§ 25. МУБОРИЗАҲОИ ЗИДДИ МУСТАМЛИКАВӢ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН

§ 25. МУБОРИЗАҲОИ ЗИДДИ МУСТАМЛИКАВӢ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН

   Сабаби шӯришҳо. Дар ҳудуди кишвари Туркистон худсарию бедодгариҳои амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ ҳадду канор надошт. Бераҳмии онҳо ҳангоми ҷамъоварии андоз, махсусан, ҳангоми ба фоидаи муҳоҷирони рус кашида гирифтани ҳиссае аз заминҳои мардуми таҳҷойӣ зоҳир мегардид. Дар натиҷаи пайдарпай афзудани маҳаллаҳои руснишин заминҳои корам ва чарогоҳҳои мардуми маҳаллӣ маҳдуд мешуд. Фасли тобистон дар баъзе ноҳияҳои кишвар норасоии об барои корҳои обёрӣ эҳсос карда мешуд. Ҳангоми дар чунин ноҳия мавҷуд будани маҳаллаҳои руснишин аксари масъалаҳо, аз ҷумла об, ба фоидаи русҳо ҳал мегардид. 

  Ғайр аз бедодгарию маҳдудиятҳои иқтисодӣ, аз тарафи амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ на ҳама вақт дин ва урфу анъанаҳои мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта мешуд. Дар идоракунии кишвар (ғайр аз идоракунии маҳаллӣ) аз байн бардоштани нуфузи сарварони дини ислом, дар ҳудуди кишвар маҳдуд карда шудани мулкҳои вақфӣ ва ғайра рўҳониёнро норозӣ ва ниҳоят ба ғазаб меовард. Ҳол он ки пеш аз забтшавӣ чи ҳукумати хонӣ ва чи ҳокимони маҳаллӣ ягон чорабиниро бе ризоят ва маслиҳати олимақомони дин намегузарониданд. Мулкҳои вақфӣ  муқаддас ҳисоб карда мешуданд. 

   Барҳам хӯрдани истиқлоли миллӣ қисми зиёди мардуми кишвар, махсусан зиёиёни маҳаллиро ором намегузошт. Қисме аз онҳо роҳи ягонаи озодиро дар мубориза медиданд.

   Бештари мардуми маҳаллии кишвари Туркистон дар симои ҳукуматдорони маҳаллии подшоҳӣ истисморгарони асосӣ ва таҳқиркунандагони дину урфу одатҳои миллии худро медиданд. Маҳз ҳамин омилҳо дар ҳудуди кишвар барои ба амал омадани шӯришҳои зиддимустамликавӣ, аз ҷумла «исёни вабо», шӯриши соли 1898 дар Андиҷон, шӯриши осиёимиёнагии соли 1916 ва ғайра боис гардидаанд. 

«Исёни вабо». Моҳи июни соли 1892 дар шаҳри Тошканд ҳаракати халқӣ сар зад, ки он дар таърих бо номи «Исёни вабо» маълум аст. Барои пешгирии бемории вабо аз тарафи ҳукумати кишвари Туркистон баъзе тадбирҳо андешида шуд, ки ин боиси ба вучуд омадани исён дар Тошканд гардид. Бемории вабо аввалин бор моҳи март дар шаҳрҳои Кобул ва Ҳироти Афғонистон пайдо шуда, нишонаҳои онро 1-уми июн дар уезди Ҷиззахи вилояти Самарқанд ва 7-уми июн дар Тошканд ба мушоҳида гирифтаанд, вале барои табобати беморон табибон ва дорувор намерасид. Бинобар ин, мувофиқи баъзе маълумот, шумораи умумии аз ин беморӣ фавтидагон танҳо дар кишвари Туркистон қариб ду ҳазор нафарро ташкил медод. 

   Сарварони шаҳри Тошканд бо маслиҳати мутахассисон барои пешгирии ин бемории хавфноки гузаранда бо қарори худ барои гӯронидани мурдаҳои аз  беморӣ фавтида танҳо як қабристонро муайян намуда, 12 қабристони дигари шаҳрро бастанд. Дар қабристони муайяншуда ҳам мурдаро танҳо баъди иҷозати хӯҷаинҳои шаҳр мегӯрониданд. Аз сабаби зиёд гардидани фавтидагон муҳлати иҷозат барои дафн тақрибан 3–4 рӯз давом мекард. Дар ин муддат мурда бояд нигоҳ дошта мешуд. Агар авлоди мурда ин қоидаи навро ба эътибор нагирифта, мурдаи аз бемории вабо фавтида (баъзан аз ин беморӣ набошад ҳам)-ро худсарона дар дигар қабристон ба хок супоранд, ҳукуматдорони шаҳр онҳоро маҷбур мекарданд, ки мурдаро аз қабристони аввала бароварда, ба қабристони муайяншуда оварда гӯронанд. Инчунин, дар муддати тадбири мубориза бо вабо аз шаҳр баромадан ва ба шаҳр даромадан маҳдуд карда шуда буд. Чунин ҳолат на танҳо тоҷирон, балки чоряккорон, мардикорон ва дигар мардуми  гуногунпешаро низ норозӣ мекард. 

   Баҳона ба оғози исён – бе иҷозат ба қабристони хостаашон гӯронидани мурда гардид. Шаҳрдорон аз ин воқеа воқиф гардида, наздикони он мурдаро аз байни бозор гузаронида, ба идораи маъмурияти шаҳрӣ бурданӣ шуданд. Мутасаддиён дар роҳ онҳоро таҳдид намуда гуфтаанд, ки «мурдаро аз он қабристон гирифта, дар қабристони муайяншуда гӯронед». Мардуми бозор ва кӯчаҳои шаҳр аз асли воқеа воқиф гардида, ба ҳимояи наздикони он майит баромаданд. Дар натиҷа ин воқеа ба исён табдил ёфт. Ҳукуматдорон ба муқобили исёнгарон қувваи зиёди низомӣ равон карданд. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр задухӯрди байни қувваҳои низомӣ ва исёнгарон ба амал омад. Аз иштирокчиёни шӯриш панҷ нафар ҳалок гардида, бисёриҳо ҳангоми гурехтан дар ҷӯйи Анҳор ғарқ шуданд. Мувофиқи баъзе маълумот, баъди хомӯш карда шудани исён аз он канал 80 ҷасад бароварданд. Аз фаъолони исён 60 нафар ба ҳабс гирифта шуд.

   Ҳамин тавр, яке аз шӯришҳои калонтарин, ки маҳз дар натиҷаи ба эътибор гирифта нашудани урфу одатҳои миллӣ аз тарафи мустамликадорон ба вуқӯъ омадааст, хомӯш карда шуд. Ин шӯриш аз рӯйи хусусият зиддимустамликавӣ ва миллию озодихоҳӣ мебошад. 

   Шӯриши соли 1898 дар Андиҷон. Соли 1898 дар водии Фарғона шӯрише ба амал омад, ки дар таърих бо номҳои «Шӯриши Андиҷон», «Шӯриши эшони Дукчӣ» ва «Шӯриши Мадалӣ-эшон» маълум аст. Сарвари шӯриш Мадалӣ-эшон ба ҳисоб меравад. Падари ӯро Собири дукчӣ мегуфтанд, бинобар ин ба Мадалӣ-эшон боз лақаби «дукчӣ»-ро ҳамроҳ кардаанд. Собир-дукчӣ устои камбағали деҳаи Чимиёни уезди Марғелон буд. Мадалӣ-эшон на танҳо эшони машҳури водӣ, балки заминдори калон ҳам ба ҳисоб мерафт. Ӯ воқеан, маълумоти хуби динӣ дошта, зиёрати Макка ҳам карда буд. Вай танҳо дар уезди Марғелон 447 таноб замин, ду осиёб, чор ҷувози равғанкашӣ ва заводи хишт дар ихтиёр дошт. Мадалӣ-эшон муридон– пайравони зиёде дошт. Рӯзе дар Марғелони Нав полисмейстери азхудрафтаи рус ӯро дар ҳузури мардум, аз ҷумла муридонаш, маҷбур кард, ки аз хар фуромада, пиёда аз шаҳр гузарад.

                                   

    Мадалӣ-эшон ин воқеаро барои худ таҳқир ҳисобид. Баъди ин ӯ нисбат ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нафрати зиёд пайдо карда, муридонашро ҳам дар рӯҳияи бадбинӣ тарбия мекард. Ӯ ва муридонаш барои ба муборизаи зидди амалдорони подшоҳӣ бархезонидани мардум лаҳзаи муносиберо мунтазир буданд. Соли 1898 чунин лаҳза муҳайё гардид. Мадалӣ-эшон ва муридони ӯ аз ҳамин  вазъияти мусоид истифода карданӣ шуданд. 

   Дар аввал дар атрофи Мадалӣ-эшон тақрибан 200 нафар саворагон аз деҳаи Тоҷики уезди Мингтеппа ҷамъ шуданд. Баъд ба онҳо мардуми худи Мингтеппа, ки деҳаи сераҳолӣ буд, ҳамроҳ гардиданд. 17-уми майи соли 1898 Мадалӣ-эшон ба тарафи Андиҷон, ки маркази уезд буд, ҳаракат кард. Шумораи шӯришгарон  ба 2 ҳазор нафар расид, ки аз онҳо тахминан ҳазор нафарашон саворагон буданд. Онҳо 18-уми март ба гарнизони қӯшунҳои рус якбора ҳуҷум карданд. Дар натиҷа, дар байни аскарони рус ва Муҳаммадалӣ (Мадалӣ-эшон, Эшони дукчӣ, Дукчӣ-эшон). Сарвари шӯришгарони Андиҷон дap соли 1898 шӯришгарон задухӯрди сахт ба амал омад. 

      

   Аз аскарони рус 22 нафар ҳалок шуда, 24 нафар захмӣ гардиданд. Бо ташаббуси ҳукуматдорони кишвар ва вилоят ба Андиҷон қувваҳои нав фиристода шуд. Баробари расидани қувваҳо, бегоҳии ҳамон рӯз шӯриш дар Андиҷон хомӯш гардид. Мадалӣ-эшон гурехта бошад ҳам,  худи ҳамон рӯз дастгир шуд. Шӯриши соли 1898 на танҳо Андиҷон, балки Намангон, Марғелон, Ӯш, умуман, қариб тамоми водии Фарғонаро фаро гирифта буд. Дар шӯриш баробари ӯзбекҳою қирғизҳо, тоҷикон низ иштирок карданд. Шӯриш аз рӯйи хусусияташ миллию озодихоҳӣ ба ҳисоб меравад, зеро он пеш аз ҳама, ба муқобили сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд. Вале сарварони он, пеш аз ҳама Мадалӣ-эшон ва муридони содиқи ӯ, ин шӯришро ба манфиати худ истифода карданд. 

  Сарчашма:

  Бобоҷон Ғафуров дар бораи ҳуҷуми дастаҳои эшони Дукчӣ ё худ Дукчӣ-эшон ба гарнизони руси воқеъ дар шаҳри Андиҷон навиштааст: «18-уми майи соли 1898 (бо тақвими куҳна) халифа Мадалӣ ном пешвои тасаввуф, ки бо номи Дукчӣ-эшон низ машҳур буд, бо як даста пайравонаш иборат аз 1500 нафар, дар шаҳри Андиҷон ба гарнизони русҳо ҳамла кард. Балвогарон соати 3-и шаб, овозу садое набароварда, тамоми аскаронро дар Иштирокчиёни шӯриши соли 1898 дapАндиҷон, ки занҷирбанд гардидаанд ғафлат мононда ҳуҷум карданду зуд як баракро печонида гирифтанд. Дар ин байн дар дигар баракҳо солдатҳо бедор шуда берун ҷастанд ва ҳамлаваронро дур партофтанд... Худи ҳамон рӯз муайян шуд, ки пайравони Дукчӣ – эшон шаҳрҳои Ӯш, Марғелон ва баъзе дигар ҷойҳоро гирифта будаанд...» (Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2, С.209). 

  Санаҳои муҳим: 

– 1892,  июн – «Исёни вабо» дар Тошканд. – 1898 – шӯриш дар Андиҷон.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Сабабҳои дар кишвари Туркистон ба амал омадани шӯришҳои зиддимустамликавӣ кадомҳоянд? 

2) Чаро исёнеро, ки моҳи июни соли 1892 дар шаҳри Тошканд ба амал омадааст, «Исёни вабо» мегӯянд? 

3) Баҳонаи саршавии «Исёни вабо»  чист? 

4) Чаро шӯриши соли 1898 дар Андиҷон номҳои «Шӯриши эшони Дукчӣ» ё «Шӯриши Мадалӣ-эшон»-ро гирифтааст? 

5) Худи Мадалӣ-эшон кӣ буд? 6) Рафти «Исёни вабо» ва шӯриши соли 1898 дар Андиҷонро нақл кунед. 

7) «Исёни вабо» ва шӯриши соли 1898 дар Андиҷон аз рӯйи хусусият чӣ гуна шӯришҳо буданд? 

8) § 16-ро такрор кунед.

Реклама