§56. ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§56. ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.САМТҲОИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ. Фаъолияти давлат дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия (сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ) дар шароитҳои ҳозира ба самти мустакили сиёсати давлатӣ табдил меёбад.

Сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва мунтазам амалисозии чорабиниҳои давлатӣ оид ба решакан кардани сабабҳо ва шароитҳоест, ки ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд.

Дар параграфҳои қаблӣ қайд карда шуд, ки коррупсия решаҳо ва сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ-идоракунӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дорад, бинобар ин пешгирии самарабахш ва маҳдудсозии масоҳатҳои коррупсия коркарду амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои айнан чунин характер доштаро тақозо мекунад.

Самтҳои асосии ин чорабиниҳои давлатӣ инҳоянд:

а) банақшагирии чораҳои зиддиамали коррупсия дар сатҳи умумидавлатӣ;

б) такмили қонунгузории миллӣ;

в) бунёди низоми пурсамар, боадолатона ва шаффофи қабул ба хизмати давлатӣ ва ба ҷо овардани хизмати давлатӣ;

г) фароҳам овардани шароитҳо барои назорати пурсамари ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба тақсимот ва сарфи маблағҳои буҷет;

ғ) таҳкими ҳокимияти судӣ;

д) баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва тафтиши далелҳои коррупсия;

е) таҳкими низоми институтҳои давлатӣ аз нигоҳи самаранокии фаъолияти онҳо дар зиддиамали коррупсия;

ё) таҳқиқи вазъи коррупсия тавассути методикаи оморӣ, иҷтимоӣ ва усулҳои дигар;

ж) вусъати дастрасӣ ба иттилоот, таъмини шаффофияти қабули қарорҳо, ҷалби аҳли ҷомеа ба зиддиамали фаъолона бар зидци коррупсия;

з) таълим ва тарбияи зиддикоррупсионии ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон.

Фикр кунед, ба андешаи Шумо, боз кадом самтҳои иловагии пеииирии коррупсия мавцуданд?

2.БАНАҚШАГИРИИ ЗИДДИ АМАЛИ КОРРУПСИЯ. Муваффақияти сиёсати зиддикоррупсионӣ чи дар сатҳи умумидавлатӣ ва чи дар сатҳи идоравй аз бисёр ҷиҳат вобастаи банақшагирии дурусту босифати ин сиёсат аст.

Банақшагирии умумидавлатии сиёсати зиддикоррупсионӣ таҳия ва қабули Барномаи (стратегияи) давлатии мубориза бар зидди коррупсия дар давраи муайянро дар назар дорад. Қабл аз таҳияи чунин барнома бояд таҳқиқоти амиқи иҷтимоӣ, оморй ва дигар шаклҳои таҳқиқи ҳолат, сабабҳо ва хусусиятҳои зуҳури коррупсия дар соҳаҳои гуногун сурат бигирад.

Барномабандии умумидавлатӣ имконият медиҳад, ки самтҳои асосии пешгирии*коррупсия, мундариҷаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, давраҳои гузаронидани онҳо, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии сафарбаршаванда, манбаъҳои маблағгузорй ва механизмҳои назорати амалисозии барнома муайян карда шаванд.

Шарти муҳимтарини муваффақият дар таҳияи барномаи давлатӣ ба

коркарди ои ҷалб намудани намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои соҳибкорон. созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мебошад.

Бо дар назардошти махсусиятҳои вазифаҳо ва накши ҳар як идора дар амалисозии чораҳои зиддикоррупсионӣ дар асоси барномаи умумидавлатӣ ҳамчунин чорабиниҳои идоравиро таҳия ва амалӣ гардондан мумкин аст.

Назорат ба амалисозии барномаи умумидавлатӣ ба зиммаи мақомоти умумидавлатии зиддикоррупсионӣ вогузошта мешавад. Ҳамчунин ҷорӣ намудани амалияи ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ бо мақсади арзёбии самаранокии фаъолияти зиддикоррупсионии онҳо мувофиқи максад аст.

3.ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ. Номукаммалии қонунгузорӣ барои ба амал омадани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда метавонад. Аз ҷумла ба ин, масалан, мавҷудияти холигихо (нокисиҳо), номуайянӣ ва ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ё меъёрҳои алоҳидаи онҳо мусоидат мекунанд. Онҳо ба ашхоси мансабдори коррупсияписанд имконият медиҳанд, ки бо тамаъҷӯии инъомҳои ғайриқонунӣ бо роҳи сохтани монеаҳои сунъӣ дар роҳи амалишавии озодонаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон машғул шаванд.

Дар худи қонунҳо ё меъёрҳои алоҳида мавҷуд будани монеаҳои беасос дар роҳи амалисозии ниятхои фоиданоки ҷамъиятӣ (равандҳои мураккабгардонидашуда, ӯҳдадориҳои серхарҷ ва ё бо душворӣ иҷрошаванда) шаҳрвандон ва ё соҳибкоронро ба харида гирифтани ашхоси мансабдор ё рафтан ба сӯи «иқтисодиёти пасипардагӣ» маҷбур месозанд. Чунин меъёрхо дар соҳаи қонунгузории андоз ва гумрук хеле зиёданд.

Бисёр вақт меъёрҳои ҳуқуқ низ ба ашхоси мансабдор баҳри амал кардан бо салоҳдиди худ имкониягҳои аз ҳад зиёд медиҳанд, ки ин ҳам савдои озодро дар интихоби тарзи ҳалли масъалаҳо осон мегардонад.

Бинобар ин яке аз самтҳои муҳими пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи доимию бонизоми қонунгузорӣ ва лоиҳаи қонунҳо бо мақсади дар онҳо бартараф кардани «холигоҳҳо» барои коррупсия мебошад. Ҳамчунин такмили худи қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади криминаликунонии (эътироф кардан ба сифати ҷазои ҷиноятӣ) ҳамаи шаклҳои имконпазирии зоҳиршавии коррупсия ва фарогирии кирдорҳои коррупсионии ҳамаи категорияҳои ашхоси мансабдор зарур аст.

4.ОДОБ, ТАНЗИМИ ИХТИЛОФОТИ МАНФИАТҲО, ИНКИШОФИ ҲИСОБОТДИҲИ ВА ШАФФОФИЯТ ДАР ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ. Ташаккули асосҳои одоби, ҳавасмандгардонии росткорию беғаразӣ, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ шартҳои муҳимтарини пешгирии коррупсия дар хидмати давлатӣ ба шумор мераванд.

Фикр кунед, ҳар як хизматчии давлатӣ бояд чи гуна сифатҳо дошта бошад?

Одоб (дар забони юнониӣ ethikos- маънавияти марбут, ифодакунандаи ақидаҳои маънавӣ) низоми меъёрҳои рафтори маънавии инсон ягон гурӯҳ ё ҷомеаи касбӣ аст.

Талабҳои одобӣ ба хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2004 тасдиқ карда шудааст, баён гардидаанд.

Кодекси одоб муқаррар кардааст, ки хизматчии давлатӣ бояд:

1)ба амалисозии стандартҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи хидмату рафтори бенуқс кӯшад, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва вақти фориғ аз хизмат ба онҳо содиқона ва бегузашт пайравӣ намояд;

2)аз ҳамаи он чи ки обрӯи мақомоти давлатиро паст мезанад, барканор бошад. Вай ба фоидаи манфиатҳои шахсӣ ё манфиатҳои дигар одамон набояд ба обрӯи касби худ зарар расонад;

3)фаъолияти худро тавре амалӣ созад, ки ба лаёқати амал кардани худ чун шахси фурӯхтанашаванда ва бегараз ягон зарца шубҳа наафтад;

4)аз таъсири шаҳрвандон, ғурӯҳҳои иҷгимоӣ, ташкилотҳои касбию ҷамъиятӣ озоду мустақил бошад, ба ашхос ва ташкилотҳои алоҳида эътибори хоса надиҳад;

5)аз гирифтани пардохти (подоши) муқаррарнашуда барои иҷрои вазифаҳои худ дар шакли чи моддӣ (пул, инъомҳо) ва чи ғайримоддӣ (хизматҳо) канораҷӯй кунад;

6)иштирокро дар корҳое, ки ба онҳо хешовандонаш ҷалб шудаанд ё ҳолатҳои дигар, ки баҳри бевосита ё бавосита манфиатдор будани ӯ ба натиҷаи ниҳоӣ асос шуда метавонанд ва ин ҳама метавонад, ки бегаразии вайро зери шубҳа гузорад, рад кунад.

Ҳолати охирин вазъи ихтилофдори манфиатҳо номида мешавад.

Ихтилофи манфиатҳо зиддияти байни вазифаҳои ҷамъиятӣ-ҳуқуқӣ ва манфиатҳои хусусии шахсони мансабдор аст, ки дар ин маврид манфиатҳои хусусӣ кодиранд 6а тарзи ғайриҳуқуқӣ 6а иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои расмӣ аз ҷониби онҳо таъсир расонанд.

Яке аз гуногуннавъиҳои ихтилофи манфиатҳо дар хизмати давлатӣ непотизм мебошад.

Непотизм (аз -лот.nepotis - набера, ҷиян) вазъиятест, ки дар он як хешованд ба кор хешованди дигарро қабул намуда, дар ин маврид салоҳияти ба ӯ назорат карданро дорад.

Протексионизм (ҷӯрабозӣ)-ро низ ба нусхаи дигари ихтилофи манфиатҳо дар хизмати давлатӣ мансуб донистан мумкин аст.

Протексионизм (аз лот.protectio - ҳимоя, сарпарастӣ) вазъиятест, ки вақти интихоби кадрҳо афзалият ё бартарият ба дӯстон (ҳамсинфон, ҳамсабақони солҳои донишҷуӣ, ҳамхизматҳо ва ғайра), сарфи назар аз он ки онҳо барои кор дар вазифаи муайян лоиқ ҳастанд, ё не, дода мешавад.

Бо мақсади барҳам додани ихтилофи манфиатқо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба депутатҳо, аъзои Хукумат, судяҳо, прокурорҳо ва дигар ашхоси мансабдор ишғол кардани вазифаи дигар ва шуглварзиро бо фаъолияти соҳибкорӣ манъ кардааст. Хизмати якҷояи хизматчиёни давлатии ба якдигар хеш, агар хизмати онҳо бо тобеияти бевосита ё зери назорати яке будани дигаре алоқаманд бошад, манъ аст.

Бо мақсади таъмини назорат ва ҳисоботдиҳандагии хизматчиёни давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 хизматчиёни давлатиро вазифадор намудааст, ки ҳамасола дар бораи даромадҳо ва вазъи амволиашон декларатсия пешниҳод кунанд.

Ба пешгирии коррупсия ҳамчунин таъмини шаффофияти равандҳои харидҳои давлатӣ, хусусигардонии амволи давлатӣ, додани иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатӣ, вомбаргҳои Бонки миллӣ, вомбаргҳои кафолатноки ҳукуматй, маблағҳои буҷетӣ ва равандҳои озодсозӣ аз пардохти андозҳо мусоидат мекунанд.

5.ТАЪЛИМИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ АШХОСИ МАНСАБДОР ВА ШАҲРВАНДОН. Воситаи муҳими пешгирии коррупсия вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, ихтилофоти манфиатҳо, меъёрҳои одоб, ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани вазъи оштинопазирӣ ба коррупсия дар ҷомеа мебошад.

Ҳалли ин вазифа ташкили таълими доимии ашхоси мансабдори мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дигарро дар ҷойҳои корашон дар назар дорад. Ташкили курсҳои махсуси таълимӣ оид ба масъалаҳои одоб ва чорабиниҳои зиддиамали коррупсия барои ашхоси мансабдори мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Раёсати хизмати давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим аст.

Ба соҳибкорон омӯзондани усулҳои зиддиамали фаъолона ба коррупсия ва фошсозии ходимони коррупсияписанд, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии журналистон ва ба онҳо омӯзонидани усулҳои таҳқиқоти журналистии ҳодисаҳои коррупсионӣ нақши махсус мебозанд.

Гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ ва мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди коррупсия ва интишори ҳисоботҳои мақомоти давлатӣ дар бораи вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ хеле муҳим мебошанд.

Вале омили аз ҳама муқими пешгирии коррупсия ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, махсусан дар насли наврас, тавассути амалисозии барномаҳои таълими оммавӣ бо дохил кардани барномаҳои давлатӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо мебошад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ихтилофи манфиатҳо, непотизм, протексионизм, одоб.

Савол ва супоришҳо:

1. Маънии сиёсати зиддикоррупсионии давлат чист? Самтҳои асосии пешгирии коррупсияро тавсиф бахшед.

2. Қонунгузории номукаммал ба кадом тарз ба инкишофи коррупсия мусоидат мекунад?

3. Одоб чист? Нақши одоб дар пешгирии коррупсия чӣ гуна аст?

4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ чӣ гуна талаботи одобӣ пешниҳод мешавад?

5. Зери мафҳуми ихтилофи манфиатҳо чиро мефаҳманд?

6. Ба нақши таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ дар пешгирии коррупсия тавсиф бахшед.

Реклама