§§ 11-12. ШӮРИШИ СОЛҲОИ 1873 - 1876  ВА  БАРҲАМ  ДОДА  ШУДАНИ ХОНИИ ҚӮҚАНД

§§ 11-12. ШӮРИШИ СОЛҲОИ 1873 - 1876  ВА  БАРҲАМ  ДОДА  ШУДАНИ ХОНИИ ҚӮҚАНД

    Сабаб ва баҳонаи шӯриш. Барои ба вуҷуд омадани ин шӯриш якчанд омил мавҷуд буд. Пеш аз ҳама, як қисми мардуми Қӯқанд аз имзои шартнома бо Русия (13-уми феврали соли 1868) норозӣ буданд, зеро мувофиқи он, на танҳо аз даст рафтани мулкҳои забтнамудаи қӯшунҳои Русия эътироф карда мешуд, балки хонии Қӯқанд ҳам ба мустамликаи Русия табдил ёфт. Бинобар ин, аз шартнома онҳое, ки истиқлоли хонии Қӯқандро мехостанд норозӣ буданд. Аз шартномаи мазкур тоҷирони қӯқандӣ ҳам норозӣ буданд. Онҳо минбаъд дар тиҷорати байни Русияю Қӯқанд аз қаламрави генерал – губернатории Туркистон берун фаъолият карда наметавонистанд. 

    Омили дигар ва асосӣ он аст, ки дар натиҷаи ҷангҳои мансабхоҳонаи Худоёрхону Маллахон ва набардҳо бо Русия хазинаи хонӣ холӣ гардид. Дар натиҷаи аз ихтиёри хонии Қӯқанд баромадани қисми зиёди сарзамини он, ки ба генерал–губернатории Туркистон тобеъ шуданд, даромади хазина хеле махдуд гардид. Минбаъд даромади хазина хароҷотро пӯшонида наметавонист. Бинобар ин, дар хонигарӣ ҳаҷм ва навъи андозҳо нисбатан афзуд. Илова ба ҳамаи ин, ҳангоми муайян намудани ҳаҷми андоз ва ситонидани он амалдорони маҳаллӣ ба худсариҳои зиёд роҳ медоданд. Ҳамаи ин хашму ғазаби халқи заҳматкашро зиёд намуд. Баҳонаи асосии шӯриш барои чорпо зиёд ситонидани андоз – закот ба ҳисоб меравад. 

     Оғоз ва рафти шӯриш. Шӯриш аввали баҳори соли 1873, пеш аз ҳама, дар байни мардуми қирғиз сар шуд, зеро яке  аз сарварони шӯриш будани Пӯлодхон (миллаташ қирғиз, писари мударриси Оқмадрасаи Марғелон, номи аслиаш Мулло Исҳоқ Мулло Ҳасан-ӯғли) онҳоро рӯҳбаланд намуд. Аз ин рӯ қирғизҳо аввалин шуда ба майдон баромаданд. Шӯриш ба зудӣ маҳаллаҳои гуногунро фаро гирифт. Дар он баробари қирғизҳо, ӯзбекҳо ва тоҷикон низ фаъолона иштирок доштанд. Шӯриш аз моҳи июли соли 1873 хусусияти мусаллаҳона гирифт. Дар рафти шӯриш ба он қувваҳои гуногун ҳамроҳ гардиданд. Махсусан, аз моҳи июли соли 1875 ба шӯриш пайвастани дастаҳои Абдураҳмон-офтобачӣ аҳамияти махсус дошт. Он ба шӯришгарон рӯҳияи тоза бахшид. Абдураҳмон-офтобачӣ (писари Мусулмонқул ном шахс, ки аз тарафи хони Қӯқанд Худоёрхон қатл карда шудааст) то соли 1875 ба яке аз қисмҳои аскарони хонӣ сарварӣ мекард ва дар саркӯб кардани шӯришҳо борҳо иштирок карда буд. Вале соли 1875 ба муқобили хони Қӯқанд – Худоёрхон суйиқасд ба вуқӯъ омад ва Абдураҳмон-офтобачӣ ҳамроҳи писари калонии Худоёрхон – Насриддинбек иштирокчии фаъоли он буданд. Баробари ба тарафи шӯришгарон гузаштани суйиқасдчиён давраи дуюми шӯриш оғоз мешавад. То ҳамон лаҳза Пӯлодхон роҳбари асосии шӯришгарон буд. Минбаъд ба шӯриш Пӯлодхон ва Абдураҳмон-офтобачӣ бо ҳам сарварӣ карданд. Онҳо Ӯш, Намангон, Андиҷон, Ассака ва Олтиариқро ишғол намуда, бевосита ба худи Қӯқанд таҳдид мекарданд. Писари дуюми Худоёрхон Муҳаммад Аминбек низ бо дастаҳои худ ба шӯриш ҳамроҳ шуд. 

    Вазъияти Худоёрхон хеле мураккаб гардид. Вай роҳи ягонаи халосиро дар ёрӣ хостан аз генерал-губернатори Туркистон медид, вале баробари ба шаҳри Тошканд расидани муроҷиати Худоёрхон, худи ӯ ҳам 22-юми июли соли 1875 бо наздиконаш аз Қӯқанд баромада, ба воситаи Хуҷанд ба Тошканд омада, худро ба ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ гирифт. Баъди ин гурӯҳи Абдураҳмонофтобачӣ на Пӯлодхон, балки писари хони гуреза – Насриддинбекро хон эълон карданд. Мувофиқи баъзе маълумот, Насриддинбек барои ба тарафи худ кашидани Абдураҳмон-офтобачӣ ба ӯ 50 ҳазор тангаи тилло додааст. 

    Моҳи июли соли 1875 Насриддинбек ва Абдураҳмонофтобачӣ дар мактуб ба генерал-губернатори Туркистон идома додани муносибати дӯстиро пешниҳод карданд. Дар ҷавоб генерал-губернатор таъкид намуд, ки ҳокимияти Насриддинбекро ба шарте  ба расмият мешиносад, ки ӯ тамоми бандҳои шартномаи бо Русия имзонамудаи Худоёрхонро эътироф намояд. Шӯриш ҳанӯз идома дошт ва ноҳияҳои нав ба навро фаро мегирифт. Аз рӯйи баъзе маълумот, аввали августи соли 1875 шумораи иштирокчиёни шӯриш то ба 15 – 16 ҳазор нафар расид. Шӯришгарон Новро ишғол намуда, роҳи алоқаи Ӯротеппаю Хуҷандро буриданд.

   Дар санаи 7-уми августи соли 1874 Кауфман ба муқобили шӯришгарон қувваи бузургеро сафарбар кард. 22-юми август муҳорибаи сахттарини назди қалъаи Маҳрам ба вуқӯъ омад, ки бо мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт. Кауфман баъди ишғоли қалъаи Маҳрам аз шӯришгарон талаб кард, ки муқобилатро бас карда, чун товони ҷанг ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ 40 ҳазор тангаи нуқра ё худ 10 ҳазор тангаи тилло супоранд. Инро аксари сарварони шӯриш рад карданд, вале Насриддинбек 22-юми сентябри ҳамон сол пинҳонӣ аз шӯришгарон бо Кауфман шартнома имзо кард. Мувофиқи он, Насриддинбеки хоин на танҳо хизматгори содиқи ҳукумати подшоҳӣ буданашро эътироф кард, балки соҳилҳои рости дарёи Сирро низ бо шаҳрҳои Намангон ва Чуст ба фоидаи Русия вогузошт. Инчунин, ӯ розӣ шуд, ки ба фоидаи хазинаи ҳукумати подшоҳӣ қариб 2 млн сӯм товони ҷанг супорад.

   Рафтори хоинонаи Насриддинбек ғазаби нави шӯришгаронро ба вуҷуд овард ва онҳо минбаъд муборизаро ба муқобили хони нави хоин ва атрофиёнаш равона карданд. Бо ин давраи сеюми шӯриш оғоз ёфт. Охирҳои моҳи сентябр шумораи шӯришгарон то ба 60 – 70 ҳазор нафар расид. Шӯришгарон ба ҷойи Насриддинбек Пӯлодхонро хони Қӯқанд эълон карданд. 

   Пӯлодхон Ассакаро пойтахти худ эълон кард. Дар санаи 9-уми октябри соли 1875 шӯришгарон Қӯқандро ишғол намуданд. Насриддинбек гурехт. Пӯлодхон моҳи декабр қароргоҳи худро аз Ассака ба Марғелон овард. Муҳорибаи минбаъда, ки асосан бар зидди аскарони рус идома дошт, ба шӯришгарон талафоти зиёде овард. Чунончи, 8-уми январи соли 1876 дар муҳориба – мудофиаи Андиҷон қариб 20 ҳазор нафар шӯришгарон қурбон шуданд. Дар чунин лаҳзаҳои душвор як қисми сарварони шӯриш, аз он ҷумла Абдураҳмон-офтобачӣ ба воҳима афтода, бо саркардаҳои ҳарбии рус пинҳонӣ гуфтушунид карданд. Пӯлодхон ҳанӯз ҳам муқобили ҳар гуна созиш ва тарафдори идома додани мубориза буд. Ӯ ба Учқӯрғон рафта, ният дошт, ки аз Қаротегин қувваи нав сафарбар намояд, вале шаби 27-ум ба 28-уми январи ҳамон сол аскарони рус ба манзили Пӯлодхон зада даромаданд. Худи ӯ гурехта бошад ҳам, ба зудӣ дастгир шуд. Моҳи марти ҳамон сол Пӯлодхонро дар майдони бозори Марғелон бо ҳукми суди ҳарбии рус ба дор овехтанд. Дигар сарварони шӯриш низ бо усулҳои гуногун ҷазо дода шуданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз мардуми Қӯқанд чун товони ҷанг 3 млн сӯм талаб кард. 

    19-уми феврали соли 1876 бо ризояти подшоҳи Русия Александри II ва бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауфман хонии Қӯқанд барҳам дода шуд.Ба ҷойи он дар ҳайати генерал – губернатории Туркистон боз як вилояти нав – Фарғона ташкил ёфт. Губернатори ҳарбии вилояти нав генерал М.Д.Скобелев таъйин гардид. 

    Ҳамин тавр, шӯриши калонтарини мардуми водии Фарғона шикаст хӯрд. Он аз ҷиҳати хусусият халқӣ буда, дар аввал асосан, ба муқобили зулму истибдоди хонӣ ва минбаъд ба муқобили ниятҳои мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи онро ба фоидаи Русия ҳал намуданд.

Сарчашма:

Академик Бобоҷон Ғафуров вазъи хонигарии Қӯқандро то оғози шӯриш чунин тасвир намудааст: «Ҳукуматдорони подшоҳӣ дар Петербург ва Тошканд аз ҳукмронии давлати хонии Қӯқанд ҳамеша изҳори хурсандӣ ва қаноатмандӣ мекарданд. Ин аст, ки Худоёрхонро ба ивази нармию хушмаҳзарӣ ва гузаштҳояш нисбат ба талабҳои империяи Русия борҳо бо нишону унвонҳои ифтихорӣ ва ташаккурномаҳои «Аълоҳазрат» сарфароз гардонида буданд». Ҳол он ки вазъи худи хонигарӣ хеле ноором буд. Ҳуҷҷатҳои мавҷуда «аз мавриди таҳқир қарор гирифтани одамони меҳнаткаш, ваҳшонияти политсия, андозу хироҷҳои зиёде, ки ҳатто «барои хори дар биёбон рӯйида, дарахтони аз кӯҳ оваранда, барои най, барои золуи аз кӯл ҷамъкунанда ва ғайра меситониданд», гувоҳӣ медиҳанд. (Ниг.:Ғафуров Б. Тоҷикон. Китоби 2 - С. 172-173).

Санаҳои муҳим:

1868, 13-уми феврал – шартномаи байни Русия ва хонии Қӯқанд. 

1873, аввали баҳор – оғози шӯриш дар хонии Қӯқанд. 

1874, июл – хусусияти мусаллаҳона гирифтани шӯриш. 

1875, 22-юми июл – Худоёрхон баъди огоҳӣ аз суйиқасд ба Тошканд гурехт. Пас аз он Насриддинбек худро хон эълон кард. 

1875, 7-уми август – генерал-губернатори Туркистон барои саркӯб кардани шӯриш қувваи бузурге фиристод. 

1875, 22-юми август – муҳорибаи шадидтарини назди қалъаи Маҳрам. 

1875, 22-юми сентябр – Насриддинбек пинҳонӣ бо Кауфман шартнома имзо кард. 

1875,  9-уми октябр – шӯришгарон Қӯқандро ишғол карданд. 

1876, 8-уми январ – мағлубияти шӯришгарон дар муҳориба. Мудофиаи Андиҷон аз қӯшунҳои Русия. 

1876, 19-уми феврал – шикаст хӯрдани шӯриш. Барҳам дода шудани хонии Қӯқанд.

Савол ва супоришҳо:

1) Сабабҳои шӯриши соли 1873–1876 дар хонии Қӯқанд кадомҳоянд? 

2) Оғоз ва рафти шӯришро шарҳ диҳед. 

3) Сарварони шӯриш киҳо буданд? 

4) Чаро Худоёрхон ба Тошканд гурехт? 

5) Чаро ҳукуматдорони подшоҳии Русия саркӯб намудани шӯриши Қӯқандро зарур шумориданд? 

6) Чаро Насриддинбек ба тарафи шӯришгарон гузашт? 

7) Хонии Қӯқанд кай барҳам дода шуд? 

8) Шӯриши соли 1873–1876 дар хонии Қӯқанд аз ҷиҳати хусусият чӣ гуна буд? 

9) §§ 4-5 ва 6-ро такрор намоед.