§10. ТОБЕИ АМОРАТИ БУХОРО ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРҚӢ

§10. ТОБЕИ АМОРАТИ БУХОРО ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРҚӢ

   Таслим шудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш. Солҳои 1868–1870 барои амир Музаффар давраи хеле душвор буд, зеро соли 1868 – соли шикаст дар муҳориба бо қӯшунҳои Русия дар Чӯпонато ва Зирабулоқ, аз даст рафтани Самарқанд, имзои шартномаи барояш вазнин бо Русия, ниҳоят, исёни писараш – Абдумаликтӯра ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми шӯриши Абдумаликтӯра якчанд ҳоким аз итоат ба амир саркашӣ намуданд. Масалан, ҳокими Кӯлобу Балҷувон – Сарахон аз ӯ рӯ гардонда, майл ба исён карда буд. Ҳокими нави Ҳисор ҳам ҳамин гуна мавқеъро ишғол мекард. 

    Амир Музаффар соли 1870, баъди он ки қӯшунҳои Русия шӯриши Абдумаликтӯраро саркӯб намуданд, Китобу Шаҳрисабзро тобеъ намуда, ба сӯйи водии Ҳисор лашкар кашид. Ҳамроҳи ӯ қӯшбегӣ Яъқуббек ҳам буд. Дар ин сафари ҳарбӣ сарбозони амир сараввал дастаҳои ҳарбии беки Шеробод Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуданд. Дар ин сарзамин ҷанг 15 рӯз давом кард. Ғалаба насиби қӯшунҳои амир гардид ва онҳо ашхоси бисёреро cap буриданд. Шумораи танҳо ҳисориҳои қатлшуда ба 5 ҳазор нафар расида, водӣ ба харобазор табдил ёфт. Баъд аз ғалаба бо ҳукми амир Музаффар тақрибан ду ҳазор зан ва тифли бегуноҳе,  ки  ба  даст афтода  буданд,  дар  ҳавзе андохта, бераҳмона ғарқ карда шуданд. Бо ҳамин тарз амир Музаффар водии Ҳисорро пурра тобеи худ гардонид. 

    Бедодгариҳои амир Музаффар дар водии Ҳисор тарсу ваҳми ҳокими Кӯлобу Балҷувон – Сарахонро зиёд намуд. Водии Вахш – мулкҳои Қӯрғонтеппаю Қубодиён низ зери итоати ӯ буд. Амир соли 1870 ба муқобили Сарахон, ба сӯйи Кӯлоб дастаҳои махсусро бо сарварии қӯшбегӣ Яъқуббек равон кард. Сарахон бовар дошт, ки барои муқобилат қуввааш нокифоя буда, пас аз мағлубият ҷон ба саломат нахоҳад бурд. Бинобар ин ӯ аз мубориза даст кашида, ба Афғонистон фирор намуд. Дар натиҷа, Яъқуббек бе ҳеч муҳориба мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Қубодиёнро ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даровард. 

    Забти Қаротегин ва Дарвоз. Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои амирӣ ба забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Ин мулкҳо ниммустақилияти буда, баъзан боиси кашмакаши байни аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд мегардиданд. Аз соли 1870 то соли 1876 ҳокими Қаротегин Раҳимхон, писари бародари калонии амир Музаффар –Муқимхон буд. Ӯ мустақилияти Қаротегинро мехост. Амир соли 1876 Раҳимхонро ба Бухоро даъват карда, каме дертар ба ҷойи ӯ амакбачаи худи Раҳимхон – Саидхонро фиристод. Саидхон нисбат ба амир содиқ ва тарафдори тобеияти Қаротегин ба Бухоро буд, вале мардуми Қаротегин омадани Саидхонро хуш напазируфтанд ва аз амир баргардонидани Раҳимхонро талаб карданд.

    Саркашии мардуми Қаротегин боиси воҳима ва ташвиши амир Музаффар гардид. Губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал Скобелев чунин вазъияти ӯро пай бурда, ба сӯйи Қаротегин ва Бадахшон фиристодани эъзомияи махсусро тезонид. Ин эъзомия охирҳои моҳи июл ва аввали августи соли 1876 ба роҳ баромад. Мақсади ин тадбир дар маҳалҳои роҳи Помир, махсусан, ба мардуми Қаротегин нишон додани иқтидори ҳарбии хукумати подшоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ҳайати эъзомия бо мақсади рӯпӯш намудани ниятҳои дар боло зикршуда, дар қатори ҳарбиён ба он олимони ҷуғрофия, нуҷум ва табиатшинос: Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Бонедорф ва дигарон низ дохил буданд. 

    Амир Музаффар аз чунин амалиёти саркардагони ҳарбии рус рӯҳбаланд гардида, нисбат ба масъалаи Қаротегин боз ҳам қатъитар амал кард. Ӯ соли 1877 Саидхонро аз Қаротегин ба Бухоро даъват карда, худи ҳамон сол Раҳимхонро ба қатл расонид ва ба Қаротегин чун ҳоким Худойназар атолиқро фиристод. Дар натиҷаи ин амалиёт Қаротегин бе ҷанг пурра ба қатори мулкҳои Бухоро дохил карда шуд. 

    Баъди ҳалли тақдири Қаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иҷрои он ба уҳдаи ҳоким – беки Қаротегин Худойназар гузошта шуда буд. Ӯ соли 1877 ба сӯйи Дарвоз бори аввал (иборат аз 150 нафар) лашкар кашид, вале шикаст хӯрд. Худойназари маккор бо фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинро, гӯё барои мулоқот бо амир Музаффар, ба Шаҳрисабз фиристода, дар он ҷо ба асорат гирифтор намуд. Чунин маккории Худойназар ғазаби мардуми Дарвозро боз ҳам зиёдтар намуд ва онҳо ин дафъа ҳам ба ӯ муқобилати сахт нишон дода, қӯшунҳои якунимҳазорнафараашро торумор карданд. Яъне мардуми диловару озодихоҳи Дарвоз ду ҳуҷуми Худойназарро мардонавор зада гардониданд.

     Амир Музаффар аз бемуваффақиятии ҷангҳо дар Дарвоз ва хавфи оғози шӯришро дар дигар мулкҳои тобеаш пай бурда, зуд қувваи зиёдеро ба муқобили он фиристод. Ба ин қувваҳо боз Худойназар сарварӣ мекард. Ин ҳуҷуми сеюми ӯ буд. Онҳо баҳори соли 1878 қалъаи хеле мустаҳками Кафтархона ва баъд Қалъаи Хумбро забт намуданд. Бо ҳамин мулки Дарвоз ҳам ба қисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт. 

                          

     Ҳамин тавр, дар муддати солҳои 1866-1878 мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ (ғайр аз 

             

мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардиданд.

    Идора кардани мулкҳои тобеъшуда. Барои осон гардонидани идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқӣ он ба бекигариҳои зерин: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Қаротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа тақсим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт. Аз ҷумла дар Балҷувон Саидниёзи киикчӣ, дар Кӯлоб Наҷмиддинхоҷа, дар Қаротегин Худойназар ва ғайра бек–ҳоким таъйин шуда буданд. Вале бо сабаби аз маркази аморат – шаҳри Бухоро хеле дур будан ва мушкилии идоракунии ин диёр амир ба яке аз ҳокимони бонуфузи он ҳуқуқи васеи назорат ва идоракунии умумиро дода буд. Аввалин шуда ба чунин марҳамати амир беки Ҳисор Яъқуббек қӯшбегӣ сарфароз гардид. 

    Ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даромадани мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ аҳволи мардуми ин диёрро беҳтар накард, баръакс, дар ин сарзамини навзабтшуда аз рӯзҳои аввал бедодгарӣ ба дараҷаи олӣ расид. Вале бояд эътироф намуд, ки дар натиҷаи ба аморати Бухоро ҳамроҳ карда шудани мулкҳои пароканда ва ниммустақили Бухорои Шарқӣ ин диёр низ дар қатори тамоми сарзамини аморат оҳиста-оҳиста ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуд. 

  Сарчашма:

    Капитани Ситоди кулли қӯшунҳои Русия Статкевич соли 1894 натиҷаи ҷангҳои харобиовари амир Музаффарро дар Бухорои Шарқӣ чунин тасвир кардааст: «Ба қавли сокинони ин маҳалҳо, тақрибан чил сол қабл аз ин водии Ширкент аз Дарбанд то Регар ва кӯҳистони Қаротоғ ҳама боғу чаманзор буд, аммо дар вақти ҷангҳои дохилӣ, ки бо тобеъ шудани Регар ба амири Бухоро анҷом ёфтанд, ба вайроназор мубаддал гардид ва дигар рӯйи беҳбудиро нахоҳад дид... фақат ба боғҳои атрофи бозори Регар даромада дидем, ки ғайр аз харобазор чизе нест ва шаҳр як деҳачаи бозорист, деворҳои гилии нимвайрона масоҳати васеи чоргӯшаеро иҳота карда, даромадгоҳи он, ки аз дарвозаи бурҷнок аст, ба ботлоқ табдил ёфтааст». (Пора аз китоби: Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2. - С. 179).

 Санаҳои муҳим:

 1870 – ҳуҷуми дуюми амир Музаффар ба водии Ҳисор. Ба аморати Бухоро таслим шудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш. 1875 – бо ташаббуси губернатори ҳарбии Фарғона Скобелев ба сӯйи Қаротегин ва Бадахшон фиристода шудани эъзомияи махсус. 1876 – тобеи аморати Бухоро гардидани Қаротегин. 1877 – ҳуҷуми якум ва дуюми Худойназар ба Дарвоз. 1878 – ҳуҷуми сеюми Худойназар ба Дарвоз ва тобеи аморати Бухоро карда шудани он.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Ҳуҷуми дуюми амир Музаффар ба Ҳисор кай ба амал омад ва он чӣ натиҷа дод? 

2) Мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Қубодиён чӣ тавр тобеи амири Бухоро карда шуданд? 

3) Аз тарафи губернатори ҳарбии вилояти Фарғона бо кадом мақсад ба сӯйи Қаротегин ва Бадахшон эъзомияи махсус ташкил карда шуд? 

4) Қаротегин чӣ тавр тобеи амири Бухоро гардид? 

5) Худойназар кӣ буд ва ӯ бо кадом роҳ Дарвозро тобеи Бухоро намуд? 

6) Тарзи идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқиро баъди ба ҳайати аморати Бухоро дохил шуданашон фаҳмонед. 

7) §§ 1 ва 9-ро такрор кунед.