуд. Душман сараввал таслимро қабул накард ва моҳи январи 1943 лашкари Шуравӣ ба нест кардани муҳосирашудагон сар кард. Аз ноилоҷӣ душман 2-юми феврал таслим шуд ва муҳорибаи Сталинград ба охир расид. Иттиҳоди Шуравӣ дар муҳорибаи Сталинград 1,1 миллион ҷанговар ва душман қариб 1 миллион ҷанговар талаф дода буданд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар тамоми давраи ин набард иштирок карданд. Моҳи январи соли 1943 Анвар Қаландарови тоҷик бо танки КВ корнамоӣ нишон дод: бо тӯпаш даҳҳо техника ва садҳо ҷангии душманро маҳв сохт. Дар муҳорибаи Сталинград бо Орденҳои «Ҷанги Ватанӣ», дараҷаи 1, «Ситораи сурх» ва медали «Барои мудофиаи Сталинград» сарфароз гардидааст. Дар қатори 18 ҷанговари «Хонаи Павлов» Аҳмад Турдиеви тоҷик ҳам буд. Фиристодагони Тоҷикистон О. Холматов, Б. Сиддиқов, А. Ҳакимов, К. Каримов, Б. Бегматов, Н. Мирзоев, И. Назаров, Ҳ. Раҳимов, Ф. Ниёзӣ, С. Иброҳимов, М. Муқимӣ, Т. Ҷӯраев, А. Эшматов, А. Устоев, ки дар ин набард қаҳрамонӣ нишон додаанд, бо орден ва медалҳои ҷангӣ сарфароз шуданд. Дар ин муҳориба колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» ва эскадрилияи «Колхозчии Тоҷикистон» дивизияҳои 61, 63, 98, 103, 104 ва полки ҳавоии дар Тоҷикистон таъсисёфта ширкат доштанд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супориш:
1. Саҳми тоҷиконро дар муҳорибаи Сталинград шарҳ диҳед.
2. Ҷангномаи Аҳмад Турдиевро нақл кунед?
Реклама