Инқилоби якуми рус. Ибтидои асри XX барои Русия давраи нооромиҳо буд. Буҳрони иқтисодии солҳои 1900–1903, махсусан хушксолии 1901, ҷанги русу япон (солҳои 1904–1905) сабаби хароб гардидани иқтисоди мамлакат ва боз ҳам вазнинтар шудани аҳволи мардум шуд. Овозаҳои дар амалиёти ҷангии муқобили қӯшунҳои япон шикаст хӯрдани лашкари рус боиси боз ҳам коста шудани обрӯю эътибори ҳукумати подшоҳӣ гардид.
Соли 1898 Ҳизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП) ташкил шуд, ки он сарнагун намудани тартиботи подшоҳиро мехост. Ин ҳизб дар анҷумани дуюми худ (соли 1903) ба ду гурӯҳ: болшевикон (бо сарварии В.И.Ленин) ва меншевикон тақсим шуд, ки онҳо минбаъд ба ҳизбҳои алоҳида табдил ёфтанд.
Бо вуҷуди ихтиллоф, ин ҳизбҳо дар масъалаи сарнагун намудани ҳукумати подшоҳӣ асосан ҳамфикр буданд. Ташкилотҳои ин ҳизбҳо дар тамоми гӯшаю канори империяи Русия, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам амал мекарданд.
Инқилоби якуми рус 9-уми январи соли 1905, дар шаҳри Петербург бо Якшанбеи хунин (яъне дар он рӯзи якшанбе аз тарафи аскарони ҳукумати подшоҳӣ тирборон карда шудани намоиши осоишта) оѓоз ёфта, ба зудӣ қариб тамоми сарзамини империяи Русия, аз ҷумла Осиёи Марказиро низ фаро гирифт.
Дар кишвари Туркистон маркази асосии ҳар гуна ошӯб ва гирдиҳамоиҳои эътирозӣ шаҳри Тошканд ба ҳисоб мерафт. Дар вилоятҳои Фарѓона ва Самарқанд дар ҳаракатҳои инқилобӣ деҳқонон низ иштирок намуданд. Масалан, моҳҳои октябр–ноябри соли 1905 деҳқонони уезди Хуҷанд на танҳо аз додани андоз ба хазинаи подшоҳӣ саркашӣ карданд, балки замини сарватмандон ва давлатиро дар байни худ тақсим намуданд.
Моҳи марти соли 1906 деҳқонони деҳаи Чоркӯҳи волости Исфара ёвари сардори уезди Қӯқандро ҳабс карда, замини амлокдоронро соҳибшуданд. Ҳодисаҳои бо зӯрӣ соҳибшудан ба замини дороён аз тарафи деҳқонони камзамин ва безамин дар мулкҳои болооби Зарафшон ҳам рӯй медоданд.
Тадбирҳои ҳукумати подшоҳӣ. Барои аз ҳаракати инқилобӣ дур намудани оммаи халқ ҳукумати подшоҳӣ тадбирҳои гуногун меандешид. Ҳукумати подшоҳӣ, масалан, 6-уми августи coли 1905 дар бораи даъват намудани Думаи машваратии давлатӣ (Думаи булигинӣ) манифест баровард. 17-уми октябр манифест озодиҳои шаҳрвандонро эълон кард. Бо ин ҳукумати подшоҳӣ буржуазияи Русияро ба тарафи худ кашид. Дар натиҷа, дар Русия ҳизбҳои сиёсии буржуазии октябристҳо ва кадетҳо ба вуҷуд омаданд.
Аввали моҳи майи соли 1906 қоидаҳои интихоботи вакилон аз кишвари Туркистон, ки аз тарафи подшоҳи рус тасдиқ гардида буд, ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шуд. Мувофиқи он, барои муҳофизати манфиати русҳо ва русзабонҳо аз панҷ вилояти кишвар якнафарӣ, аз ҳисоби шаҳри Тошканд ва казакҳои вилояти Ҳафтрӯд якнафарӣ, яъне ҷамъ ҳафт нафар намояндагони рус вакил интихоб мегардиданд. Дар ҳоле, ки аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ аз тамоми вилоятҳои кишвар якнафарӣ ва аз шаҳри Тошканд низ як нафар, яъне ҷамъ шаш нафар намоянда интихоб мегардид. Мувофиқи ин тартибот, агар ба ҳисоби миёна аз 46 ҳазор нафар русҳо ва русзабонҳо як нафар намоянда интихоб кунанд, пас, аз 896 ҳазор мардуми маҳаллӣ як нафар вакил интихоб мекарданд. Дар асоси ин қоида, вакилони интихобшуда аз мардуми маҳаллии кишвари Туркистон дар Думаи давлатӣ шахсони зерин буданд: 1) муллои тошкандӣ Абдурауфқорӣ Абдувоҳидқориев, 2) тоҷири самарқандӣ Тошпӯлод Абдухолиқов, 3) тоҷири фарѓонагӣ Муҳаммадҷонов, 4) чорводори калони сирдарёӣ Т.Оллоберганов, 5) муҳандиси ҳафтрӯдӣ Муҳаммадҷон Тонишбоев, 6) аз вилояти Моварои Хазар полковник Махдумқулӣ. Аз ҳисоби русу русзабонҳои шаҳри Тошканд олими шарқшинос В.П. Наливкин вакил интихоб шуд.
Дар Русия ҳанӯз мавҷҳои инқилоб идома дошт. Ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи худ 9-уми июли соли 1906 Думаи булигиниро пароканда намуда, ибтидои соли 1907 интихоботи Думаи дуюми давлатиро гузаронид, вале ин дума нисбат ба думаи якум боз ҳам чаптар буд.
Пурзӯршавии таъқибот. Ҳукумати подшоҳӣ аз паст шудани мавҷи инқилоб истифода карда, 3-юми июни соли 1907 Думаи 2-юми давлатиро, ки дар таърих «Табаддулоти 3-юми июн» ном гирифтааст ва маънои ба итмом расидани Инқилоби якуми русро дорад, пароканда намуд. Яъне инқилоб шикаст хӯрд ва ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади мустаҳкам кардани мавқеаш таъқиби мухолифонашро шиддат дод. Масалан, моҳи ноябри соли 1907 Шуъбаи мудофиавии ноҳияи Туркистон ташкил карда шуд, ки онро худи русзабонҳо «Охранка» ва мардуми маҳаллӣ «Идораи сиёсӣ» мегуфтанд. Дар асл он политсияи махфӣ буд, ки намояндагонаш на танҳо дар кишвари Туркистон, балки дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонии Хева ҳам амал мекарданд, вале ин ҳама пеши роҳи афзудани ҳаракати зиддимустамликавиро гирифта натавонист.
Инқилоби якуми рус махсусан, барои бедории сиёсии зиёиёни миллии Осиёи Марказӣ таъсири чиддӣ расонид. Дар кишвари Туркистон, ки қисми таркибии империяи Русия ба шумор мерафт, рӯзномаҳои гуногун ба майдон омаданд. Ин инқилоб ҷараёни ташаккули ҳаракати ҷадидии Осиёи Марказиро тезонид. Инқилоби мазкур, ки ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд, ба афзудани ҳаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ дод.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи эътирози мардуми кишвари Туркистон нисбати «Якшанбеи хунин» чунин навиштааст: «Якшанбеи хунин»-и 9-уми январи соли 1905, ваҳшиёна тирборон шудани намоишгарони бесилоҳ тамоми мамлакатро аз қаҳру ғазаб ба даҳшат оварду боиси нафрату адовати аҳли кишвари Туркистон ҳам гардид. Бо ташаббуси болшевикон дар рӯзи «Иди Татяна», яъне 12-уми январи соли 1905, ки дар ин рӯз 150-солагии Университети Москва ҷашн гирифта мешуд, дар чандин шаҳрҳои генерал-губернаторӣ: – дар Тошканд, Самарқанд, Қизиларбат митингу намоишҳо шуда, иштирокчиёни онҳо дар ҷавоби ваҳшонияти навкарони бенӯхтаи подшоҳ, ки дар Петербург содир намуданд, қаҳру ғазаб ва нафрату кинаи худро изҳор доштанд». (Ниг:. Ғафуров Б.Ғ.Тоҷикон. Китоби 2. - С. 237).
С.Айнӣ дар бораи инқилоби якуми рус ва таъсири он ба Бухоро навиштааст: «Револютсияи соли 1905-и Русия ба Бухоро таъсири калон бахшид, ҳаракати прогрессивӣ, ки пештар дар доираҳои танги ҷудогона буд, хеле вусъат ёфт. Газетаҳои русӣ ҳар гапро озодона менавиштагӣ шуданд, аз тарафи турку тоторҳои Русия, ки пештар ғайр аз «Тарҷумон» газетае надоштанд, газетаҳо ва журналҳои гуногун баромадан гирифт». (Ниг.:Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам. Куллиёт. Ҷилди 1.-Сталинобод, 1958. С.58-59).
Санаҳои муҳим:
1898 – бунёди Ҳизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП)
1903 – Анҷумани дуюми Ҳизби сотсиал-демократҳои Русия ва ба ду гурӯҳ: болшевикон ва меншевикон тақсим шудани он.
1904 – 1905 – ҷанги Русияву Япония. 1905, 9-уми январ – «Якшанбеи хунин», саршавии Инқилоби якуми буржуазию демократии Русия ё худ Инқилоби якуми рус.
1905, 6-уми август – Манифести ҳукумати подшоҳии Русия дар бораи даъват карда шудани Думаи машваратии давлатӣ (Думаи булигинӣ)
1905,17-уми октябр – Манифести ҳукумати подшоҳӣ, ки озодиҳои шаҳрвандонро эълон мекард.
1905 – 1906 – хуруҷҳои деҳқонон дар кишвари Туркистон.
1904, май – ба Думаи давлатии Русия ворид шудани қоидаҳои аз тарафи подшоҳ тасдиқшудаи интихоботи вакилон аз кишвари Туркистон.
1906, 9-уми июл – пароканда карда шудани Думаи булигинӣ.
1907, ибтидои сол – интихоботи Думаи дуюми давлатӣ.
1907,3-юми июн – пароканда карда шудани Думаи дуюми давлатӣ ва шикасти инқилоб.
1907, ноябр – ташкил карда шудани Шуъбаи мудофиавии ноҳияи Туркистон («Охранка» ё худ «Идораи сиёсӣ»).
Савол ва супоришҳо:
1) Инқилоби якуми рус кай ва бо кадом воқеа оғоз ёфт?
2) Дар натиҷаи таъсири ин инқилоб дар кадом маҳал ё худ ноҳияҳои кишвари Туркистон ҳаракатҳои деҳқонӣ ба вуҷуд омаданд?
3) Ҳукумати подшоҳӣ барои пароканда кардани қувваҳои инқилобӣ чӣ тадбирҳо андешид?
4) Манифести 17уми октябри соли 1905-и ҳукумати подшоҳӣ чиро эълон кард?
5) Дар бораи Думаи якум ва дуюми давлатии Русия чӣ медонед?
6) Дар кишвари Туркистон ба Думаи давлатии Русия аз ҷумлаи русу русзабонҳо ва мардуми маҳаллӣ бо кадом тарз интихоб шудани вакилонро фаҳмонед.
7) Шуъбаи мудофиавии ноҳияи Туркистон кай ва бо кадом мақсад ташкил карда шуд?
8) §§ 2425-ро такрор кунед.
Реклама