Муҳорибаи Ленинград (01.07.1941 – 10.08.1944). Муҳорибаи Ленинград зиёда аз 1125 рӯз ва муҳосираи Ленинград 900 рӯз (аз 8.09.1941 то 18.01. 1944) давом ёфта, дар муддати зиёда аз 3 сол қушунҳои зиёди (қариб 20%) душманро нигоҳ медошт. Дар ин муҳориба қариб 50 дивизияи душман торумор шуд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор ленинградиҳо аз хунукию гуруснагӣ фавтидаанд. Фақат аз моҳи ноябри соли 1941 то октябри соли 1942 аз гуруснагӣ қариб 642 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Ленинград фавтид. Аз ноябри соли 1941 дар рӯйи яхи кӯли Ладога роҳи автомобилгард сохта шуд, ки «Роҳи ҳаёт» ном гирифта, Ленинградро бо мамлакат мепайваст. Ба воситаи ин роҳ зиёда аз 550 ҳазор нафарро аз муҳосира бароварда, 361 ҳазор тонна бор кашонда шуд.
Дар байни ҷанговарони муҳофизи Ленинград номи Тешабой Одилов ҳамчун мергани бомаҳорат машҳур гардид. Ӯ бо милтиқи снайперии худ фашистони зиёдро нобуд карда буд. Дар ин муҳориба фарзандони Тоҷикистон: М. Шокиров, С. Бурҳонов, С. Мухторов бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Дар ин муҳориба 3 бародар – тоҷикписарон Баҳриддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо иштирок доштанд. Дар рафти муҳорибаи Ленинград тоҷикистонӣ Тӯйчӣ Эрйигитов 5-уми октябри соли 1943 корнамоии А. Матросовро такрор намуда, бо тани худ нуқтаи оташфишони (ДОТ)-и душманро пӯшонидааст. Баъди маргаш ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардидааст.
Тоҷикистон ба гуруснагони Ленинград ёрии калони пулӣ ва хӯрокворӣ фиристод. Аз ҷумла, фақат соли 1943 2,225 ҳазор сӯм пул, қариб 130 тонна ғалла, 130 тонна сабзавот, 80 тонна меваи тару хушк ва 2250 сар чорво фиристода буд.
Муҳорибаи Днепр (август – декабри соли 1943). Дар вақти ҷангҳои соҳили дарёи Днепр ва убури он муҳорибаҳои сахту шадиде шуданд. Аз ду ҷониб қариб 4 миллион аскар, 64 ҳазор тӯпу миномёт, 4,5 ҳазор танк, қариб 5 ҳазор самолёт ба ҷанг дароварда шуда буд.
Ташаббус дар дасти Артиши Шуравӣ буд. 26-уми август қушунҳои фронти Марказӣ ба ҷанг даромада, охири сентябр ба соҳили дарёи Днепр расида, соҳили чапи онро озод намуд. 12-уми октябр амалиёт барои озод кардани Киев ва соҳили рости Днепр сар шуд. Дар натиҷаи амалиёти якҷоя душман то 450 км дур партофта шуда, шаҳрҳои Киев, Запорожйе Днепропет- ровск озод карда шуданд. Дар ин муҳорибаҳо ба 2438 кас унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» дода шуд, ки 11 нафарашон фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла, С. Турдиев, Б. Давлатов, У. Яъқубов, Д. Азизов, Ҳ. Қосимов ва дигарон буданд.
Муҳорибаҳои солҳои 1944 – 1945. Солҳои 1944 – 1945 дар таърихи Ҷанги бузурги ватанӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки ҳамчун давраи ба охир расидани ҷанг маълум аст, фиристодагони Тоҷикистон ҳам саҳми худро гузоштаанд. Ин солҳо дар ҳайати артиши Шуравӣ зиёда аз 10 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон меҷангиданд. Ҷангҳои асосӣ соли 1944 ва 1945 барои озод намудани Украина, Беларус, Молдова, Полша, Чехословакия, Венгрия, Булғория, Югославия ва шикасти худи фашизм дар Олмон мерафт. Дар озод кардани Украина фиристодаи Тоҷикистон Исмат Шарифов корнамоӣ нишон дода, ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сарфароз гардид.
Дар озоди намудани Беларус С. Сейтвелиев, Чутак Урозов, Фатҳулло Аҳмадов дар пайи корнамоиҳои худ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шуданд.
Дар муҳорибаҳо барои озод намудани Наздибалтика тоҷикписар Сафар Амиршоев қаҳрамонӣ нишон дод. Ӯ дар муҳорибаи назди Фолвари Лион моҳи июли соли 1944 бо батареяи худ бо 15 танки «Паланг» ва «Юз»-и фашистҳо ба ҷанг даромада, 5 танкро маҳв намуд ва дигаронашро ба қафонишинӣ маҷбур сохт. Дар ин муҳориба Сафар Амиршоев ҳалок гардид. Баъди фавташ ба ӯ унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» дода шуд.
Барои иштирок дар муҳорибаҳои Наз- дибалтика тоҷикон Раҳим Каримов, А. Раҳматов, А. Сафаров, Б. Чориев, К. Қодиров ва садҳо дигарон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.
Дар рафти муҳорибаҳои нимаи дуюми соли 1943 дар баланд гардидани руҳияи ҷангии ҷанговарони тоҷик қабули «Муроҷиатномаи митинги зиддифашистии намояндагони меҳнаткашони Узбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон» нақши калон бозид. Ин муроҷиатнома ҳам ба ҷанговарон ва ҳам ба ақибгоҳ бахшида шуда буд, ки матни онро мухтасаран дар зер оварда мешавад:
«Халқҳои ҳамсоя!
Бародарони қирғиз, тоҷик, қазоқ, туркман ва узбек, саломи гарми моро қабул намоед!
Халқҳои бародар! Дар ин ҷанги озодкунӣ ва боадолат ҳар як ҷанговари Армияи сурх аз ҳар миллате, ки бошад, ватани советии худ, замини азизи худ, хонаи падари худ, оилаи худро муҳофизат менамояд.
Фарзандони ҷанговари мо бо ҷанговарони халқҳои бародари советӣ дар як саф истода, душмани моро қир карда, заминамонро аз артишҳои фашистии немис тоза карда истодаанд.
Халқҳои азизи бародарӣ!
Мо на барои ғуломӣ, балки барои озодӣ, на барои ашк, балки барои хушбахтӣ таваллуд ёфтаем! Мо авлоди муборизони роҳи пуршарафи озодӣ – авлоди Муқаннаъ,…Ҷалолиддин, Восеъ, Манас, Амонгелдӣ ба аҷдоди қаҳрамонамон сазовор буда, монанди онон фидокорона ва диловарона бар зидди сагони девонаи гитлерӣ барои тамоман торумор карда шудани онҳо мубориза бурда истодаем ва мебарем!»
Савол ва супоришҳо:
1. Дар муҳорибаи Курск аз тоҷикистониҳо киҳо қаҳрамонӣ нишон додаанд?
2. Аз корнамоии ҷангии тоҷикистониён дар муҳорибаҳои Ленинград ва Днепр чиҳо медонед?
3. Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шуравиро дар муҳорибаҳои соли 1943 номбар кунед.
Реклама