§ 24. ҶУНБИШҲОИ МАРДУМӢ ДАР СОЛҲОИ 70-80-УМИ АСРИ XIX. ШӮРИШИ ВОСЕЪ

§ 24. ҶУНБИШҲОИ МАРДУМӢ ДАР СОЛҲОИ 70-80-УМИ АСРИ XIX. ШӮРИШИ ВОСЕЪ

   Ҷунбишҳои мардумӣ дар кишвари Туркистон. Ба тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Марказӣ аҳволи мардумро чандон беҳ накард. Рушди муносибатҳои молию пулӣ як қисми деҳқонон, косибон ва ҳунармандонро хонахароб намуд. Худсариҳои амалдорони маҳаллӣ ҳадду канор надошт. Истеҳсолкунандагон маҳсулоти зиёд ба даст оранд ҳам,  он бо роҳҳои гуногун: ба воситаи андозҳо, баргардонидани қарз ва ғайра насиби ҳаннотон мегардид. Бинобар ин халқи мазлуми меҳнаткаш ба душвориҳои давр тоб оварда натавониста, ба мубориза бармехост. 

   Баъди дар сарзамини Осиёи Марказӣ, махсусан, кишвари Туркистон, ҷорӣ гардидани ҳукуматдории бевоситаи Русияи подшоҳӣ, соли 1872 дар соҳили Қарасуи уезди Тошканд ва дар Хуҷанд, соли 1873 дар Пошӣ ном деҳаи Ӯротеппа ва дигар ҷойҳо 

        

Ҳайати оилаи камбизоати водии Фарғона (охири асри XIX ва аввали асри XX)

ҷунбишу шӯришҳои халқӣ ба вуқӯъ омаданд.

    Дар соли 1885 аввалин хуруҷи коргарон дар кони ангишти Заврон – Киштути волости Панҷакент (тобеи уезди Самарқанд) ба амал омад, ки дар он тақрибан 80 нафар коргарон кор мекарданд. Соҳиби кон полковники мустаъфии қӯшунҳои подшоҳӣ Заленский буд. Коргарон аз шароити вазнини кор норозӣ шуда, аз хӯҷаини кон зиёд намудани маоши худро талаб карданд, вале роҳбарияти кон аз иҷрои талаби коргарон саркашӣ намуд. Коргарони бақаҳромада мудири кон ва ду нафар назоратчии конро маҷрӯҳ намуда, барои шикоят ба Панҷакент рафтанд. Аммо ҳукуматдорони маҳаллии волостӣ ба муқобили онҳо қувваро истифода карда, се нафар фаъолонро ҳабс ва як қисми дигарро аз кор озод намуданд. Ягон талаби коргарон қонеъ гардонида нашуд. Эътирозҳои коргарӣ  дар шароити Осиёи Марказӣ, махсусан, кишвари Туркистон, чун дар Русия, амри воқеӣ гардида, зудзуд дар нуқтаҳои гуногун ба амал меомаданд.

    Ҷунбишҳои мардумӣ дар аморати Бухоро. Аҳволи халқи меҳнаткаш дар аморати Бухоро боз ҳам вазнинтар ва худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ зиёдтар буд.Маҳз чунин вазъият соли 1871 дар бекигариҳои Қаршӣ ва Ғузор боиси сар задани  шӯришҳои халқӣ гардид.

    Бухорои Шарқӣ солҳои 70-уми асри XIX ба зери итоати ҳукумати амирӣ кашида шуда бошад ҳам, солҳои 80-ум вазъият дар ин сарзамин низ ноором гардида буд, зеро дар ин қисми аморат зиндагии мардум беҳад  тоқатфарсо ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ боз ҳам зиёдтар ба назар мерасид. Худсарию бедодгариҳои ҳукуматдорони амирӣ, инчунин зиндагии тоқатфарсои мардум солҳои 1885–1886 сабаби мавҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Шӯрообод, Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор ва Деҳнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ғайра гардиданд. Шӯриши соли 1885, ки дар ҳудуди Муъминободи бекигарии Кӯлоб ба вуқӯъ омад, боиси ташвиши сахти ҳукуматдорони амирӣ гардид. Сабаби ин шӯриш аз ҳад зиёд ситонда шудани андоз аз ҳосили соли 1885 буд. Дар натиҷаи камҳосилӣ солҳои гузашта (бо сабаби хушксолӣ ва ҳуҷуми малахҳо) аз деҳқонон андозро ба миқдори дилхоҳ ситонида натавонистанд. Соли 1885 ҳосил нисбатан фаровон гардид. Амалдорони ҳоким аз вазъият истифода карда аз деҳқонон андозҳои солҳои гузаштаро низ талаб карданд. Чунин кирдори худсаронаи амалдорони маҳаллӣ сабаби cap задани шӯриш шуд, ки он сарзамини Муъминободро ба зудӣ фаро гирифт. 

    Шӯриши Восеъ. Дар байни шӯришҳои солҳои 80-уми асри XIX бузургтарин шӯриш бо сарварии Восеъ ба ҳисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балҷувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шӯриш низ бенавоӣ ва фақирии халқ, зиёд будани андозҳо, худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ ва ғайра буд. Бенавоии мардуми ин бекигарӣ ба дараҷае буд, ки мувофиқи нақли яке аз иштирокчиёни ин шӯриш Давлат Собиров, дар он замон «дар ихтиёри мардони як деҳа танҳо як ҷома буд ва касе ба бозор равад ё домод шавад, ҳамон ҷомаро мепӯшид». Падари Восеъ – Шакар (номи бобояш Белак) деҳқони камбағал аз деҳаи Нурунҷ будааст. Муҳтоҷӣ ӯро ба деҳаи Дараи Мухтор (марбути Ховалинг) овард ва Восеъ дар ҳамин деҳаи на он қадар калон ба дунё омад. Ӯро дар ҷавониаш ба ҳайати сарбозони ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарабек (Сарахон) сафарбар намуданд ва соли 1870 дар ҷангҳои муқобили қӯшунҳои амири Бухоро – Музаффар ширкат варзидааст. Вай ҳатто дар яке аз ҷангҳо бо ҳокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Восеъ акнун бо баъзе нозукиҳои санъати ҳарбӣ шинос буд. Касби Восеъ деҳқонӣ ва ҷувозкашӣ буда, зағирро қисман худаш кишт мекард ва онро бештар аз деҳқонони деҳаҳои гуногуни атроф харида, ҷувоз мекашид ва равғанашро дар бозори Ховалинг мефурӯхт. Ҳангоми шӯриш Восеи паҳлавонҷусса тахминан 35-37- сола будааст.

    Мувофиқи ривоятҳо, дар яке аз рӯзҳои бозор ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам ҳамроҳи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду деҳқони маҳбусро барои сари вақт насупоридани андоз ба бозори Ховалинг барои қатл овардаанд. Восеъ аз воқеа воқиф шуда, ба беку амалдорон ҳамлаи шерона намуд ва маҳбусонро аз марг наҷот дод. Қисме аз деҳқонони дар бозор буда ба Восеъ ҳамроҳ мешаванд. Ҳоким бо сарбозони худ аз тарс роҳи гурезро пеш гирифтаанд. Мувофиқи ин ривоят, ҳамин ҳодиса барои оғози шӯриш баҳонае гардидааст.

    Дар ибтидои шӯриш дар атрофи Восеъ 11 тан ҳамдиёронаш будаанд, вале ба зудӣ сафи онҳо ба 600 кас расидааст. Онҳо 20 рӯз дар деҳаи Сурсақова ба мубориза тайёрӣ дидаанд. Ҳокими Балҷувон бо қувваҳои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоҳи шӯришгарон ҳамла кард, вале шикаст хӯрд. Шӯришгарон деҳаи Хӯҷабалҷувон ва ниҳоят, қалъаи Балҷувонро, ки маркази ҳокимнишин буд, соҳиб шуданд. Ҳоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. Балҷувон 8 рӯз дар ихтиёри шӯришгарон монд. Шумораи шӯришгарон то ба ҳазор нафар расид. Онҳо асосан мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сӯҷиён, Шайхон, Чуқурак, Оқтирак ва ғайра буданд. Дар ин муддат Восеъ «ҳукумати худро» ташкил дод, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ӯ ҳам мисли Восеъ ҷувозкаш буд, девонбегӣ таъйин гардиданд. Шӯришгарон бо гирифтани ҳокимият хотирҷамъ шуданд.

                                   

Восеъ – пешвои шўришгарон (Аз рўйи амали рассом С. Пирумшоев)

     Ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода карда, тавонист қувваҳои парокандаи худро сарҷамъ намояд. Дар ин муддат ба ихтиёри ӯ чун кумак аз беки Кӯлоб отряд низ омада расид. Мирзо Акрам  якҷо бо ин қувваҳо ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум карда, онро соҳиб шуд. Шӯришгарон ба сӯйи Кангурт қафо гашта, деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуданд ва қалъаи Балҷувонро  дубора ба даст дароварданд. Дар ин муҳориба сарвари нави қӯшунҳои ҳокими Балҷувон Аллаёр кушта шуд. Ҳокими Балҷувон роҳи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кӯҳҳои Қизилмазор манзил гирифт. Балҷувон, Ховалинг ва Кангурт ба ихтиёри Восеъ гузашт. Овозаи ғалабаҳои Восеъ то ба амир Абдулаҳадхон, ки  барои истироҳати тобистона ба Шаҳрисабз омада буд, низ расид. Ин хабар бо фиристода шудани дастаи сарбозон бо сарварии Яъқуббек аз тарафи амир ба сӯйи Ҳисор мувофиқ омад. Беки Ҳисор Остонақул-қӯшбегӣ баробари расидани сарбозон ба онҳо қӯшунҳои худро низ ҳамроҳ намуд ва сарварии умумиро ба уҳдаи худ гирифта, барои саркӯб кардани шӯриш, ба сӯйи Балҷувон шитофт. Восеъ аз омадани қувваҳои зиёди амирӣ хабардор шуда, дар дараи Пули Сангин – пули дарёи Вахшро, ки ягона гузаргоҳ ба сӯйи Балҷувон буд, вайрон кард. Вале Остонақул барои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми деҳаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онҳо пул (амад)-е бунёд кард.

   Қӯшунҳои Остонақул баробари аз дарёи Вахш гузаштан, ба муқобилати сахти шӯришгарон дучор шуданд. Дастаҳои Восеъ – пешвои шӯришгарон (Аз рӯйи амали рассом С. Пирумшоев) ҷудогонаи шӯришгаронро дӯстони содиқи Восеъ – Назир, Карим, Наим, Нозим, Муҳаммадӣ, Муродалӣ, Раҳимбой, Саидалӣ ва Давлат сарварӣ мекарданд. Вале бартарӣ дар тарафи Остонақул буд, зеро дар Кангурт ба онҳо отрядҳои парокандаи беки Балҷувон низ ҳамроҳ шуда буданд. Дар Тутқавул ва Кангурт байни шӯришгарон ва қӯшунҳои Остонақул ҷангҳои шадиде ба амал омаданд, ки ин ҳар ду муҳориба ҳам бо ғалабаи Остонақул ва мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт.

   Восеъ баъди шикастҳо дар Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо дастаҳои боқимондааш ба сӯйи деҳаи Сарипул (шимолу шарқии Ховалинг) ва Гулдара қафо гашт, вале ҳангоми аз кӯҳҳои Девлох ба Буздара ном чарогоҳ гузаштан дар он ҷо Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ Восеъро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳад, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар он ҷо давом медод, фиристод. Бо ҳукми амир Восеъро дар тоқи нимвайронаи Оқсаройи Шаҳрисабз ба дор овехтанд. Баъди саркӯб намудани шӯриш 120 нафар иштирокчиёни он ҳабс ва 46 нафарашон қатл карда шуданд. Таъқиби иштирокчиёни ин шӯриш 5 сол давом кардааст.

   Сабаби асосии шикасти шӯриши Восеъ, чун дигар шӯришҳои деҳқонӣ, пеш аз ҳама, ба он ҷалб нагардидани деҳқонони дигар деҳаю бекигариҳо, камтаҷрибагии сарварони шӯриш, мавҷуд набудани нақшаи амалиёт, нокифоягии аслиҳаи ҷангӣ ва ғайра буданд. Аҳамияти шӯриши Восеъ он аст, ки баъди саркӯб карда шудани шӯриш ҳукуматдорони амирӣ маҷбур шуданд миқдори ситонидани баъзе навъҳои андозро кам намоянд (масалан, аз наску нахӯд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулӣ», ки аввали баҳор аз ҳар оила 4-тангагӣ рӯёнида мешуд) аз байн бардоранд. Рафти ин шӯриш, қаҳрамониҳои Восеъ ва мардуми ин диёр дар романи Нависандаи халқии Тоҷикистон С.Улуғзода «Восеъ» ба таври образнок нишон дода шудааст.

  Сарчашма:

  Академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи аҳволи оммаи халқ дар Бухорои Шарқӣ навиштааст: «Хусусан, аҳволи оммаи васеи мардуми Бухорои Шарқӣ бағоят вазнин буд. Қариб тамоми аҳолии ин маҳалҳоро тоҷикон ташкил медоданд, Ҳукумати амирӣ аслан Бухорои Шарқиро мустамликаи худ қарор дода, дар ин ҷо назар ба қисми ғарбии аморат тартиботи сахттаре ҷорӣ намуд. Табақаҳои ашрофи қадимаи он ҷо, сипоҳ ва навкарҳо, рӯҳониён, заминдорони калон ва бойҳо ба такягоҳи аморат табдил ёфтанд. Ба ин гурӯҳҳои болонишини истисморкунанда аз баҳодур (дар бекии Ғарм – аламон) то додхоҳ – ҳар гуна рутба ва мансабҳо дода мешуд. Мансабҳои олитар фақат ба сипоҳиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипоҳиён андози тамоми як деҳаро мебахшид. Деҳқонони ин деҳа амалан дар ҳолати крепостнойӣ буданд. 

  Ин деҳқонон комилан дар ихтиёри танхоҳхӯр буданд. Соҳиби танхоҳ бо майли худ духтарҳоро мебурд. Ҳавлиҳои деҳқононро кашида мегирифт ва боз ҳар чӣ, ки хоҳад, мекард». (Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2. - С.201–202).

  Санаҳои муҳим: 

– солҳои 70 – 80-уми асри XIX – ҷунбишҳои мардумӣ дар маҳалҳои гуногуни кишвари Туркистон ва аморати Бухоро. – 1885 – хуруҷи коргарони кони ангишти Заврон-Киштути волости Панҷакент, ки аввалин ҳаракати коргарӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад. – 1888 – шӯриши Восеъ.

Савол ва супоришҳо:

1) Сабабҳои солҳои 70–80-уми асри XIX дар кишвари Туркистон ва аморати Бухоро ба вуҷуд омадани ҷунбишҳои мардумӣ кадомҳоянд? 

2) Аввалин хуруҷ – эътирози коргарӣ дар қаламрави Осиёи Марказй кай ва дар куҷо ба амал омадааст? 

3) Шӯриши Восеъ кай ва дар куҷо cap шуда, кадом маҳал ва ноҳияҳоро фаро гирифтааст? 

4) Дар бораи сабаб ва баҳонаи шӯриши Восеъ чӣ медонед? 5) Ҳамсафони Восеъ киҳо буданд? 

6) Дар бораи шахсияти Восеъ ва рафти шӯриши ӯ нақл кунед. 

7) Дар бораи сабабҳои шикаст ва аҳамияти шӯриши Восеъ чӣ медонед? 

8) Дар бораи шӯриши Восеъ кадом нависандаи тоҷик романи таърихӣ навиштааст ва он чӣ ном дорад? 

9) §§ 9, 10, 16, 17 ва 23-ро такрор кунед.

Реклама