1.ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИҚТИСОДӢ: МАФҲУМ, МУНДАРИҶА. Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ гуруҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд, ки дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ амалӣ мешаванд; дар соҳаи меҳнат ва моликият, яъне дар соҳаи иқтисодии фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат вусъат пайдо мекунанд.
Ҳуқуқҳои иқтисодӣ ҳуқуқҳои асосии аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон мебошанд. Онҳо универсалӣ, ҷудонопазир, тақсимнашаванда буда, чун қоида, аз лаҳзаи таваллуд пайдо мегарданд ва ба соҳибияти инсон ба неъматҳои ҳаёти иқтисодӣ, озодиҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагидорӣ ва меҳнатӣ нигаронида мешаванд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ ба ҳамаи одамон: шаҳрвандон, хориҷиён, ашхоси бетабаа ва дигарон кафолат дода мешаванд. Гурӯҳи мазкури ҳуқуқ ва озодиҳо мақоми инсонро ҳамчун иштирокдори фаъолияти иқтисодӣ муайян карда, ба таъмини некӯаҳволӣ ва сифати ҳаёти одамон, қонеъсозии талаботу манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар талаботу манфиатҳои моддии ба онҳо алоқаманд нигаронида мешаванд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ метавонанд инфиродӣ бошанд, масалан, ҳуқуқи моликияти хусусӣ, ҳуқуқи интихоби касб. Онҳо инчунин дастаҷамъона мешаванд, масалан, ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ ба корпартоӣ, озодии занон аз табъиз дар соҳаи шуғл.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ мутлақ нестанд ва метавонанд дучори маҳдудиятҳои қонунӣ гарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳое мебошанд, ки имконияти таъмини озодона ихтиёрдорӣ кардани моликият ва фаъолиятро дар соҳаи меҳнат ва сохибкорӣ мемонанд.
Ба ҳуқуқҳои асосии иқтисодӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст: ҳуқуқи моликияти хусусӣ, ҳуқуқи мерос, ҳуқуқи амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, манъи меҳнати мачбурӣ ва ғайра.
Дар ҷаҳони имруза ин категорияи ҳуқуқҳо ва озодиҳо бештар вайрон карда мешаванд, зимнан, на танҳо аз ҷониби давлат, балки инчунин корфармоёни хусусӣ, гуруҳҳои ҷинояткор ва ғайра. Чунин вайронкуниҳо инҳоянд: ғайриқонунӣ аз кор озод намудани одамон, меҳнати маҷбурӣ, ба таври системанок дер додан ё напардохтани музди меҳнат, табъиз дар соҳаи шуғл ва бизнес, истифодаи меҳнати кӯдакон, маҳдудсозии имкониятҳои соҳиб шудан ба моликият ва бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани занон, ҷавонон, муҳоҷирин ва ғайра.
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, бо ҳуқуқҳои иҷтимоӣ алоқамандии нисбатан зичтар доранд, бинобар ин дар адабиёт бисёр вақт онҳоро муттаҳид сохта, иҷтимоӣ-иқтисодӣ меноманд, ҳарчанд ҳар ду гуруҳи ҳуқуқҳо хусусиятҳои махсуси худро доранд.
Таснифоти ба Шумо маълуми ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба хотир оред, кадом ҳукуҳу озодиҳо ба «насли дуюм» тааллук. доранд?
Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодии инсон ба «насли дуюм»-и ҳуқуқҳо мансубанд. Онҳо дар раванди муборизаҳо бо нобаробариҳои иқтисодӣ барои некӯаҳволии моддии аҳолӣ ташаккул ёфтаанд. Ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озодонаи кор, истироҳат ва фароғат, дараҷаи кофии пардохти музди меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо асоси талаботи баромадҳои иқтисодии дар ҷаҳон дар охири асри XIX - ибтидои асри XX ба амаломадаро ташкил дода, бори аввал дар конститутсияҳои як қатор давлатҳои аврупоӣ таҳким бахшида шуданд. Аммо ҳуқуқи моликияти хусусӣ хеле барвақттар таҳким ёфт ва бинобар ин бисёр олимон онро ба ҳуқуқҳои «насли якум» мутааллиқ медонанд.
Банизомдарорӣ ва ҳимояи байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳуқуқҳои иқтисодӣ соли 1948, вақте бисёре аз онҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҳким бахшида шуданд, шурӯъ гардид. Соли 1966 ҳуҷҷати муҳимтарини байналхалқӣ - Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул карда шуд, ки моҳияти на тавсиявӣ, балки барои давлатҳои иштирокдор хатмӣ дорад ва он ҳуқуқ ва озодиҳои асосии иқтисодии инсонро кафолат бахщид.
Дар ҷаҳони имрӯза аксари конститутсияҳо ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодиро таҳким мебахшанд, зимнан, номгӯи онҳо пайваста васеъ мешавад. Умуман, амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯза аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу вазъияти имкониятҳои молиявӣ-иқтисодии давлати мушаххас, аз мавҷудияти захираҳо ва омилхои дигар вобаста аст.
2.НИЗОМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИҚТИСОДӢ. Ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ бо ҳам алоқаманд буда, низоми ягонаро мемонанд. Низоми ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар моддаҳои 17, 23, 24-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаҳои 6-8-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқгисодй, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ- ҳуқуқӣ оварда шудаанд. Онҳо ҳамчунин дар қонунгузории миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон инъикос ёфтаанд.
Моддаҳои баёнгардидаи ҳуҷҷатҳои мазкури байналмилалиро бодиққат омӯзед. Дар онҳо кадом ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кафолат дода шудаанд?
Ҳуқуқҳои иқтисодӣ дар низом тавре ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бевосита бо дигаре вобаста аст, масалан, ҳуқуқ ба истироҳат давоми мантиқии ҳуқуқи меҳнат кардан мебошад ва ғайра.
Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқҳои асосии иқтисодӣ инҳо мансубанд: ҳуқуқ ба моликият ва мерос (моддаи 32), ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқи интихоби касб; ҳуқуқи ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба пардохти баробари музди меҳнат, манъи меҳнати маҷбурй (моддаи 35), ҳуқуқ ба истироҳат (моддаи 37).
Қайд кардан зарур аст, ки ҷавҳари ҳуқуқҳои иқтисодиро ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ 'гашкил медиҳанд, зеро онҳо тарафи муҳими рушди давлат - иқтисодиёти бозориро мунъакис карда, барои таъмини озодии шахсият дар соҳаи иқтисодиёт аҳамияти махсус доранд. Такдири гузариши давлат ба низоми нави хоҷагидорй аз дараҷаи рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ва сатҳи некӯаҳволии халқ вобаста аст. Бинобар ин масъалаи мазкур вақтҳои охир аз ҷониби давлатҳо ба таври ҷидцӣ дастғирӣ карда мешавад. Чунончи, дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи ҳифзи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002) қабул карда шудааст.
Бо дар назардошти рушди соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ ҳуқуқҳои иқтисодиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: 1) ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ ва мерос; 2) ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани сарватҳои табиӣ (аз ҷумла замин); 3) ҳуқуқ ба фаъолияти озодонаи соҳибкорӣ ва дигар навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки бо қонун манъ карда нашудаанд; 4) Ҳуқуқи озодона ихтиёрдорӣ кардани қобилияти меҳнатии худ, озодии интихоби навъи фаъолият ва касб; 5) ҳуқуқ ба меҳнат ва мукофотонидан барои меҳнати муваффақиятнок.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодии инсон, низоми ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ.
Савол ва супоришҳо:
1) Кадом ҳуқуқ ва озодиҳоро иқтисодӣ меноманд? Ба андешаи Шумо, кадом хусусиятҳо онҳоро аз дигар ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд фарқ мекунонанд?
2) Мисолҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инфиродӣ ва коллективии иқтисодиро оред.
3) Чаро ҳуқуқҳои иқтисодиро ба «насли дуюм»-и ҳуқуқҳо мансуб медонанд?
4) Пораи зерро аз дебочаи Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бодиққат хонед ва ба савол ҷавоб гӯед: «Идеали ишхсияти озод аз тарсу ҳарос ва ниёзмандӣ танҳо вақте амалӣ мегардад, агар шароитҳое фароҳам оварда шаванд, ки дар он ҳар кас метавонад аз ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ, ҳамчунин аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии худ истифода намояд». Ба андешаи Шумо, алоқамандии байниҳамдигарии ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ бо дигар гурӯҳҳои ҳуқуқҳои инсон дар чӣ ифода меёбанд?
5) Ҳуҷҷатҳои байналмилалии кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои иқтисодии инсонро номбар кунед.
6) Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуқуқҳои иқтисодӣ таҳким бахшида шудаанд?
Реклама