§§ 45 – 46 БАРҚАРОР ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР УЕЗДИ ХУҶАНД ВА БОЛООБИ ЗАРАФШОН

§§ 45 – 46 БАРҚАРОР ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР УЕЗДИ ХУҶАНД ВА БОЛООБИ ЗАРАФШОН

   Ғалабаи Инқилоби октябр дар Петроград. Дар Русия баъди ба охир расидани дуҳокимиятӣ ва яккаҳукмрон гардидани Ҳукумати Муваққатӣ ҳам (аз аввали моҳи июли соли 1917) вазъият беҳтар нагардид. Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки Русия яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара гуруснагӣ, беқурбшавии пул ҳукмфармоӣ мекард. Ин боиси норизоии на танҳо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Чунин вазъият аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонаҳои шӯриши навбатӣ дарак медод. Махсусан, дар маркази империя – шаҳри Петроград хавфи таркиш эҳсос мешуд.

  Ҳизби болшевикии Русия аз вазъияти бавуҷудомада ба хубӣ истифода кард. Он ягона ҳизбе буд, ки бо Ҳукумати Муваққатӣ созиш накард ва созиш кардан ҳам намехост. Баръакс, баъди воқеаҳои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон карда шудани намоиши осоиштаи коргарон ва поён ёфтани дуҳокимиятӣ) Ҳизби болшевикӣ бо мақсади гирифтани ҳокимият мардумро ба шӯриши навбатии мусаллаҳона даъват мекард. 

  24-уми октябри соли 1917 шӯриш дар Петроград cap шуд. Ба он дар қатори коргарон, инчунин, аскарони аз сиёсати Ҳукумати Муваққатӣ норозӣ иштирок намуданд. Сарварии шӯриш аз лаҳзаҳои аввал ба ихтиёри Ҳизби болшевикӣ гузашт. Дар ин роҳ ба болшевикон танҳо эсерҳои чап ва меншевикҳои чап то андозае хайрхоҳ буданд. Ҳизбҳои дигар: эсерони рост ва меншевикони рост, октябристҳо, прогрессистҳо, кадетҳо, трудовикҳо, иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо ва сотсиалистони халқӣ ҳам дар атрофи Ҳукумати Муваққатӣ муттаҳид шуда, муқобили ҳар гуна шӯриш буданд. Вале муттаҳидии онҳо дигар Ҳукумати Муваққатиро наҷот дода натавонист.

  Шаби 24-ум ба 25-уми октябр дар Петроград тамоми пулҳои дарёи Нева, вокзалҳои роҳи оҳан, телеграф, телефон, почтамт, истгоҳи барқӣ, Бонки давлатӣ ва ғайраро шӯришгарон ишғол намуданд. Ниҳоят, шаби 25-ум  ба 26уми октябр (соати дую даҳ дақиқаи шаби 26-уми октябр) қароргоҳи Ҳукумати Муваққатии Русия – Қасри Зимистона (ҳоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шӯришгарон гузашт. Аксари аъзои он ҳабс карда шуданд. Дар Петроград ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи ҳарбии инқилобӣ, ки аз тарафи ҳизби болшевикӣ дар арафаи оғози шӯриш ташкил карда шуда буд, гузашт. 

   24-уми окгябр, соати 22.40 дақиқаи бегоҳӣ дар қасри Смолнийи Петроград 

                                                             

 Анҷумани II Умумирусиягии шӯроҳои намояндагони коргарон ва аскарон ба кори худ шурӯъ намуда, таҳти назорати ҳизби болшевикӣ мегузашт. Аз ин рӯ 25уми октябр (бо санаи нав 7-уми ноябр)-ро ҳамчун рӯзи ғалабаи Инқилоби октябр ва бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ ҷашн мегирифтанд.

   24-уми октябр анҷумани номбурда сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатиро эълон кард. Ҳокимияти Шӯравӣ– Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) бо сарварии В.И.Ленин ба сари қудрат омад. Анҷумани мазкур ҳуҷҷатҳои барои мардуми Русия ҳаётан зарур – «Декрет дар бораи сулҳ» ва «Декрет дар бораи замин»-ро қабул кард. Мувофиқи ҳуҷҷати аввала, Русия бояд аз ҷанги харобиовари ҷаҳон баромада, мардум ба ҳаёти осоишта бармегашт. Дар асоси ҳуҷҷати дуюм замин ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ дода мешуд. 

  14-уми феврали соли 1918 дар Русияи Шуравӣ ба солшумории григорянӣ гузаштанд, ки он аз солшумории пештараи Русия 13 рӯз фарқ мекунад.

   Анҷуман қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз он ҷумла кишвари Туркистон, ҳокимият бояд ба ихтиёри шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони маҳаллӣ гузарад. Вале на дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои Русия ин қарорро хуш пазируфтанд. Дар баъзе маҳалҳо тарафдорони Ҳукумати Мувакқатӣ барои бунёди ҳокимияти нав – шӯравӣ муқобилати сахт нишон медоданд.  Чунин муқобилат дар маркази кишвари Туркистон – шаҳри Тошканд низ дида мешуд. 

  Ғалабаи шӯриш дар Тошканд. Шӯриш дар Тошканд 28-уми октябри соли 1917 сар шуд. Бо ташаббуси болшевикон барои сарварӣ кардан ба шӯриш Кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. Сарвари Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ генерал Кравченко дар шаҳри Тошканд кофӣ набудани қувваи ба худ содиқро эҳсос намуда, ба муқобили шӯришгарон аз Фарғона қувва даъват намуд. Аз чунин мақсади ӯ болшевикони Хуҷанд огоҳ гардида, барои он ки қувваҳои ҳарбӣ аз Фарғона ба Тошканд рафта натавонанд, аз 28-уми октябр то 2-юми ноябр ҳаракати поездҳоро аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд қатъ карданд. Дар натиҷа, сарвари Ҳукумати Муваққатии кишвар аз кумаки аскарони ба худ содиқ маҳрум гардид. Бинобар ин, ба вай лозим омад, ки барои саркӯб намудани шӯриш асосан, ба қувваҳои дар шаҳри Тошканд буда такя намояд. 

  Дар Тошканд чор рӯз (аз 28-уми октябр то 1-уми ноябр) ҷангҳои шадид ба амал омад. Болшевикони Тошканд тавонистанд, ки ба аскарони мусаллаҳи генерал Кравченко аз ҳисоби мардум қувваи бисёрро муқобил гузоранд. Ниҳоят, 1-уми ноябр (ба тақвими нав 14-уми ноябр) ҳокимият дар Тошканд ба ихтиёри Кумитаи инқилобӣ гузашт. Худи ҳамон рӯз аз тарафи Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Тошканд муроҷиатномаи «Ба мардум!» бароварда шуд. Тавассути он дар кишвари Туркистон ба ихтиёри Шӯрои кишварӣ ва Кумитаи иҷроияи шӯрои шаҳрии намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият эълон карда шуд. Баробари оғози шӯриш дар истгоҳи роҳи оҳани Урсатевск (Хавос) ва Драгомирово ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи инқилобӣ гузашт. Дар конҳои Сулукта ва Шӯроб, кони нафти САНТО шӯроҳо бе ҳеч муқобилат ба ҳокимият соҳиб шуданд.

  Аз 15-ум то 22-юми ноябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд Анҷумани III шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони кишвар барпо гашт. Анҷуман баъди кашмакашҳои хеле зиёд оид ба дар кишвари Туркистон барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ қарор қабул кард. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки анҷуман баррасӣ кард,  ташкили ҳокимияти кишварӣ буд. Ниҳоят, бо пешниҳоди муштараки болшевикон ва максималистон1 аввалин 1 Максималистон – гурӯҳе, ки ҳанӯз соли 1904 дар ҳизби эсерҳо ба вуҷуд омада буд. ҳокимияти шӯравии кишвари Туркистон дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) ташкил ёфт. Раиси он болшевик Ф.И. Колесов интихоб гардид. 

  Ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд. Дар арафаи Инқилоби Октябр уезди Хуҷанд ҳанӯз ҳам ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил мешуд. Бинобар ин ҳалли тақдири ҳокимият дар ин маркази уездӣ ба тақдири ҳокимияти вилоятӣ, яъне Самарқанд, вобастагӣ дошт. Шӯроҳои Хуҷанд ва Самарқанд нисбатан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерҳо ва меншевикон буданд. Болшевикон асосан дар байни коргарон ва хизматчиёни роҳи оҳани Самарқанд нуфузи зиёд доштанд. 31-уми октябр коргарон ва хизматчиёни ин истгоҳ дар ҷамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар Кумитаи инқилобӣ ташкил намуданд, вале ин кумита аз тарафи шӯроҳо ва дигар ҳизбҳои Самарқанд дастгирӣ наёфт. Зеро меншевикҳо ва эсерҳои ин шаҳр, ки шӯроҳои шаҳрӣ ва вилоятиро дар ихтиёр доштанд, аз гирифтани ҳокимият худдорӣ карданд. Аммо эсеру меншевикҳои Хуҷанд бар хилофи мавқеи эсеру меншевикҳои Самарқанд ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. 

  11-уми ноябри соли 1917 дар Хуҷанд маҷлиси васеи шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бо якҷо бо намояндагони Иттифоқи меҳнаткашон, думаи шаҳрӣ ва кумитаҳои иҷроияи волостҳои Қистакӯз ва Унҷӣ барпо гардид. Ин ҷамъомад дар шаҳр ва уезди Хуҷанд ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо карда шудани ҳокимияти шӯроҳо овоз дод. Худи ҳамон рӯз шӯрои шаҳрии Хуҷанд дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Дар ин шӯро аксариятро аъзои ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо ташкил мекарданд. Сарвари шӯроҳои Хуҷанд низ узви ҳизби эсерҳо Т.Тараненко буд. 

  Дар ибтидо (яъне аз ноябри соли 1917 то марти соли 1918) муносибати байни ҳокимияти марказии болшевикии кишвар бо ҳокимият (шӯроҳо)-и эсеру меншевикии Хуҷанд чандон самимӣ набуд. Бинобар ин ҳукумати кишвар барои дар Хуҷанд ҷорӣ намудани сиёсати худ бештар ба фраксияи болшевикон такя мекард.

  Болшевикони Хуҷанд ба қувваи аскарони сурх такя намуда, баробари маҳви «Мухторияти Қӯқанд» (22-юми феврали соли 1918) ба иттифоқчиёну пайравони он – Шӯрои исломия ва Шӯрои уламои Хуҷанд низ зарбаи қатъӣ зада, мавқеи эсеру меншевиконро хеле маҳдуд намуданд. Моҳи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик (узви шӯрои кишварӣ) И.Калугин ҳайати нави шӯрои намояндагони Хуҷанд ташкил гардид. Акнун он махсусан, аз ҳисоби аъзои Иттифоқи меҳнаткашон меафзуд. Худи шӯро ҳам минбаъд номи Шӯрои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷандро гирифт. Ба он Г.Стерлингов (сарвари маҳаллии эсерони чап)  ҳамчун раис ва муовинони ӯ болшевикон: Е.А.Иванитский ва Ҷӯра Шокаримов интихоб шуданд. Ин чунин маьно дошт, ки шӯрои Хуҷанд ба мавқеи болшевикӣ гузаштааст. 

  Дар Хуҷанд ва  аксари маркази волостҳои он ( ғайр аз Ӯротеппа ва то андозае Қистакӯз), аз ҷумла дар Унҷӣ, Ғӯлакандоз, Нов, Исфана, Чапқулоқ, Бокса-Себиргон, Сретен, Уралск (Дилварзин) аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шӯравӣ ба тарзи осоишта барқарор карда шуд. 

  Барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа ва Мастчоҳ. Дар арафаи бунёд карда шудани Ҳокамияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа ва ноҳияҳои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс, то андозае оромӣ ҳукмфармоӣ мекард. Ба ноҳияи Ӯротеппа волостҳои Ӯротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Басманда, Далён ва Мастчоҳ, ки то моҳи майи соли 1919 дар ҳайати уезди Хуҷанд буданд, дохил мешуданд. Дар худи Ӯротеппа ҳокимият моҳи ноябри соли 1917 ба шӯрои маҳаллӣ, ки дар ихтиёри эсеру меншевикҳо буд, гузашт. Аз моҳи ноябри соли 1917 то моҳи марти соли 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Басманда, Далён, Мастчоҳ ва Ғончӣ ҳам ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин маҳалҳо, аз ҷумла дар Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз амалан бунёд нагардида,  ба зудӣ сарнагун гардид.

  Шӯрои шаҳри Ӯротеппа баробари ба даст гирифтани ҳокимият аз маркази кишвар – шаҳри Тошканд супориш гирифт, ки барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ (кишвари Туркистонро кайҳо фаро гирифта буд) маъракаи мусодираи ғалла гузаронад. Дар натиҷаи ин тадбир ғаллаи мардум дар бозор ва аз дукону хонаашон мусодира карда мешуд. Чунин тадбир дар шаҳр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзои шӯро, ки асосан аз ҷумлаи эсеру меншевикон ва пайравони онҳо буданд, чандон хоҳиши иҷрои ин супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон ҳанӯз ҳам дар ин ҷо назаррас набуд. 

  Ташкилоти маҳаллии Шӯрои исломия аз вазъияти баамаломада истифода карда, думаи шаҳриро аз нав барқарор кард. Бо ташаббуси ташкилоти маҳаллии Шӯрои уламо ҷамъияти маънавии диние бо номи «Нури ислом» бунёд гардид. Аъзои он рӯйрост ба муқобили сиёсати мусодиракунии ғалла баромаданд. Дар шаҳр як муддат на танҳо ҳолати ба дуҳокимиятӣ хос, яъне аз як тараф комиҷроияи шӯроҳо ва аз тарафи дигар думаи шаҳрӣ, балки беҳокимиятию бесарусомонӣ низ ҳукмфармо гардид. 

   Вазъияти дар шаҳри Ӯротеппа баамаломада русзабонҳои шаҳрро ба воҳима андохт. Сарварони онҳо 4-уми феврали соли 1918 ба комиҷроияи шӯроҳои маҳаллӣ (яъне Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарон) муроҷиат карда, барои муҳофизати худ аслиҳа хостанд. Дар комиҷроияи шаҳр, ки чун шӯрои маҳаллӣ аксариятро эсеру меншевикҳо ташкил медоданд, ин дархостро маъқул шумориданд.

  18-уми феврали соли 1918 бо пешниҳоди судяи шаҳри Ӯротеппа монархист В.И.Владимиров маҷлиси муштараки шаҳрвандон ва аскарони русзабон ҷамъ омад ва дар он қарор карда шуд, ки барои таъмини амнияти русзабонҳои Ӯротеппа аз ҳисоби мардони русзабон дружинаи халқӣ ташкил дода шавад. Чун органи роҳбарикунанда шӯрои дружинаро иборат аз панҷ нафар интихоб намуданд. Ба ҳайати ин шӯро комиссари маҳаллӣ Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Ҳамин тавр, ташкилоти аксулинқилобии «дружинаи халқии рус» ба вуҷуд омад. Мақсади асосии ин дружина дар баробари таъмини амнияти русзабонҳо, соҳиб шудан ба ҳокимият низ буд. 

  Дружиначиёни Ӯротеппа дар ҳайати ҳукумати кишвари Туркистон дар симои комиссари халқӣ оид ба корҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ Агапов такягоҳи боэътимоде доштанд. Агапов аз номи раиси Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он, дар Ӯротеппа ҳокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт. 

  13-уми апрели соли 1918 дар бинои думаи шаҳрӣ маҷлиси дружиначиён ва тарафдорони онҳо барпо гардид. Дар он оид ба барҳам додани Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Ӯротеппа қарор қабул карда шуд. Комиҷроияи шӯрои шаҳр, ки аксари кормандонаш ҳанӯз ҳам дар мавқеи эсеру меншевикҳо буданд, ба муқобилати болшевикон аҳамият надода, ба якҷоя шудан бо «дружинаи халқии рус» ризоят доданд. Ҳамин тавр, дар шаҳри Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ расман барҳам хӯрд.

  Моҳи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ӯротеппа,  аз ҳисоби мухолифони дружиначиён Ҳизби коргарон ва деҳқонони мусулмон бунёд гардид. Онҳо шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқононро низ аз нав ташкил карданд. Мақсади асосии ин ташкилотҳо аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа буд. Бо ин мақсад ҳизби нав мардумро ташвиқ мекард, ки барои дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани ҳокимият ба мубориза бархезанд. Дар натиҷа муқобилони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи шӯрои дружина ва тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқонон ҷамъ омада буданд. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯротеппа боз дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омадааст. 

  8-уми июли соли 1918 аз Хуҷанд ба Ӯротеппа қисмҳои аскарони сурх фиристода шуданд ва онҳо худи ҳамон рӯз шаҳрро таҳти назорат гирифтанд. Шӯрои дружиначиён пароканда карда шуд. 10-уми июл ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани тамоми ҳокимият дар Ӯротеппа эълон карда шуд. Ҳамин тавр, Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа аз нав барқарор карда шуд.

  Баъди аз нав барқарор карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа дар назди ҳукуматдорони кишвари Туркистон ҳалли масъалаи Мастчоҳ ба миён омад, зеро дар ин гӯшаи дурдаст Ҳокимияти Шӯравӣ вуҷуд надошт.

  Моҳи феврали соли 1918 дар Мастчоҳ низ ба ҷойи комиссари волостии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфтани кумитаи иҷроияи шӯравиро эълон карданд. Тобистон дар ин ҷо ҳам маъракаи аз мардуми доро ва миёнаҳол ситондани ғалла (чунонки дар  Ӯротеппа буд) яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани Ҳокимияти Шӯравӣ гардид. Моҳи сентябр бо ташаббуси намояндаи кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд Чечевичкин кумитаи иҷроияи волости Мастчоҳ таъсис ёфт, ки он танҳо деҳаҳои поёнӣ (қисми ғарбӣ)-и волостро дар бар мегирифт. Қисми болоӣ (шарқӣ)-и Мастчоҳ аз ин воқеаҳо бехабар буданд. Раиси комиҷроияи волости Мастчоҳ Исо Олимбоеви ӯротеппагӣ, ки худ дар мавқеи зиддишӯравӣ меистод, интихоб гардид.

  Моҳи ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ исёни зиддишӯравӣ ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он худи Исо Олимбоев буд. Шӯришгарон Ҳокимияти Шӯравиро дар Мастчоҳ сарнагун намуданд. Баъди дар Ӯротеппа сарнагун карда шудани «дружиначиён», аз Ӯротеппа ба сӯйи Мастчоҳ бо мақсади аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ бо сарварии С. Я. Хохлов ба воситаи ағбаҳои Камодон ва Оббурдон отряди махсуси 20-нафараи аскарони сурх фиристода шуд. Вале ин отряд дар наздикии деҳаҳои Мадрушкат ва Ревомутк аз тарафи мастчоҳиён торумор карда шуд. Баъди ин аз Хуҷанд бо сарварии раиси комиҷроияи уезди Хуҷанд Тихонов як отряди 56-нафара ба сӯйи Мастчоҳ раҳсипор гардид. Аз Самарқанд низ ба сӯйи Мастчоҳ отряди дигаре бо сарварии Н.А. Силченко ба роҳ баромад. 

  Бо мақсади пешгирӣ аз хунрезӣ кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа қарор кард, ки бо қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ роҳи мусолиҳаро пеш гирад. 30-юми ноябр дар деҳаи Овчӣ гуфтушуниди тарафайн барпо шуда, сулҳ имзо гардид. Мастчоҳиён ваъда доданд, ки Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намуда, ба хуруҷҳои зиддишӯравӣ хотима медиҳанд. 

   Барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ашт. Бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ на танҳо дар волости Ашт, балки дар Исфараю Конибодом ҳам, ки ба вилояти Фарғона дохил мешуданд, ба воқеаҳои дар ин вилоят рӯйдода сахт вобастагӣ дошт. To моҳи декабри соли 1917 аксари ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла волостҳои номбурда, ба доираи идоракунии Мухторияти Қӯқанд дохил мешуданд. Танҳо дар конҳои нафти САНТО ва ангишти Шӯроб моҳи ноябр Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. 6-уми декабр дар натиҷаи амалиёти ҷангии қисмҳои аскарони сурх маркази вилояти Фарғона – шаҳри Скобелев (шаҳри Фарғонаи имрӯза) ба ихтиёри Ҳокимияти Шӯравии Туркистон гузашт. 

  6–7-уми декабр дар шаҳри Скобелев анҷумани шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва мусулмонони вилояти Фарғона барпо гардид. Ин анҷуман дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард, вале ин қарор (аз ноҳияҳои номбурда) танҳо дар ҳудуди волости Ашт амалӣ гардид, зеро дар Ашт нуфузи Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо нисбатан суст буд. Ғайр аз ин, волости Ашт аз маркази мухториятчиён – шаҳри Қӯқанд нисбатан дур буд. Амалӣ намудани қарори анҷуман дар ҳудуди ин волост ба ягон муқобилат дучор наомад. Ин чунин маъно дорад, ки дар волости Ашт, бо вуҷуди нуфузи зиёд надоштани болшевикон, Ҳокимияти Шӯравӣ ба таври осоишта барқарор карда шудааст. Волостҳои Исфараю Конибодом минбаъд ҳам то охири феврали соли 1918 дар ҳайати Мухторияти Қӯқанд монданд. 

   Барпо карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар болооби Зарафшон. Барпо карда шудани тартиботи шӯравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон, ки аз волостҳои Панҷакент, Фалғар, Мастчоҳ, Искандарӣ, Моғиёну Зарафшон, Фороб, Офтобрӯ ва Киштут иборат буд, ба вазъи Самарқанд  вобастагии қавӣ дошт. Аз волостҳои номбурда танҳо Мастчоҳ аз ҷиҳати маъмурӣ ба воситаи Ӯротеппа ба уезди Хуҷанд дохил мешуд. Волостҳои боқимонда якҷоя минтақаи Панҷакентро ташкил дода, ба ҳайати уезди Самарқанди вилояти Самарқанд шомил буданд. 

  13-уми декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд анҷумани II шӯроҳои вилоятӣ ба кор шурӯъ намуд ва дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Дар ҳамин моҳ кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро, ки ҳанӯз дар болооби Зарафшон сарварони волостҳо буданд, аз вазифаҳояшон озод карда, барои бунёди Ҳукумати Шӯравӣ намояндагони худро фиристод. 

  Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 1917 дар болооби Зарафшон, аз ҷумла дар волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искандарӣ, Моғиёну Киштут, Фороб ва Офтобрӯ бе ягон муқобилати ҷиддӣ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд.

  Сарчашма: 

  Дар хитобномаи Анҷумани II умумирусиягии шӯроҳо «Ба коргарон, солдатҳо ва деҳқонон!», ки 25-уми октябр (7-уми ноябр)-и соли 1917 қабул гардидааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳокимияти Советӣ ба ҳамаи халқҳо сулҳи фаврии демократӣ ва дар ҳамаи фронтҳо муторакаи фаврӣ таклиф мекунад. Вай бепул ба ихтиёри кумитаҳои деҳқонон додани заминҳои помешикӣ, уделӣ ва монастириро таъмин менамояд, бо роҳи комилан демократикунонии армия ҳуқуқҳои солдатро ҳимоя мекунад, аз болои истеҳсолот назорати коргарӣ муқаррар менамояд, сари вақт даъват кардани Маҷлиси муассисонро таъмин менамояд, дар бораи ба шаҳрҳо расонда истодани ғалла ва ба деҳот расонда истодани заруртарин маводи зиндагӣ ғамхорӣ мекунад, ба ҳамаи миллатҳои сокини Русия ҳуқуқи ҳақиқии худмуайянкуниро таъмин менамояд». (Ниг.: КПСС дар резолютсияҳо.Ҷилди 2, Душанбе, 1975. С.11).

Санаҳои муҳим:

1917,25-уми октябр (7-уми ноябр) – ғалабаи Инқилоби октябр дар Петроград. 

1917, 1 (14) -уми ноябр – ғалабаи шӯриш дар Тошканд. 

1917, 11 (24)-уми ноябр – ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд. 

1917, 15 – 22-уми ноябр – Анҷумани III Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони кишвари Туркистон. Ташкил ёфтани ҳокимияти шӯравии кишвар дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ. 

1917, ноябр-декабр – ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимият дар Ашт, Ӯротеппа, Панҷакент, Фалғар, Искандарӣ, Моғиёну Киштут, Фороб ва Офтобрӯ. 

1917, 14-уми феврал – ба солшумории григорянӣ гузаштани Русияи Шӯравӣ. 

1918, 13-уми апрел – аз тарафи дружиначиён барҳам дода шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа. 

1917, 10-уми июл – аз нав барқарор карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа. 

1917 – барҳам дода шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Мастчоҳ. 

1918, 30-юми ноябр – имзои сулҳ дар деҳаи Овчӣ. Мувофиқи он, аз тарафи мастчоҳиён эътироф карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Дар бораи ғалабаи Инқилоби октябр дар Петроград чӣ медонед ва дар натиҷаи ғалаба ҳокимият ба ихтиёри кӣ гузашт? 

2) Шӯриш дар Тошканд чӣ тавр ғалаба кард? 

3) Дар Хуҷанд чӣ тавр ҳокимият ба ихтиёри шӯроҳо гузашт? 

4) Сарварии шӯроҳои Хуҷанд дар ихтиёри кадом ҳизбҳо буд? 

5) Дар Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ чӣ тавр барпо карда шуд? 

6) Дружиначиёни Ӯротеппа киҳо буданд ва чӣ мехостанд? 

7) Дар Мастчоҳ Ҳокимияти Шӯравӣ чӣ тавр барпо карда шуд? 

8) Дар Ашт ҳокимият ба ихтиёри шӯроҳо кай ва чӣ тавр гузашт? 

9) Дар маҳалҳои болооби Зарафшон Ҳокимияти Шӯравӣ кай ва чӣ тавр барпо карда шуд? 

10) §§ 41 ва 42-ро такрор кунед.