§ 57. ТАВСИФИ УМУМИИ МЕХАНИЗМҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

§ 57. ТАВСИФИ УМУМИИ МЕХАНИЗМҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

1.МУНДАРИҶАИ МЕХАНИЗМҲОИ МИЛЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН ВА НИЗОМИ ОНҲО. Дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ мафҳуми «механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» васеъ тафсир мешавад. Агар калимаи «механизм» ба маънои аслӣ воҳиди даруни мошин ё таҷҳизоти томи техникиро ифода намояд, ба маънои маҷозӣ ҳамчун воҳиди сохтори томи низом фаҳмида мешавад, ки тавассути вай ин ё он кор ба анҷом мерасад. Вақте мо калимаи «механизм»-ро зимни мафҳуми «ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» истифода мекунем, албатта, маънои маҷозии онро дар назар дорем. Яъне зери истилоҳи «механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» муносибатҳо ва методҳои ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки тавассути онҳо ҳуқуқҳои инсон аз ҳама гуна таарруз ҳифз мегарданд. Агар ҳар як муносибат ва методи ҳуқуқӣ дар ин ё он навъи ҳуқуқҳои инсон истифода шавад, онҳо дар якҷоягӣ низоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ташкил мекунанд.

Низоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба ду гурӯҳи калон ҷудо кардан мумкин аст: 1) механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон; 2) механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон.

Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон роҳҳо ва муносибатҳое мебошанд, ки бо қонунгузории миллӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон муайян шудаанд. Ҳар як ҷомеа манфиатдор аст, ки механизмҳои хифозат воқеӣ бошанд. Танҳо дар сурати таҳияи механизмҳои пешқадам ва самаранок ва ташкили механизми ягонаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, ки ҳамаи воҳидҳои он якҷоя амал мекунанд, шароитҳои мусбати риояи ҳуқуқҳои инсонро муқаррару таъмин кардан мумкин аст.

Азбаски механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро санадҳои ҳуқуқӣ (Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ) ташкил медиҳанд, онҳоро механизмҳои миллии ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон меноманд.

2.АЛОМАТҲОИ ФАРҚКУНАНДАИ МЕХАНИЗМҲОИ МИЛЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон бо хусусиятҳои худ фарқ мекунанд.

Якум, агар механизмҳои миллӣ бо Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ муайян гарданд, механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ танзим мешаванд.

Дуюм, ҳангоми муқаррар кардани механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дастовардҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

Сеюм, механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз тарафи давлат маблағгузорӣ ва таъмин карда мешаванд. Давлат механизмҳоро муайян карда, маблағгузорӣ ва кори бонизоми онҳоро таъмин мекунад. Агар ин кор саривақт ва дар сатҳи зарурӣ ташкил карда нашавад, механизмҳо натиҷаи назаррасу дилхоҳ намедиҳанд.

3.УНСУРҲОИ АСОСИИ МЕХАНИЗМҲОИ МИЛЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Мақомот, ташкилот ва шахсони мансабдор ба сифати субъектҳои амалисозандаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон баромад мекунанд. Вобаста ба самти фаъолият, муносибат бо рукнҳои ҳокимият ва нақши мебозидаашон механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба се унсури асосӣ тақсим кардан мумкин аст:

1. Ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон;

2. Ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқҳои инсон;

3. Ҳифзи ғайриҳукуматии ҳуқуқҳои инсон;

Ин се унсури миллии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон умумияти бисёре дошта бошанд ҳам, аммо бо мундариҷа, принсипҳои ташкилшавӣ ва методҳои таъсиррасонй аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар мамлакати мо ҳар сеи ин унсур истифода мешаванд.

Дар мамлакатҳои пешқадами демократӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳокимияти судӣ мавқеи аз ҳама волоро ишғол карда, ба нақши он баҳои баланд дода мешавад. Ин рукни ҳокимият баҳсҳои на танҳо байни шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандон ва давлатро тавассути амалисозии адолати судӣ ҳаллу фасл менамояд. Дар амалияи судии Аврупо ва ИМА баҳсҳои байни шаҳрвандон ва давлатро чун, масалан, «Андрес бар зидди Австрия», «Мейер бар зидди Небраска» ном мегиранд, ки басо ибратангез аст. Ҳангоми исботу тасдиқ шудани далели аз ҷониби давлат вайрон карда шудани ҳуқуқҳои инсон суд давлатро водор месозад, ки ин ҳуқуқҳои вайронкардашударо барқарор кунад.

Таъиноти асосии ҳокимияти судӣ аз амалисозии адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон» иборат аст. Адолати судӣ мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун сурат гирифта, мурофиа (раванд) ном дорад. Адолати судӣ тавассути мурофиаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, конститутсионӣ ва хоҷагӣ амалӣ мешавад. Навъҳои мурофиаҳо бо кодексҳо ва қонунҳои соҳавӣ танзим меёбанд, масалан, Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ (1961), Кодекси мурофиаи гражданӣ (1961), Кодекси мурофиаи хоҷагӣ (1998), Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (1985), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионӣ» (1995).

Унсури судии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси принсипҳои маъмули адолати судӣ амалӣ мегардад. Ба ин принсипҳо ҷиҳатҳои демократӣ ва инсондӯстонаи мурофиа хосанд, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунанд. Принсипи демократии адолати судӣ ба ҳар касе, ки ҳуқуқҳояшро вайроншуда меҳисобад, имконият медиҳад, дар ҷамъомади ошкорою баробари судӣ баромад карда, мавқеи худро тавассути овардани далелҳо ҳимоя кунад ва ба суд ҳақ будани худро исбот намояд. Суд адолати судиро дар асоси арзёбии бегаразонаи дархостҳо ва пешниҳодот амалӣ гардонида, бар асоси мӯътақидии ботинии худ бо дар назардошти донишҳои юридикӣ қарор қабул мекунад.

Дар низоми миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши институтҳои давлатии ғайрисудӣ низ басо калон аст. Нақши онҳоро ҳангоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ муайян мекунанд.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 5, 10, 14) ҳамаи мақомоти давлатӣ ва ҳар як шахси мансабдор вазифадоранд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро на танҳо эътирофу риоя кунанд, балки ҳимоя намоянд. Яъне Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро муқаррар карда, ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро вазифадор менамояд, ки дар ҳифзи ҳуқуқҳои инсон иштирок кунанд. Дар ин маврид мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре ҳастанд, ки ба ин кор бештар ҷалб мегарданд. Инҳо Президенти мамлакат ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи ӯ, Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва қонуният, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои инсон, прокуратура, милитсия, адвокатура мебошанд.

Ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти номбаршуда ба андозаҳои гуногун ба амал бароварда мешаванд, чунки вазифаҳои асосии баъзе аз онҳо фаъолияти ҳуқуқҳифзкунӣ буда, онҳо бо ҳамин мақсад таъсис ёфтаанд, барои дигарон бошад, чунин вазифаҳо шартианд, зеро онҳо ин корро ба андозае баҷо меоранд, ки иҷрои вазифаи асосиашон тақозо менамояд.

Махсусияти институти давлатии ғайрисудии ҳифзи қуқуқҳои инсон аз он иборат аст, ки вай аз мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таркиб ёфта, ҳатто як қатор ташкилотҳои ғайриҳукуматиро низ фаро мегирад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин созмонҳои ғайридавлатӣ ҳам бошанд (адвокатура), онҳо таъиноти давлатӣ доранд ва функсияҳои сохта- давлатиро ба ҷо меоранд. Махсусияти институти адвокатура бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Қисми дигари институти ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқхои инсонро муассисаҳои гуногуни маъмурӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба сохторҳои тобеи худ салоҳиятҳои ҳокимиятй дошта, метавонанд қарорҳо ё амалиёти ин мақомотро бекор кунанд ва ба ҳамин васила ҳуқуқҳои вайроншударо барқарор карда, шахсони айбдорро ба ҷавобгариҳои интизомӣ ё маъмурӣ кашанд. Аммо шакли маъмурии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон тарафҳои манфии худро низ дорад. Масалан, вақти аз ҷониби Раиси вилоят қабул кардани қарор аз рӯи шикоят аз болои қарори раиси ноҳия барои ӯ манфиатҳои идоравй, албатта, бегона нестанд. Бинобар ин, чунин унсури ҳифзи хукуқҳои инсон дар бисёр мавридҳо ба кашолкориҳои зиёдатӣ оварда мерасонад.

Дар давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ, ки ғояи асосӣ барпо кардани ҷомеаи шаҳрвандист, нақши ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ басо калон аст. Қабл аз ҳама онҳо барои ҳимояи манфиатҳои ҷомеа таъсис меёбанд ва аз ин рӯ роҳу усулҳоеро истифода мекунанд, ки рӯҳияи маҷбурсозӣ надошта, бештар ба боварӣ ва эътиқодмандиҳо такя мекунанд. Ин ташкилотҳо шаҳрвандонро қабул карда, шикоятҳо ва пешниҳодоти онҳоро гӯш мекунанд, бо проблемаҳои онҳо аз наздик шинос мешаванд, дар сурати ошкор гардидани далелҳои вайрон карда шудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳо гаваҷҷӯҳро ба онҳо тавассути ВАО ҷалб месозанд ва бо истифода аз афкори ҷамъиягӣ ҳуқуқҳои вайроншударо ҳимоя мекунанд.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 250 ташкилоти ғайриҳукуматӣ амал мекунанд, ки дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ корҳои муфиди ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон нигаронидашударо ба ҷо меоранд. Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ аз руи мақоми худ бояд ташаббускор бошанд ва шаҳрвандони эҷодкори ҷумҳуриро муттаҳид сохта, фаъолияти хешро бо истифодаи захираҳои дохилидавлатии молиявӣ амалӣ созанд.

4.НАҚШИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ДАР ТАКМИЛИ НИЗОМИ МИЛЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Дар рушди низоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ калон аст. Дар сатҳи байналхалқӣ ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон ба низом дароварда, садҳо санадҳои ҳуқуқиро муттаҳид месозанд. Ин санадҳои ҳуқуқӣ ғояҳои аз ҳама пешкадамро дар бораи ҳуқуқҳои инсон таҳким бахшида, аз инсоният риояи онҳоро талаб мекунанд. Ва имрӯз ин санадҳои байналмилалӣ ба қонунгузориҳои миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон бо роҳи тасдиқ кардан (ратификатсия) ворид гардида, ҳаёти одамони миллатҳои гуногуни сокини ин мамлакатҳоро сабук мегардонанд. Дар ҳамин асос ҳамоҳангии ҳуқуқҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба амал меояд. Заминаи ин ҳамоҳангӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар моддаи 10-и Конститутсия омадааст, ки санадҳои ҳуқуқи байналмилалии Тоҷикистон эътирофкарда қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро тасдиқ (ратификатсия) кардааст, ки дар онҳо ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокдор оид ба ворид намудани меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ муқаррар гардидаанд. Ҳатто дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» (1998) қоидае муқаррар гардидааст, ки мувофиқи он Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтааш санадҳои дохилии меъёрию ҳуқуқӣ қабул мекунад.

Ба ин тариқ, ҳамоҳангшавии ҳуқуқҳои миллӣ ва байналмилалӣ манфиатбахш буда, аз як ҷониб аҳли ҷамъияти Тоҷикистон имконият пайдо мекунанд, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро истифода кунанд. Аз ҷониби дигар, риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ назорат карда мешавад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон, ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқҳои инсон, ҳифзи ғайриҳукуматии ҳуқуқҳои инсон.

Савол ва супоришҳо:

1.Зери мафҳуми "механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон" чӣ фаҳмида мешавад?

2.Низоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ба кадом унсурҳо тақсим мешавад?

3.Баҳсҳои байни инсон ва давлатро асосан кадом мақомот ҳаллу фасл мекунад?

4.Унсури ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқҳои инсон чиро мефаҳмонад ва онро кадом субъектҳо амалӣ мегардонанд?

5.Маъмурияти мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №12-и деҳаи Ругунд бо хоҷагии давлатии "Токпарвар " дар бораи иҷрои кори муайяне қарордод ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарордод мактаб ӯҳдадор шуд, ки баҳорон бо қувваи 100 нафар хонандагони синфи 10 дар 2 га ангурзор токҳоро бурад. Ба ин васила муаллимони таълими меҳнат сарбориҳо гирифта, хонандагон малакаҳои токбурӣ меомӯхтанд. Илова бар ин хоҷагии давлатӣ ӯҳдадор шуд, ки ба ҳар хонанда барои кори анҷомдодааш дар муҳлати на дертар аз 5 рӯзи баъди анҷоми корҳо музди меҳнат медиҳад.

Хонандагон ӯҳдадориҳои худро бомуваффақият ва пурра иҷро намуданд. Аммо маъмурияти хоҷагии давлатии "Токпарвар"ӯҳдадории худро иҷро нанамуд, яъне ба хонандагон музди меҳнаташонро надод.

Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Кадом механизми миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро истифода кардан мумкин аст ва кадоме аз онҳо аз ҳама пурсамаранд?

Оё дар доираи соатҳои барои дарси таълими меҳнат ҷудокардашуда ихтиёрӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кардани хонандагони синфи 10 қонунӣ аст?

Реклама