§15. НАҚШИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

§15. НАҚШИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ДАР ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

1.ҶОМЕАИ ШАҲРАНДӢ: МАФҲУМ, УНСУРҲО. Давлати муосири ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ бо мафҳуми “ҷомеаи шаҳрвандӣ” пайванди ногусастанӣ дорад.

Тасаввурот дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таълимоти Арастую Афлотун, Сисерон, мутафаккирони даврони Эҳё сар карда, то ақидаҳои файласуфон ва ҳуқуқшиносони имрӯза эволютсияи дурударозеро тай кардааст. Истилоҳи “ҷомеаи шаҳрвандӣ” аз асри XVIII сар карда босуботона истеъмол мешавад, то ин вақт олимон давлат ва ҷомеаро чун воҳиди ягона баррасӣ мекарданд.

Ба хотир оред, ки ҷомеа чист? Робитаи вай бо давлат чи гуна аст?

Дар дунёи қадим ва дар давраи асрҳои миёна байни мафҳумҳои “ҷомеа” ва “давлат” фарқияти принсипиалӣ намегузоштанд. Таърихан аввал ҷомеа чун иттиҳоди одамон зуҳур карда, баъд давлат чун шакли ташкили ҷомеа пайдо мешавад. Фаъолияти давлат комилан ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар Замони нав, дар давраи инқилобҳои буржуазӣ зери таъсири эълом гардидани ҳуқуқҳои табиии инсон ва зарурати ҳимояи юридикии онҳо, бо таҳкимёбии институти шаҳрвандӣ, ҳамчунин ба сабаби аҳамияти афзоянда ва фаъолмандии шахсияти алоҳида дар ҳаёти ҷамъиятӣ байни мафҳумҳои давлат ва ҷомеа фарқиятҳо ба мушоҳида расиданд. Манфиатҳои шахсии одамони алоҳида, соҳибихтиёрию озодӣ ва ҳаёти шахсии онҳо аз назорати давлатӣ берун мебарояд. Одамон мустақилона дар муносибатҳои амволию молиявӣ, дар соҳаи истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулот ширкат меварзанд, ҳуқуқу озодиҳои шахсиашонро (шаҳрвандиашонро) амалӣ мегардонанд.

Тадриҷан зери мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ соҳаи махсуси муносибатҳо, асосан муносибатҳои молумулкӣ, бозорӣ, оилавӣ, рӯҳонӣ, динӣ, маънавиро, ки байни одамон, сарфи назар аз давлат, амалӣ мегарданд, мефаҳмидагӣ шуданд. Яъне сухан дар бораи дахолат накардани ҳокимияти давлатӣ ба “корҳои шаҳрвандии“ шахсият, ба ҳаёти шахсии одамон мерафт.

Таркиби “ҷомеаи шаҳрвандӣ” шартист, зеро ҷомеаи “ғайри- шаҳрвандӣ” ва зиёда аз он “зиддишаҳрвандӣ” умуман вуҷуд надорад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, аз шаҳрвандон иборат аст. Ҳамзамон ҳама гуна ҷомеаи иборат аз шаҳрвандонро ҷомеаи шаҳрвандӣ номидан нашояд. Зери мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ навъи махсуси ҷомеае фаҳмида мешавад, ки бо дараҷаи баланди камолот, оқилй, мутамаддинӣ, дар он фароҳам будани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандони худ характернок аст. Ҷомеаи давраи сохти ибтидоии ҷамъиятиро ба сабаби дар он мавҷуд набудани мафҳумҳое чун “шаҳрванд” ва “шаҳрвандӣ” ҷомеаи шаҳрвандӣ номидан нашояд. Ҳамин тавр, ҷомеаҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ низ ҷомеаҳои шаҳрвандӣ шуда наметавонистанд, зеро онҳо қисми зиёди аъзои худро ба сифати одамони озоду баробарҳуқуқ эътироф намекарданд.

Фикр кунед, оё ҷомеаи замони режими тоталитариро ҷомеаи шаҳрванди номидан мумкин аст?

Ҷомеаи шаҳрвандиро аз боло ҷорӣ кардан, ё бо қонун таъсис додан мумкин нест. Вай маҳсули рушди дурударози таърихии худи ҷомеаест, ки тарзи махсуси зиндагӣ, тафаккур, муошират, сохти махсуси иқтисодиро дар назар дорад, арзишҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон, қадру қимат, мустақилияти рӯҳонӣ, шахсӣ, сиёсӣ, маънавии ӯ мебошанд.

Ҷиҳатҳои асосии тавсифбахшандаи ҳамагуна ҷомеаи шаҳрвандии замони ҳозира инҳоянд: 1) озодии иқтисодӣ, бисёршаклии моликият, муносибатҳои бозорӣ, рақобат; 2) эътироф ва ҳимояи бечунучарои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; 3) қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва характери демократии ҳокимият; 4) баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; 5) гуногунандешии сиёсӣ ва идеологй; 6) озодии афкор, сухан ва матбуот, мустақилияти воситаҳои ахбори умум; 7) дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ӯҳдадориҳо ва масъулиятнокии байни- ҳамдигарии онҳо; 8) сулҳи шаҳрвандӣ, шарикӣ ва ризоияти миллӣ; 9) сиёсати босамари иҷтимоии таъминкунандаи шароитҳои шоистаи зиндагии одамон; 10) рушди идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунӣ.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи худидоракунандаест, кн аъзои он - одамони озод бо мақсади конеъсозии манфиатҳо ва талаботи худ мустақилона зиндагӣ ва меҳнат мекунанд ва дар назди гузаштаи таърихӣ, имрӯзу фардои ннсоният масъулияти баланд эҳсос менамоянд.

Унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ инҳоянд: шахсият, шаҳрвандон, оила, гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ, мактабҳо, муассисаҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, воситаҳои мустақили ахбори омма, сохторҳои ғайридавлатӣ (ғайриҳукуматӣ), бунёдҳо, марказҳо, клубҳо аз рӯи шавқмандиҳо ва ғайра.

Ҷомеаи шаҳрвандиро бе шахсияти озод, ки имкониятҳои васеи фаъолияти мустақилона дорад, тасаввур кардан номумкин аст. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин оила чун муассиса (институт)-и муҳимтарини сохти ҳаёти иҷтимоӣ нақши басо муҳим мебозад. Барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ бе ташаккули гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ: синфҳо, гурӯҳҳои иттифоқҳои касаба (иттиҳоди кормандони як корхона), ҷамоаҳои этникй (миллатҳо, халқиятҳо) ва ҳудудҳо ( сокинони як деҳа, шаҳр, ноҳия), ғуруҳҳои синнусолӣ (ҷавонон, нафақагирон), ҷамоаҳои ҳамсоя, давраҳои дӯстона, синфҳои мактабй ва ғайраву ва ҳоказо номумкин мебошад. Унсурҳои иқтисодии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба моликияти хусусӣ ва фаъолияти озоди соҳибкории шаҳрандон асос ёфтаанд. Дар шароитҳои инқилоби

иттилоотӣ ҷомеаи шаҳрвандиро бе унсурҳои иттилоотй, ки ба онҳо воситаҳои гуногуни ғайридавлатии ахбори омма, радио, телевизион, матбуот, робитаҳои компютерй ва ғайра мансубанд, тасаввур кардан мумкин нест. Дар барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ: аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳо ва бунёдҳои хайриявӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ (СҒҲ) ва ғайра нақши муҳим мебозанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ худидоракунанда аст, бинобар ин дар он нақши чунин унсурҳо чун мақомоти худидоракунии маҳаллӣ махсус мебошад. Худидоракунии маҳаллӣ имконияти иштироки бевоситаи шаҳрвандонро дар ҳалли масъалаҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд, фароҳам меорад.

2.ТАНОСУБИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ДАВЛАТ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи озод, демократӣ ва худрушдкунандаест, ки дар он инсон, шаҳрванд, шахсият мавқеи марказиро ишғол менамояд. Вай ҳамаи сохторҳои ғайридавлатиро дар соҳаҳои фаъолияти ҳаётии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ фаро мегирад.

Давлати демократии ҳуқуқбунёд ба ҳаёти шахсии одамон дахолат намекунад, муайян намесозад, ки онҳо бояд бо чӣ машғул шаванд, чиро дӯст доранд, барои чӣ ва зидди чӣ мубориза баранд. Шавқмандиҳои гуногунранги одамон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ тавассути амалҳои якҷояи онҳо, иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳо сурат мегиранд.

Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамбастагии зич ва ҳатто ягона бо давлат арзи вуҷуд мекунад, рушд меёбад ва амал менамояд, ҳарчанд дар муносибатҳои байни онҳо норизоияту ихтилофот ҳам шуда метавонанд, ки бояд дар доираи қонун ҳаллу фасл гарданд. Одам ва давлат дар бораи “қоидаҳои бозӣ”, ӯҳдадориҳо ва масъулиятнокии байниҳамдигарй ба мувофиқа меоянд. Вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он назорат кардан ва роҳ надодан ба вайроншавии ин қоидаҳост.

Байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаҳои зич мавҷуданд. Чунончи, масалан, ҳалқаи пайвандкунандаи байни онҳо ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Ҳизби сиёсӣ шакли намояндагии манфиатҳои аъзои ҷомеаи шаҳрвандиест, ки бо идеологияи ягона муттаҳид буда, барои ҳокимияти сиёсӣ мекушақ, Онҳо талаботи табақаҳои кофии гуногуни ҷомеаро ҷамъбаст карда, онҳоро дар шакли талабот ба ҳукумат ташаккул медиҳанд.

Фикр кунед, робитаи байниҳамдигарӣ миёни цомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд чӣ тарз мушоҳида карда мешавад?

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат набояд ҳамчун мухолифин дар муқобили ҳамдигар қарор гиранд, балки дар асоси эҳтироми қонун мунтазам бо якднгар ҳамкории муназзам намоянд. Бинобар ин робитаи нисбатан зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бобати бунёди мамлакати пурқуввату мӯътадил шарики давлат мебошад. Ҳалли бисёр проблемаҳои замони ҳозира, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо бо

кӯшишҳои умумӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст .

З.ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеаи озоди демократӣ, ҳуқуқбунёд ва мутамаддинест, ки дар он барои режими ҳокимияти шахсӣ, зуроварӣ ба одамон, бадбинии иҷтимоӣ ҷой нест, ин ҷо ахлоқ ва қонун, принсипҳои инсондӯстӣ ва адолатнокиро эҳтиром мекунанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шаҳрванд ва озодиҳои ӯ ибтидо мегирад. Худи унвони “шаҳрванд” дар замони худ ҳамчун муродифи мустақилият, баробарҳуқуқӣ, қадру қимат ва худэҳтироми шахсият садо дода буд. Мақоми шаҳрвандро Инқилоби бузурги Фаронса, ки ғояҳояш дар Эъломияи машҳури ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (соли 1879) таҷассум ёфтаанд, махсусан боло бардошт.

Ҷомеаи шаҳрвандии муосир вазифадор аст, ки барои бе мамониат амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ, принсипҳои демократия, баробарҳуқуқӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ, идеалҳои адолатнокӣ шароиту муҳити зарурӣ фароҳам орад.

Байни вазифаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: 1) ҳимояи иҷтимоӣ ва ёрии байниҳамдигрии шаҳрвандон; 2) назорати фаъолияти давлат (аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқҳои инсон); 3) иштирок дар идоракунӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ; 4) барқарории арзишҳои инсондӯстӣ ва демократӣ. Бисёр вақт иҷрои вазифаҳои мазкурро созмонҳои гуногуни ғайриҳукуматӣ, васоити ахбори омма ва сохторҳои дигар ба зиммаи худ мегиранд.

Нақши танзимгарии давлат ба ҳадди ақали зарурӣ: ҳимояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, кафолатнокии риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсоният мефарояд.

Соҳибкорӣ ва озодӣ, ташаббус ва салоҳиятмандии одамон, фаъолияти соҳибкории онҳо, муносибатҳои шахсии молумулкӣ ва бозор бе ҳуқуқҳои инсон имконнопазиранд. Агар одам ҳуқуқу озодиҳои одции шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ надошта бошад, фаъолияти озоду мустақилонаи ӯ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа амалӣ намегардад. Бинобар ин эътироф, риоя ва ҳифзи бечунучарои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аломати муҳимтарин ва ҳамзамон шарти зарурии ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳама гуна мамлакат аст.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси эътироф ва истифодаи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташаккул ёфта, рушд мекунад. Устуворӣ ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сатҳи амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон вобаста мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҷомеаи шаҳравндӣ, унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Савол ва супоришҳо:

1.Ҷомеаи шаҳрвандӣ чист? Фарқияти байни ҷомеа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз чӣ иборат аст?

2.Ҷиҳатҳо ва унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро номбар кунед ва шарҳ диҳед.

3.Бисёр муҳаққщони замони ҳозир изҳор доранд, ки дар табиат пайдо кардани ҷомеаи ҳақиқии шаҳрвандӣ басо душвор аст, онҳо беш аз ҳама дар идеал, дар шуури одамон мавҷуданд. Оё Шумо ин ақидаро ҷонибдорӣ мекунед? Чаро?