§32. ҲУҚУҚИ МУТТАҲИДШАВӢ

§32. ҲУҚУҚИ МУТТАҲИДШАВӢ

1.ҲУҚУҚИ МУТТАҲИДШАВӢ: МАФҲУМ, АҲАМИЯТ. Ҳуқуқи муҳими сиёсӣ, ки ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ муносибати бевосита дорад, ҳуқуқи ба ҳар кас кафолатдодашудаи муттаҳидшавӣ бо фарогирии ҳуқуқи таъсис додани иттифоқҳои касаба барои ҳимояи манфиатҳои худ мебошад. Ин ҳуқуқ, ки ҳамчунин чун озодии иттиҳодияҳо ва ассосиатсияҳо маъруф аст, ба шаҳрвандон имконияти истифодаи шаклҳои гуногуни фаъолияти якҷояи ташкилӣ, муттаҳидсозии кушишҳои худ баҳри амалисозии ин ё вазифаҳоро медиҳад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба инкишофи фаъолияти сиёсӣ ва худфаъолиятии шаҳрвандон мусоидат мекунанд, бинобар ин амалисозии ҳуқуқи озодона ва соҳибихтиёрона таъсис додани иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ кафолати ташаккулёбии давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ принсипи плюрализми сиёсиро таҷассум карда, ба муътадилии вазъи сиёсӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Плюрализм (аз лот. Peuralis- бисёр) принсипи ифодакунаидаи гуногунрангии сиёсӣ ва идеологӣ, имконияти дар ҷомеа озодона арзи вуҷуд кардани ақидаҳои гуногуни сиёсӣ, мактабҳо, идеологияҳо, хизбҳои гуногуни сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҳадафҳо ва барномаҳои гуногун мебошад.

Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ имконияти маҳдуд накардани ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби қувваҳои сиёсӣ, гуруҳи одамон ва шахсиятҳои алоҳида, балки бо роҳи изҳори иродаи аксарият ба вақти муайяне додани ҳокимият ба онҳоеро фароҳам меорад, ки ба онҳо бовар доранд.

Ҳуқуқи муттаҳидшавии шаҳрвандон дар худ ҳуқуқи таъсис додан, дар асоси ихтиёрӣ ширкат варзидан дар таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва муваффақ шудан ба ҳадафҳои умумӣ, ҳуқуқи ихтиёрӣ дохил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорй кардан аз дохилшавӣ ба онҳо, ҳамчунин ихтиёрй ва бемамониат баромадан аз иттиҳодияҳои ҷамъиятиро фарогир аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки шаҳрвандро дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нигоҳ дорад. Дохилшавӣ ва баромадан аз иттиҳодияҳо танҳо ба хоҳиш ва иродаи шаҳрвандон вобаста аст.

Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ бо дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ, масалан, бо озодии фикр, сухан, эътиқод, бо Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва ғайра алоқаи байниҳамдигарӣ дорад. Таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба амалишавии ҳамаи дигар ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ дар натиҷаи муборизаи пурдавоми халқ ташаккул ёфта, муттасил мукаммал гардидааст. Дар ҷаҳони имрӯза он дар стандартҳои бай- налмилалии ҳуқуқҳои инсон ва дар аксари конститутсияҳо таҷассум ёфтааст. Чунончи, мутобиқи моддаи 20-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба ҳар кас озодии ассосиатсияҳо кафолат дода мешавад, касе маҷбур карда намешавад, ки ба ин ё он ассосиатсия дохил гардад. Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ дар моддаи 22 ҳуқуқ ва озодии ассосиатсияҳоро бо фарогирии таъсиси иттифоқҳои касаба ва дохил шудан ба онҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ таҳким мебахшад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муттаҳидшавӣ кафолат медиҳад.

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодиаҳои ҷамъяитӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Моддаи 28-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳути Тоҷикистон

Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ва кафолатҳои он, ҳамчунин тартиби таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” (соли 1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” (соли 1998) ва дигар санадҳои меъёрӣ- қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешавад.

Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ мутлақ нест, вай ба манфиатҳои амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатӣ ва маънавияти аҳолӣ ё ҳимояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсони дигар метавонад маҳдуд карда шавад. Қонунгузории мамлакат барои аз ин ҳуқуқҳо истифода кардани ашхосе, ки навъҳои муайяни фаъолияти касбиро ба ҷо меоранд, масалан, онҳое, ки ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ва милиса дохиланд, метавонад маҳдудиятҳо ҷорӣ намояд.

2.ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Қонунгузории мамлакати мо фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро кафолат медиҳад. Мутобики моддаи 8-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд”. Давлат дар фаъолияташон ба онҳо имкониятҳои баробар медиҳад.

Иттиҳодиаи ҷамъиятӣ ташкилоти ихтиёрии худидоракунанда ва ғайритиҷоратии бо ташаббуси шаҳрвандон дар асоси умумияти ақидаҳо муттаҳидгаштаест барои амалисозии ҳадафҳои умумии дар Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишондодашуда.

Дар асоси моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои занон, собиқадорон, маъюбон, ҷавонон ва кӯдакон, иттиҳодияҳои илмӣ, техникӣ, маданӣ-маърифатӣ, варзишӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, фондҳо, ассосиатсияҳо, кумитаҳо ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ эътироф мешаванд.

Фикр кунед ва мисолҳои ба Шумо маълуми иттиҳодияҳои ҷамъиятии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро оред.

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон таъсис ёфтаанд. Масалан, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ созмонҳои талабагии “Ахтарон” ва “Ворисони Сомониён”, ҳамчунин дар синфҳои болоии мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои ибидой, миёна ва олии касбӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон амал мекунанд. Ҳамаи онҳо ихтиёрй таъсис гардида, узвият ва баромадан аз сафҳояшон ба иродаи озодона асос ёфтаанд.

Ба ин тариқ, навъҳои гуногуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавҷуданд, вале ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ҳизбҳое мутааллиқанд, ки ҳадафашон сохибият ба ҳокимият аст. Фақат онҳо ба фаъолияти сиёсӣ ҳақ доранд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар оиннома ва барномаи он, ки ба ҳама дастрас гардонида мешавад, ифода меёбад.

Ҳизбҳо бояд манфиатҳои гуруҳҳо ва табақаҳои муайяни аҳолиро ифода ва ҳимоя кунанд. Ба ин маънӣ созмонҳои ҳизбӣ ҳанӯз дар дунёи қадим амал мекарданд. Аз ҷумла дар бораи онҳо Арасту маълумот дода, байни шаҳрвандони давлати Афина, сокинони кӯҳсорон, ҳамвориҳо ва назди соҳилҳоро ҷудо мекунад. Айнан чунин гурӯҳҳо дар Рим низ амал карда, истилоқи “ҳизб” (“партия”) дар ҳамин ҷо пайдо шудааст. Барои ин гурӯҳҳо чунин ҷиҳатҳо хос буданд: табақагӣ, камшуморӣ, ноустуворӣ (ҳама гуна дигаргуншавии вазъият боиси парокандагии гурӯҳ мегардад); аз нигоҳи ташкилӣ расмият надоштан; робитаи суст бо оммаҳо (характери баргузидагӣ). Чунин гурӯҳҳо дар асрҳои миёна низ мавҷуд буданд, масалан, муборизаи маълуми “сиёҳҳо” (феодалҳо) ва “сафедҳо” (бойҳои шаҳрӣ) дар Флоренсияи асри XI. Инқилобҳои буржуазй барои пайдошавии ҳизбҳои зиёд такон бахшиданд. Чунончи, Инқилоби Фаронса ба пайдошавии ҳизбҳои феляниҳо, жирондиён ва якобиҳо оварда расонд. Таъсири назарраси ҳизбҳо ба сиёсат дар миёнаҳои асри XIX ба амал омад. Дар ин давра нахустин ҳизбҳои оммавӣ дар мамлакатҳое чун ИМА (соли 1828 - ҳизби демократӣ, соли 1854 - ҳизби ҷумҳуриявй) ва Британияи Кабир (соли 1850 - ҳизби либералӣ, соли 1867- ҳизби консервативй) пайдо шуданд. Дар дигар мамлакатҳо хизбҳои сиёсӣ дертар созмон ёфтанд.

Ҳизби сиёси иттиҳодияи ҷамъиятиест, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа тавассути ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон, ҳамчунин амалисозии ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Ҳизбҳои сиёсии ҳозира манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни аҳолиро ифода мекунанд: онҳоро ба узвият ва ҷонибдории худ ҷалб мекунанд; барои қисми муайяни ҷомеа барномаи сиёсии ҷолиб таҳия карда, дар мубориза барои ҳокимият ширкат меварзанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 28-и Конститутсия ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд аз он ҷумла моҳият (характер)-и демократидошта, динӣ ва атеистӣ бошанд. Тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” дар мамлакати мо танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ созмон ёфта метавонанд. Онҳо аз ҷониби шаҳрвандон озодона, бе ягон рухсат, дар анҷумани (конференсия, ҷамъомад) муасеисон бо қабул кардани Оиннома ва ташкил намудани мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб созмон меёбанд.

Ҳизби сиёсӣ дар қаламрави мамлакати мо бояд аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад. Барои гузаштан аз қайди давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ рӯйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони ҷонибдорро, ки сокинони аксар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошанд, пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон амал кардани ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз ҷумла сохторҳои онҳо манъ аст.

Феълан дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекунанд: Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” узвият ба ҳизби сиёсӣ танҳо бо баёни озодонаи иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст. Шаҳрвандоне узви ҳизби сиёсӣ шуда метавонанд, ки синнашон ба 18 расидааст.

Дар сурати аз ҷониби ҳизби сиёсӣ вайрон карда шудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз мамлакатҳои хориҷӣ кӯмакҳои иқтисодию сиёсӣ гирифтани онҳо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ кардани фаъолияти ғайриқонунӣ огоҳинома мебароранд. Агар ҳизб дар муҳлати даҳ руз талаботро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ йҷро накунад, фаъолияти он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати то шаш моҳ метавонад қатъ карда шавад. Дар ҳолатҳои қатъиян муайянкардаи қонун пурра қатъ кардани фаъолияти ҳизб мумкин аст.

З.КАФОЛАТҲО ВА МАҲДУДИЯТҲОИ ҲУҚУҚИ МУТТАҲИДШАВӢ. Ҳуқуқи муттаҳидшавии шаҳрвандон танҳо дар ҳолатҳои аниқ муқарраркардаи қонун маҳдуд карда мешавад. Дар қонунгузории мамлакатҳои гуногун аксаран маҳдудсозии ҳуқуқи мазкур дар шакли манъсозии таъсиси ҷамъиятҳои махфӣ, созмонҳои ҳарбикунонидашуда ва иттиҳодияҳои ҳадафҳояшон зиддиҷамъиятӣ дучор мешавад.

Чунончи, мутобиқи моддаи 8-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастй, миллатгарой, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрй сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст”.

Тибқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки ҳадафҳо ё фаъолияташон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, тарғиби маҳалгарой, бадбинии миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ нигаронида шудаанд, манъ аст. Ҳизбҳои сиёсӣ ва аъзои онҳо дар фаъолияти сиёсии худ ҳақ надоранд, ки ташкилотҳои диниро истифода кунанд.

Ғайр аз ин, таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мақомоти амнияти давлатӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук, полиси андоз, адлия, судҳо, Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар ташкилотҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мактабҳои миёна ва таълимгоҳҳои олӣ роҳ дода намешавад.

Судҳо, прокурорҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти давлатӣ, полиси андоз, гумрук, адлия, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа аъзои ҳизбҳои сиёсӣ шуда наметавонанд.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқи муттаҳидшавӣ, гуногунандешӣ (плюрализм), иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ.

 

Савол ва супоришҳо:

1.Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ чист? Ҳуқуқи муттаҳидишвӣ барои шаҳрвандон чӣ аҳамият дорад?

2.Зери мафҳуми “пторализми сиёсӣ " чиро мефаҳманд?

3.Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии таҳкимбахшандаи ҳуқуқи муттаҳидшавиро номбар кунед.

4.Иттиҳодияи ҷамъиятӣ чист? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд?

5.Мисоли зеринро аз таҷрибаи судии Британияи Кабир бодиққат хонда, ба савол ҷавоб гӯед: “Маъмурияти яке азроҳҳои оҳан гурӯҳи калони кормандонро аз кор озод кард. Сабаби ин ҳол бо вуҷуди мавҷудияти фишори кордиҳандагон аз ҷониби онҳо рад карда шудани узвият ба иттифоқҳои касабаи роҳиоҳанчиён гардид. Суд парвандаро баррасӣ намуда, қайд кард, ки аз кор озод кардан ётаҳдиди коргар баҳри бе ризқу рӯзӣ мондани ӯ ва аҳли оилааш шакли вазнини маҷбурсозӣ баҳри узвият ба иттифоқи касаба аст. Суд ба хулосае омад, ки чунин маҷбуркунӣ худи табиати муттаҳидшавии озоду ихтиёриро маҳв месозад”. Ба андешаи Шумо, оё дар ин ҳолат ҳуқуқи муттаҳидшавй вайрон карда шуд? Чаро шаҳрвандонро бар хилофи иродаи онҳо баҳриузвият ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маҷбур кардан мумкин нест?

6.Ҳизби сиёсӣ чист? Ҳизбҳои сиёсӣ аз дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо чӣ фарқ мекунанд?

7.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чандсолагӣ узви ҳизби сиёсӣ шудан мумкин аст? Оё шаҳрвандони хориҷӣ аъзои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон шуда метавонанд?

8.Пораи зерро аз Қонун бар зидди ташкил кардани ҳизбҳои нав, ки дар Олмонии фашистӣ соли 1933 қабул карда шуда буд, бодиққат хонед: "1. Дар Олмон ба сифати ҳизби сиёсии ягона Ҳизби миллӣ-сотсиалистии коргарӣ мавҷуд аст. 2. Агар ягон кас барои дастгирӣ намудани сохтори ташкилии ягон ҳизби дигаре ё баҳри таъсиси ҳизби нав тадбире андешад, вай бо нигоҳдорӣ дар девонахона ба ммҳлати то 3 сол ё ҳабс кардан ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 3 сол ҷазо дода мешавад ". Ба андешаи Шумо, чаро дар ин давраи таърихӣ дар Олмон таъсиси дигар ҳизбҳо манъ карда шуда буд?”.

 

Реклама