§ 60. АҚИБГОҲ ДАР ХИДМАТИ ҶАНГ. МЕҲНАТИ ФИДОКОРОНАИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН

Ба давраи ҷангӣ мутобиқ гардондани хоҷагии халқ. Сиёсати саноатикунонии пешазҷангии Тоҷикистон имкон дод, ки дар давраи ҷанг иқтисодиёт ҳарчи тезтар ба манфиату талаботи ҷанг мутобиқ гардонда, таносуби мавҷудаи инкишофи соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот тағйир дода шавад. Ин кори осон набуд, вале иқтисодиёти ба муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ (умумихалқӣ-давлатӣ) асосёфтаи нақшавӣ имкон дод, ки дар сохтори қувваҳои истеҳсолкунанда ва захираҳои меҳнатӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал бароварда шавад. Бо дар назардошти талаботи давраи ҷанг, саноати электроэнергетика, сӯзишворӣ, абрешим, дӯзандагӣ, чарму пойафзор, гӯшт, равғанкашӣ, консерва ва матоъ соҳаҳои асосӣ ва аҳаммияти давлатию стратегӣ доштаи ҷумҳурӣ эълон шуда буданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ мебоист истеҳсоли ғалла ва саршумори чорво ба дараҷае зиёд карда мешуд, ки ҳам талаботи ҷумҳурӣ ва ҳам фронтро қонеъ гардонад.

Дар рӯзҳои аввали ҷанг саноати дӯзандагӣ, коркарди металл, шоҳибофӣ, сӯзишворӣ, консервабарорӣ ва истеҳсоли спирт ба саноати ҳарбӣ тобеъ карда шуданд. Баъзе корхонаҳо таҷҳизонида шуда, ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва тиру тӯп, минаҳои зиддитанкӣ ва минаҳои шинокунанда сар карданд. Дар охири соли 1941 Кумитаи давлатии эвакуатсионии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифааш қабул, васл ва ба кор андохтани корхонаҳои аз минтақаҳои ҷанг ва ё наздиҷангӣ кӯчонидашуда иборат буд. Ин корхонаҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом васл карда шуда буданд. Рӯзҳои истироҳату рухсатии меҳнатӣ бекор ва рӯзи кории ҳатмии 10-соата ҷорӣ карда шуд. Тоҷикистон ба вазъи ҳарбӣ гузашт. Шиорҳои ибтидои ҷанг «Ватан-Модар даъват мекунад!» ва «Ватани сотсиалистӣ дар хатар аст!», «Ба ҷойи шавҳарон, бародарон ва писарони ба фронт рафта кор мекунем!», «Барои худ ва он ҷавон!» шиорҳои асосӣ гардида буданд.

Вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ. Саноат. Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ тамоми қувваи меҳнаткашони Тоҷикистон баҳри ғалаба бар душман равона карда шуда буд. Ҷавобан ба шиори «Ҳама чиз – барои фронт, ҳама чиз – барои ғалаба» мардуми ҷумҳурӣ зарбдорона меҳнат мекард. Дар он солҳо истеҳсоли молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ афзун гардид. Дар вазъи мушкили ҷанг сохтмони НБО-и «Варзоби Поён» давом дошт. Корхонаи «Трактородетал», корхонаҳои шир дар Душанбе ва Хуҷанд ба кор даромаданд. Ҳамагӣ дар солҳои ҷанг 20 корхонаи саноатӣ ба кор даромад. Шумораи коргарон аз 31 ҳазор дар соли 1940 то 32 200 дар соли 1945 афзоиш ёфт.

Саноати бофандагӣ аз ҳисоби ба кор андохтани комбинати бофандагии Душанбе (1942 – 1945) истеҳсоли матоъ 12 баробар, равғану паниру шир 4,4 баробар афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, шоҳиворӣ, чарму пойафзор, гӯшту консерва, равған муттасил зиёд мешуд. 50%-и маҳсулоти умумии саноатиро саноати сабук ташкил медод, ки ҳиссаи саноати хӯрокворӣ ба 31,2%-и ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ва ё 62,4% маҳсулоти саноати хӯроквориро ташкил медод. Дар саноати хӯрокворӣ, 5,3 ҳиссааш ё 60% ба саноати ордкашӣ ва шаробкашӣ рост меомад. Саноати хӯроквории ҷумҳуриро 71 корхонаи калон ташкил медод, ки аз ҷумлаи онҳо корхонаҳои равған – 13, орду спирту пивокашӣ 8, консерва – 4, шаробкашӣ – 4, гӯшт – 8, нонпазӣ 26-то буданд.

Дар ин корхонаҳо 56%-и синфи коргари ҷумҳурӣ кор мекард.

Кишоварзӣ. Дар солҳои ҷанг маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ қариб 5 баробар кам шуд. Бо сабаби ба корҳои ҳарбӣ ҷалб шудани техника ва нақлиёти ПМТ (МТС)-ҳо иқтидори техникии онҳо паст фуромад. Пахтакорӣ кам шуду ғаллакорӣ, боғдорӣ, кирмакпарварӣ ва чорводорӣ зиёд гардид. Аз нарасидани техника, қувваи корӣ ва нуриҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ паст шуд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, Тоҷикистон мебоист худро бо ғалла таъмин мекард ва ба фронт ҳам ёрӣ медод. Деҳотро занони тоҷик, мӯйсафедон, наврасон ба шефӣ гирифтанд. Занҳо касбҳои мардонаи тракторчӣ, ронанда, ҷуфтрониро азбар намуданд. Агарчи истеҳсоли пахта аз 172 ҳазор тоннаи соли 1940 ба 58 ҳазор тонна дар соли 1943 фуромада бошад ҳам, меҳнати пахтакорони ҷумҳуриро Ҳукумати умумииттифоқ ҳамчун ғалабаи меҳнатӣ эътироф карда буд. Деҳоти Тоҷикистон эҳтиёҷи минималии худро бо ғалла таъмин мекардагӣ шуд.

Агар дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон пешгоҳ ҷабҳа бошад, дар ҳаёти иқтисодию меҳнатӣ ақибгоҳ ҳам ҷабҳа буд – фронти корнамоиҳои меҳнатӣ. Деҳқонони тоҷик дар ин фронт ҳам муваффақиятҳо ба даст оварда буданд.

Ёрӣ ба фронт. Ёрии ақибгоҳ дар Ҷанги бузурги ватанӣ омили асосии ғалаба буд. Ин ёрӣ дар таъмин бо қувваи зинда – одам, инчунин, лавозимоти ҷангӣ, маводди ғизоӣ ва дастгирии руҳиявӣ таҷассум меёфт, яъне, ягонагии фронту ақибгоҳ кори ҳаёту мамоти ҳамаи халқҳо, аз ҷумла тоҷикис- тониён гардида буд.

Аввалин иқдоми халқи тоҷик дар масъалаи ёрӣ ба фронт ба шефӣ гирифтани Артиши сурх буд. Ҳазорҳо ҷавонписарону духтарон ва калонсолон аризаи ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанро навишта буданд. Фақат соли 1941 аз Тоҷикистон 10 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба фронт рафтанд.

Соли 1941 Тоҷикистон ба андозаи 1 миллион сӯм коғазҳои бурднок – заём, ки бо номи «заёми ҷангӣ» машҳур аст, баровард. Аҳолӣ онро харидорӣ карда, хоҳиш намуд, ки барои Тоҷикистон боз ба миқдори 1 миллион сӯм (дар эквивалент ба қурби соли 1961) коғазҳои бурднок ҷудо карда шавад.

Соли 1942 дар мамлакат бо даъвати колхозчиёни Тамбов барои сохтани техникаи ҷангӣ ҷамъоварии маблағ сар шуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон барои таъсиси эскадриляи «Тоҷикистони советӣ» – 35,2 миллион сӯм ва барои ташкили колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 84 миллион сӯм ҷамъ оварданд. Ин ҳавопаймо ва танкҳо аз муҳорибаи Сталинград сар карда, дар тамоми муҳорибаҳои минбаъда иштирок доштанд.

Ёрӣ ба фронт ҳамаҷониба буд. Баъзеҳо пули калон, баъзеҳо – зару зевар ва баъзеҳо аспи ҷангии худро (Замонов, Латифов, Соҳибназаров) ба «Фонди ҷанг» супорида буданд. Зани тоҷик ба фронт дастпӯшаку ҷӯробҳо, либоси гарми бофтаю дӯхтаашро мефиристод.

Ба Тоҷикистон ба тариқи фаврӣ госпиталҳо, ятимхонаҳо кӯчонда оварда шуда буданд. Шиори «Ҳама чиз – барои фронт, ҳама чиз – барои ғалаба» шиори хушку холӣ набуд. Меҳнаткашони Тоҷикистон ин шиорро ҳамчун шиори муҳориба қабул карда буданд. Инро аз матни «Мактуби халқи тоҷик ба ҷанговарони тоҷик» (1943) дарёфтан мумкин аст. Халқ ба ҷанговарон ваъда дода буд, ки барои таъмини ҷанговарон бо яроқу аслиҳа, хӯрок ва либос, ҳамаи чораҳоро мебинад, вале аз онҳо ғалабаро талаб дорад.

Ин мактубро, ки 390 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имзо карда буданд, 20-уми марти соли 1943 рӯзномаи «Правда» чоп кард. Ин мактуб руҳияи ҷангии сарбозони бонуфузи тоҷикистониро баланд бардошта буд. Аҳолӣ ба «Фонди ҷанг» 147 миллион сӯм, 45 207 ҳазор сӯмина коғазҳои бурднок, 532 ҳазор либоси гарм, 123830 пуд туҳфа, ки 151 вагонро ташкил медод, фиристодааст. Ин аст, ки ҳазорҳо меҳнаткаши тоҷик бо медали «Барои меҳнати шуҷоатмандона дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941 – 1945» мукофотонида шудаанд.

ЛУҒАТ:

  1. «Ба ҷойи шавҳарон, бародарон ва писарони ба фронт рафта кор мекунем» – ҳаракати умумихалқӣ буд, ки дар ибтидои Ҷанги бузурги ватанӣ сар шуда, ба шиори мӯйсафедону кадбонуҳо ва ҷавонони ноболиғ табдил ёфта буд.
  2. «Барои худ ва он ҷавон» – ҳаракати умумихалқӣ, ки дар истеҳсолот ба ҷойи як норма иҷрои ду нормаро дар назар дошт.
  3. «Ёрӣ ба фронт» – шиори Давлат ва халқи Шуравӣ, ки ҳадаф аз он фронтро бо ҷанговарони бо асосҳои таълими ҳарбӣ шиносонидан, артишро бо сарулибос, яроқ, хӯрокворӣ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин кардан буд. Асоси ин ёриро меҳнати ҷангӣ –ду ва зиёда аз он нормаро иҷро кардан ташкил медод.
  4. Заёми ҷангӣ – коғазҳои қиматноке, ки солҳои ҷанг бароварда шуда буданду халқ онҳоро ҳамчун қарз, вале маҷбурӣ харидорӣ мекард ва дастгирии умумихалқиро ҳам ёфта буд.
  5. Фонди мудофиа – чорабиние буд, ки соли 1941 барои дастгирии саноати ҳарбӣ ва қушун таъсис дода шуда буд. Ин фонд аз ҳисоби пули нақд, коғазҳои қиматнок ва ашё амал мекард.
  6. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» – шиори халқи шуравӣ, ки мақсад аз он таъмини ғалаба аз ҷониби қушунҳои шуравӣ буд.

Реклама