§10. НОРАВОИИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИҶУДОГОНАИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАРШАРОИТИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

§10. НОРАВОИИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИҶУДОГОНАИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАРШАРОИТИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

1.МАФҲУМИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА ВА МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Ба ҷуз маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар шароити муқаррарӣ равост, давлат метавонад ҳамчунин маҳдудсозиҳои умумии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрвандро дар вазъиятҳои фавқулодда ҷорӣ намояд.

Одатан, вазъияти фавқулодда дар мамлакат дар ҳолатҳое, ки вазъияти фавқулодда ба ҳастии миллат ё шароити мӯътадили зиндагии ҳамаи (қисми) аҳолӣ, мавҷудияти худи давлат таҳдид мекунад ва амалҳои муқаррарии мақомоти давлатии ҳокимият барои ба танзим даровардани чунин вазъият кофӣ нестанд, ҷорӣ карда мешавад. Чунин таҳдидҳо аз инҳо бармеоянд: дигаргуниҳои ҷиддии харобиовари табиӣ (сӯхторҳо, обхезиҳо, заминларзаҳо, гуруснагӣ, эпидемияҳо, ҳамлаи ҳайвонот ва ҳашароти зараррасон), омилҳои берунӣ (амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷӣ), омилҳои дохилидавлатӣ (бадшавии вазъияти иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолӣ, муташанниҷ гардидани вазъи сиёсӣ дар ҷомеа). Дар ин маврид давлат баҳри ба эътидол овардани вазъияти баамаломада ва бартарафсозии оқибатҳои манфии он бо мақсади нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави худ маҷбур аст, ки чораҳои фавқулодда бинад. Ин чораҳо дар навбати аввал маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои муайяни шаҳрвандон ва ба зиммаи онҳо гузоштани ӯҳдадориҳои иловагиро пешбинӣ менамоянд. Одатан, ин маънии маҳдудсозии як қисми ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, пурзур кардани масъулияти маъмурӣ ва ҷиноиро дорад.

Вазъияти фавқулодда чораҳои муваққатии бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат эълонгардида дар ҳолати ба амал омадани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёти аҳолии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он аст.

2.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҲДУДСОЗИҲОИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ДАР ШАРОИТҲОИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА. Махсусиятҳои ҷорӣ намудани режими вазъияти фавқулодда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ин давра дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни контитутсионии ҶТ «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» (аз 3 ноябри соли 1995), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва техногенидошта» (аз 15 июли соли 2004) ва дигар санадҳои меъёрӣ таҳким ёфтаанд.

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии чумҳурӣ наметавонад ба таври муътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад.

Моддаи 46-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» таркиби режими фавқулоддаро ҳамчун чораи мунаққагии мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълоншавандаи пешбиникунандаи режими махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ки дар амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ҳамчунин ҳуқуқҳои ашхоси юридикӣ маҳдудиятҳоро раво мебинанд ва ба зиммаи онҳо уҳдадориҳои иловагӣ вомегузоранд, таҳким мебахшад.

Моддаи 4-и Қонун «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи характери табиӣ ва техногенидошта» мафҳуми «вазъияти фавқулодда»-ро ҷорӣ менамояд.

Вазъияти фавқулода ҳолати дар ҳудуди муайян дар натиҷаи садама, рӯйдоди хатарноки табиӣ, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва ғайра ба амал омадаест, ки боиси ҳалокати одамон, зараррасонӣ ба саломатӣи онҳо ё муҳити зисти табиӣ, ҳисороти зиёди моддӣ ва халалдор шудани шароитҳои фаъолияти ҳаётии одамон мегардад ё гардидааст.

Қонун «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» чунин шартҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулоддаро дар Тоҷикистон пешбинӣ менамояд: 1) ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, ки ба ҳаёту саломатӣи аҳолӣ таҳдид мекунанд; 2) ҳангоми вайронкуниҳои оммавии тартиботи ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдиди воқеӣ мекунанд; 3) ҳангоми кӯшишҳои ғасби ҳокимияти давлатӣ ё дигаргунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ; 4) ҳангоми таарруз ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйир ёфтани сарҳадҳои он таҳдид мекунад; 5) ҳангоми зарурати барқарорсозии тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Дар мамлакатҳои гуногун усулҳои худии ҷорӣ кардани режими вазъияти фавқулодда мавҷуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми дуюми моддаи 46-и Конститутсия ҳуқуқ дорад, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, ё дар маҳалҳои алоҳидаи зери хатар қарордошта бо фаврӣ пешниҳод кардани фармон дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳсозии СММ вазъияти фавқулодда эълон намояд. Мӯҳлати вазъияти фавқулодда 3 моҳ буда, дар сурати зарурат онро дароз кардан мумкин аст.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароитҳои ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда маҳдудсозиҳои ҳуқуқу озодиҳои гуногунро пешбинӣ менамояд. Масалан, вобаста ба таҳдиди мавҷуда давлат метавонад режими махсуси кори корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳоро муқаррар кунад, яъне рӯзи кории баъзе кормандон (духтурон, ҳарбиён, коркунони милитсия) дароз мешавад, шаҳрвандони дигар (муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кормандони муасиссаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ) баръакс метавонанд муваққатан фаъолияти меҳнатии худро қатъ кунанд. Дар чунин ҳолатҳо махдудсозии ҳуқуқҳо Ва таҳсил, махфӣ будани мукотиба ва гуфтугуҳои телефонӣ, озодии ҷойивазкунӣ, Ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои динӣ, ҳуқуқ ба гузаронидани ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, озодии сухан, ҳуқуқи истифода аз васоити ахбори умум ва боз бисёр Ҳуқуқҳои дигар имконпазир аст.

Аммо чунин маҳдудиятҳо танҳо дар сурати мавҷудияти таҳдиди воқеӣ ва дар асоси қонун ҷорӣ мегарданд.

3.НОРАВОИИ МАҲДУДСОЗИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ҶУДОГОНАИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР ШАРОИТИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА. Баробари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки нисбати онҳо дар шароити вазъияти фавқулодда аз ҷониби давлат ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо мумкин аст, чунин гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳое мавҷуданд, ки махдудсозии онҳо дар ягон шароит раво нест. Чунин ҳуқуқу озодиҳоро мутлақ меноманд.

Мутобиқи қонунгузориҳои байналмилалӣ ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда барои маҳдудсозии чунин ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) асос шуда наметавонад: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаю ҷазодиҳӣ, озодӣ аз ғуломӣ ва ҳолати озод набудан. Ин ҳуқуқҳо характери табиӣ дошта, маҳдуд карда намешаванд.

Мутобиқи моддаи 47-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар моддаҳои 16,17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28 -и Конститутсия пешбинигардида маҳдуд карда намешаванд.

Моддаҳои зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат хонед. Дар ин моддаҳо кадом ҳуқуқу озодиҳо таҳким бахшида шудаанд?

Ҳамин тавр, ҳангоми вазъияти фавқулодда давлат наметавонад, ки аз ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандони дар хориҷа будааш даст кашад. Вай сарфи назар аз вазъияти дохилии мамлакат вазифадор аст, ки нисбат ба онҳо уҳдадориҳои худро ба ҷо орад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ ба ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи амали вазъияти фавқулодда берун аз ҳудуди мамлакат низ (моддаи 16-и Конститутсия) боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда касе ҳақ надорад, хи ҳуқуқи баробарӣ дар назди қонун ва судро маҳдуд кунад. Давлат ҳуқуқу озодиҳои ҳар як одамро, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маълумотнокӣ, вазъи иҷтимоию амволӣ кафолат медиҳад, яъне дар шароити вазъияти фавқулодда табъиз низ раво нест (моддаи 17-и Конститутсия).

Дар шароити ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулодда ҳамчунин маҳдудсозии ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсият (моддаи 18-и Конститутсия), ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва кӯмаки адвокат (моддаи 19-и Конститутсия), фарзияи бегуноҳӣ (моддаи 20-и Конститутсия), дахлнопазирии манзил (моддаи 22-и Конститутсия), ҳуқуқ ба имконияти шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои шахс (моддаи 25-и Конститутсия) ва ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ (моддаи 28-и Конститутсия) мумкин нест.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: вазъияти фавқулодда, лаҳзаи фавқулодда, ҳуқуқҳои мутлақ.

 

Савол ва супоришҳо:                    

1.3ери ибораи «вазъияти фавқулодда» чиро мефаҳманд? Он дар кадом ҳолатҳо дар мамлакат ҷорӣ карда мешавад?

2.Ба андешаи Шумо, чаро дар шароитҳои вазъияти фавқулодда маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи инсон ва шаҳрванд мумкин аст?

3.Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар шароити вазъияти фавқулодда кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшанд?

4.Ҳуқуқу озодиҳои мутлақи ба Шумо маълумро номбар кунед.