Ба вуҷуд омадани аввалин корхонаҳои саноатӣ. Барои Осиёи Марказӣ солҳои 80-ум ва 90-уми асри XIX асосан солҳои бавуҷудоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни саноат ба ҳисоб меравад, зеро мувофиқи баъзе маълумот, то соли 1880 дар кишвари Туркистон ҳамагӣ 21 корхонаи саноатӣ амал мекардаанд. Аз он ҷумла: 1 заводи пахтатозакунӣ, 2 заводи пўст, 1 заводи собунпазӣ, 1 чопхона, 4 заводи май (вино), 1 заводи пиво, 5 заводи спирттозакунӣ, 1 корхонаи пиллахушккунӣ, 1 заводи биринҷтозакунӣ ва ғайра.
To солҳои 80-уми асри XIX гумоштагони рафоқатҳо ва ширкатҳои Русия пахтаи аз Осиёи Марказӣ харидаашонро ба шаҳрҳои марказӣ, аз ҷумла Москва ва атрофи он фиристода, дар ҳамон ҷо онҳоро аз пунбадона тоза мекарданд, ки ин барояшон хеле гаронӣ мекард. Аз ин рў, аз солҳои 80-ум бо ташаббуси онҳо дар маҳалҳои гуногуни пахтакор (бештар дар назди деҳаҳо) заводҳои пахтатозакунӣ сохта шуданд. Дар аввал барои ҳаракати он заводҳо қувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онҳоро бо техника иваз карданд. Дар натиҷаи чунин тадбирҳо аз соли 1880 то соли 1890 танҳо дар кишвари Туркистон боз 63 корхонаи нави саноатӣ ба кор шурўъ намуд, ки 22-тоашон заводҳои пахтатозакунӣ буданд. Солҳои 1890–1900 боз 111 корхонаи нави саноатӣ сохтанд, ки аз онҳо: 52 заводи пахтатозакунӣ, 3 заводи равғанкашӣ, 6 чопхона, 19 заводи шаробкашӣ ва ғайра буданд. To соли 1900 шумораи умумии корхонаҳои саноатии кишвари Туркистон ба 195 адад расида буд. Аз ин миқдор 75 заводро корхонаҳои пахтатозакунӣ ташкил мекарданд.
Рушди саноат дар ибтидои асри XX. Дар ибтидои асри XX корхонаҳои саноатӣ дар Осиёи Марказӣ миқдоран хеле зиёд гардида, сифатан ҳам тағйир ёфтанд. Бисёре аз онҳо аз таҷҳизоти нави замонавӣ истифода мекарданд. Махсусан, чунин тағйирот дар заводҳои пахтатозакунӣ бештар мушоҳида мегардид.
Заводҳои пахтатозакунӣ ба соҳибонашон даромади зиёд медоданд, зеро онҳо пахтаро аз деҳқонон нисбатан арзон харида, онро дар заводи худ тоза карда (яъне нахашро аз пунбааш ҷудо
Заводи равѓанкашии бародарон Вадяевњо дap шањри Ќўќанд
намуда) нахашро бо нархи хеле гарон ба корхонаҳои бофандагӣ мефурўхтанд. Аз ҳамин сабаб, шумораи заводҳои пахтатозакунӣ дар Осиёи Марказӣ босуръат меафзуд ва дар соли 1914 ба 378 адад расид, ки аз он 338 завод фақат дар кишвари Туркистон (аз ҷумла дар вилояти Фарғона 240 завод), дар аморати Бухоро 29 ва дар хонии Хева 11 завод ҷой гирифта буд.
Сохтмони заводҳои пахтатозакунӣ минбаъд ҳам идома ёфт. Аз он ҷумла, соли 1916 дар Саройкамар (н. Панҷи ҳозира) ягона дар Бухорои Шарқӣ заводи пахтатозакунӣ сохта шуд, ки он то барқароршавии ҳукумати шўравӣ амал кард. Он завод ба ширкати «Бухорои Шарқӣ» тааллуқ дошт.
Дар аввал пунбадонаро аз пахта ҷудо карда, онро бештар ба ҷойи сўзишворӣ истифода мекарданд, яъне қисми зиёди пунба ҳамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо мақсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равған аз аввали солҳои 90-уми асри XIX бо ташаббуси ширкатҳо ва тоҷирон заводҳои равғанкашӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки шумораи онҳо соли 1914 ба 29 адад расид. Масалан, заводи равғанкашии бародарон Вадяевҳо, ки ибтидои асри XX дар шаҳри Қўқанд сохта шуда буд, аз ҷиҳати таҷҳизот яке аз пешқадамтарин корхонаҳои ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.
Мувофиқи ашёи хоми кишвар, инчунин, заводҳои дигар, ба монанди: хиштпазӣ, ордкашӣ, шаробкашӣ, пиво, собунпазӣ, коркарди чӯб, коркарди пӯст, фабрикаҳои тамоку, гӯгирд, корхонаҳои шоҳибофӣ ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи рушди шаклҳои гуногуни саноат шумораи умумии заводу фабрикаҳои кишвари Туркистон соли 1912 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта, аксари мутлақи онҳо корхонаҳои хурд буданд. Миқдори зиёди заводу фабрикаҳои нав низ дар вилояти Фарғона ҷой гирифта буданд. Бо рушди корхонаҳои саноатӣ шаҳрҳои Қӯқанд, Намангон, Андиҷон (дар вилояти Фарғона), Самарқанд, Хуҷанд (дар вилояти Самарқанд), Тошканд (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар аморати Бухоро) ва ғайра ба марказҳои саноатӣ табдил ёфтанд.
Сарчашма:
Мувофиқи маълумоти расмии ҳукумати подшоҳӣ (ки начандон саҳеҳанд, зеро дар онҳо таъсиси бисёр заводҳо нишон дода нашудааст), дар охирҳои асри XIX дар кишвари Туркистон миқдори танҳо заводҳои пахтатозакунӣ аз 100 адад зиёд будааст. Инчунин, мувофиқи он маълумот, дар ҳамон давр заводҳои пахтатозакунӣ дар сарзамини аморати Бухоро (зиёда аз 10 завод) ва хонии Хева (тахминан 5 завод) низ вуҷуд доштаанд. Аз ин рӯ, ҷамъбасти умумии заводҳои пахтатозакунии Осиёи Марказӣ дар он давр ба 120 ва тамоми корхонаҳои саноатӣ тахминан ба 240 – 250 адад мерасанд. Аз сабаби он ки истеҳсоли пахта, махсусан, дар вилояти Фарғона меафзуд, маҳз дар ҳамин вилоят тахминан 70 – 80%-и заводҳои пахтатозакунӣ ҷойгир буданд. (Ниг.: Фабрично-заводские предприятия Российской империи. Пгд., 1914. «К»).
Санаҳои муҳим:
Солҳои 80 – 90-уми асри XIX – солҳои бавуҷудоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни саноат дар Осиёи Марказӣ.
1916 – сохта шудани заводи пахтатозакунӣ дар Саройкамар (н. Панҷи имрӯза), ки аввалин чунин завод дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ ё худ Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза ба ҳисоб меравад.
Савол ва супоришҳо:
1) Ба вуҷуд омадан ва рушд ёфтани соҳаҳои гуногуни саноат дар Осиёи Марказӣ асосан ба кадом солҳо мувофиқ меояд?
2) Чаро дар Осиёи Марказӣ бештар заводҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ бунёд гардидаанд?
3) Дар он давр бештари заводҳо дар кадом минтақаҳо ҷойгир буданд?
4) Аввалин заводи пахтатозакунӣ дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ кай ва дар куҷо ба вуҷуд омад?
5) Навъҳои заводҳои дар он давр мавҷударо номбар кунед.
6) §§ 2, 16 ва 18-ро такрор намоед.
Реклама