§31. ҲАРАКАТИ ҶАДИДИЯ

§31. ҲАРАКАТИ ҶАДИДИЯ

   Ба вуҷуд омадани ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ. Ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX дар байни  зиёиёни  бедоргаштаи маҳаллӣ  дар аввал ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, баъд ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона ба вуҷуд омадааст. Тарафдорони ин ҳаракат ақибмондагии иқтисодию сиёсии мулки худро ба хубӣ дарк намуда, коста будани маънавиёти мардумро эҳсос карданд ва чун пешовандонашон – маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки 1) бо роҳи интишори адабиёти нав ва ба роҳ мондани чопи рўзномаю маҷаллаҳо аҳволи мардумро беҳтар намоянд; 2) ба ислоҳи тарзи идоракунии кишвари худ ноил гардида, барои рушд ёфтани он чун халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ шароит муҳайё кунанд; 3) ба барҳам додани ҳар гуна разолатҳои давр – бетартибию ғоратгариҳо ҳангоми ситонидани андозҳо, худсарии амалдорон ва ғайра муваффақ шаванд; 4) бо роҳи ислоҳот дини исломро ба талаботи замони нав – рушди муносибатҳои сармоядорӣ мутобиқ гардонанд. 

Ҷадидони Бухоро худро «ҷадид» наномидаанд. Ин номро ба онҳо, чун калимаи таҳқиркунанда, муқобилони ислоҳoт гузоштаанд. 

                            

Яке аз шумораҳои рўзномаи «Қабл-улматин» (аз 14-уми майи соли 1907), ки бо забони форсӣ дар Калкуттаи Ҳиндустон нашр гардида, дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Бухоро ҳам паҳн мегардад 

 Барои гузоштани чунин ном аз тарафи ҷадидон ташкил карда шудани мактабҳои усули нав (ё худ усули ҷадидӣ) сабаб шуда буд. «Ҷадид» калимаи арабӣ буда, ба форсии тоҷикӣ маънои «нав», «тоза»-ро дорад ва он ягон маънии таҳқиркунандаеро ифода намекунад, вале дар шароити аморати Бухоро ҳомиёни  тартиботи куҳна ҳар каси ба худ аз рўйи ақида муқобилро «ҷадид» меномиданд. Оҳиста-оҳиста ин калима нисбати ҳамаи онҳое, ки тарафдори ислоҳот буданд, мактабҳои усули нав мекушоданд, дар чунин мактабҳо таҳсил менамуданд ва ё бо он робита доштанд, умуман, нисбати ҳамаи онҳое, ки чи ба тартиботи асримиёнагии амирӣ ва чи усули куҳнаи таълим розӣ набуданд, истифода мегардид. Онҳо бо истиллоҳи «ҷадид» ба таърих ворид шуданд ва худи ҷадидон онро нисбати худ ва ҳамфикронашон на ба маънои таҳқир, балки чун шахси озод, ҷорикунандаи андешаву ақидаҳои нав қабул карданд.

    Дар асл ҷадидон дар марҳалаи аввал худро «ҷавонон», «ҷавонфикрон», «маорифпарварон», «тараққипарварон», «ислоҳотпарварон», «ислоҳотхоҳон», «навпарастон» ва ғайра меномиданд. Ғайр аз ин, ҷадидони Бухоро ба ҷавонтуркони Туркия пайравӣ намуда, худро «ҷавонбухороиён» ва ҷадидони Хева худро «ҷавонхевагиҳо» меномиданд. Дар навбати худ ҷадидон муқобилони худро «куҳнапарастон», «қадимиён», «қадимпарастон», «тарафдорони усули куҳна» ва ғайра меномиданд. Аз ҳамин сабаб ҷанҷоли тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав дар таьрих ба номи «низои байни ҷадидону қадимпарастон» маълум аст ва он ҷанҷол сол то сол шиддат ёфта, махсусан, дар шароити Бухорои амирӣ бештар шакли фоҷиавӣ касб мекард. 

   Марказҳои намоёни ҳаракати ҷадидӣ дар аморати Бухоро  шаҳри Бухорои Куҳна (пойтахти аморат), дар кишвари Туркистон – шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Тошканд ва дар хонии Хева – шаҳри Урганҷ ба ҳисоб мерафтанд, зеро ин шаҳрҳо дар баробари марказҳои маъмурӣ ҳисоб шудан, марказҳои илму маърифат ҳам буданд.

   Сарчашмаҳои ташаккули ҳаракати ҷадидия инҳо буданд: 1) ақидаҳои маорифпарварӣ, махсусан, эҷодиёти Аҳмади Дониш; 2) таъсири ҳаракати ҷадидияи тоторҳо, ки ҳанўз солҳои 80-уми асри XIX ташаккул ёфтааст; 3) таъсири рушди муносибатҳои нави молию пулӣ; 4) таъсири матбуоти даврӣ.

   Фаъолияти ҷадидон дар кишвари Туркистон. Бояд таъкид намуд, ки ҷадидон дар Осиёи Марказӣ дар шароити гуногун амал мекарданд. Масалан, дар шароити кишвари Туркистон онҳо то андозае озодона фаъолият менамуданд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба корҳои ҷадидон (ғайр аз солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ) чандон аҳамият намедоданд. Бинобар ин, ҷадидони кишвари Туркистон дар роҳи амалӣ гардонидани мақсадҳои худ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғайр аз муқобилати тарафдорони усули куҳнаи таълим, дигар монеаи ҷиддие қариб эҳсос намекарданд. 

   Ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон то замони Инқилоби феврали (соли 1917) Русия ба таври муташаккил ташаккул наёфта бошад ҳам, тарафдорони он шароити кишварро ба назар гирифта, дар назди худ чунин мақсадҳои муайян гузошта буданд: дар масъалаи тарбия –ҷавонони маҳаллиро бештар ба илму маърифат, ривоҷ додани корҳои тиҷорату саноат даъват менамуданд. Дар ин соҳа онҳо, бегуфтугӯ, тарафдори ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактаби усули нав буданд; оид ба сабук намудани аҳволи халқи заҳматкаш – ба тартиб даровардани андозҳо ва сабук кардани онҳо; қатъ гардонидани муҳоҷиркунии деҳқонони рус ба кишвари Туркистон; дар масъалаи идоракунии кишвар – ислоҳ намудани усули идоракунии мустамликавӣ, аз ҷумла тағйир додани баъзе бандҳои «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон», ки дар асоси онҳо амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба мардуми маҳаллӣ бераҳмӣ зоҳир менамуданд; дар масъалаи ҳукуқ – баробарҳуқуқии раияти муқимии кишвар бо раияти рус, маҳдуд кардани дахолати амалдорони подшоҳӣ ба корҳои идоракунии маҳаллӣ, ки баъзан боиси аз тарафи эшон поймол карда шудани урфу анъанаҳои мардум мегардид ва ғайра. 

   Сарварони ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1875–1919), Абдулқодир Шакурӣ (Абдулқодир Абдулшукуров 1875–1943, ҳар ду аз Самарқанд). Мунавварқорӣ Абдурашидов (дар Тошканд) буданд. 

   Аз тарафи ҷадидони кишвари Туркистон маҷаллаю рӯзномаҳои: «Хуршед» (1906), «Самарқанд» (1913 – 1914), «Ойина» (1913 – 1915), «Тараққӣ» (1906), «Шуҳрат» ва «Туҷҷор» (1907 – 1908), «Осиё» (1913 – 1915), «Садои Туркистон» (1914 – 1915), «Садои Фарғона» (1913) ва ғайра нашр мегардиданд. Аз байни онҳо маҷаллаи «Ойина», ки Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ нашр мекард, бо ду забон: форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, боқӣ ҳама ба забони ӯзбекӣ чоп мешуданд. 

  Дар шароити кишвари Туркистон муқобилони ҳаракати ҷадидия аз ҳисоби мударрису муллоҳо ва толибилмон кам набуданд. Онҳо дар мактабу мадрасаҳо усули куҳнаи таълимро дастгирӣ намуда, муқобили мактабҳои усули нав, мактабҳои русии маҳаллӣ, тарафдори аз нав барқарор кардани мавқеи номаҳдуди дину шариат ва ғайра буданд. Вале мухолифони ислоҳот аз ошкоро ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ баромадан метарсиданд.

   Фаъолияти ҷадидон дар аморати Бухоро. Дар шароити аморати Бухоро вазъият барои фаъолияти ҷадидон андаке дигар буд. Ҳукумати амирӣ аз рӯзҳои аввали ба майдон омадани ҳаракати ҷадидӣ тарафдорони онро таъқиб намуда, фаъолияти мактабҳои усули навро манъ кард. Чунин муносибат суръати аз ҷиҳати ташкилӣ танзим ёфтани ҳаракати ҷадидияи Бухороро тезонид. Махсусан соли 1909 аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шудани мактаби усули нави Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1877 – 1934) ва Садриддин Айнӣ (1878 – 1954) тарафдорони ҳаракати навро ба ғазаб овард ва онҳоро баръакс, бо ҳам наздиктар намуд. Тарафдорони мактаби усули нав минбаъд бо ҳам тез-тез вохӯрда, оид ба тақдири Бухоро, мардуми он, корҳои мактабу мадрасаҳо суҳбатҳо меоростанд. Дар натиҷа, солҳои 1909 – 1910 дар Бухоро ҳаракати ҷадидӣ ҳамчун ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷамъиятию сиёсӣ пурқувват шуд ва аз ҷиҳати ташкилӣ ташаккул ёфт. 

  С.Айнӣ бо дӯсти худ А.Мунзим дар маркази ҳаракати ҷадидияи Бухоро, дақиқтараш, аз ҷумлаи сарварони он буданд. Ҷадидони бухороӣ вазъи аморатро ба эътибор гирифта, баҳри рушду ободии ватани худ, инчунин, баҳри хушбахтии мардуми он, дар назди худ чун мақсаду маром, иҷрои вазифаҳои зеринро гузоштаанд: дар соҳаи маориф – барҳам додани бесаводӣ тавассути кушодани мактабҳои усули нав, ислоҳоти таълим дар мадрасаҳо, паҳн намудани адабиёти нав ва матбуоти ҳаррӯза; дар соҳаи ҳимояи манфиати халқ – бо роҳи ташвиқот ба мардум фаҳмонидани разолатҳои ҳукуматдорони амирӣ, исрофкории амир ва аҳли дарбор, инчунин дар байни мардум барҳам додани исрофкориҳои зиёд ҳангоми тӯй, мотам (маросимҳои азодорӣ) ва дигар маъракаҳо; дар соҳаи мустаҳкам намудани иттифоқ ва дӯстии мардум – бо роҳи фаҳмондан барҳам додани низоъҳои мазҳабӣ ва ғайра. 

   Минбаъд ба ҳаракати ҷадидияи кишвари Туркистон ва Бухоро дар қатори зиёиён, инчунин, намояндагони тоҷирони маҳаллӣ низ дохил гардиданд. Ҷадидон ҳақиқатан ҳам давомдиҳандагони фаъолияти маорифпарварони асри XIX буданд. Бинобар ин онҳоро низ маорифпарварон номидан хато нест, вале ин ҳаракатро нисбат ба маорифпарварони асри XIX «як қадам ба қафо» гуфтан хатост. Баръакс, ҳаракати ҷадидӣ нисбат ба маорифпарварии гузашта як қадам ба пеш аст. Зеро маорифпарварони аввала норасоиҳои замонро дар асарҳо, суҳбатҳо, шеъру сурудҳои худ сахт танқид карда, барои амалӣ гаштани он корҳои назаррасе накардаанд. Аммо ҷадидон аз ибтидо фаъолияти худро бо кори амалӣ– ташкили мактабҳои усули нав, нашри рӯзномаҳо, ислоҳи усули таълим дар мадрасаҳо ва ғайра оғоз карданд. 

   Ба ҷадидон тамғаи исломпарастӣ (панисломизм)-ро часпонда сиёҳ кардан низ хатост. Зеро, чунон ки таъкид намудем, фаъолони ин ҳаракат аксаран аҳли савод, муллою муллозодаҳо, мударрисҳо ва толибилмони мадрасаҳо, яъне қариб ҳама аз  аҳли ислом буданд. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ аз доираи ислом берун шуда наметавонистанд ва ин тавр шуданаш мумкин ҳам набуд. Аз аҳли ғайримусулмон – яҳудиёни маҳаллӣ аксаран хайрхоҳон буданду халос. Бинобар ин ҷадидон аз доираи шариати дини ислом набаромада, бо роҳи ислоҳот мулки худ ва мардуми онро аз ҳолати бенавоию фақирӣ бароварда, ба қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон расонидан мехостанд. 

  Пурзӯршавии ҷараёни пантуркистӣдар байни ҷадидон. Маълум аст, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар асоси идеологияи миллатгароёни турк – туркизм ақида ва ё худ равияи дигар – пантуркизм (туркпарастӣ, марказаш дар Туркия) ба вуҷуд омада, рушд кард. Мувофиқи таълимоти туркпарастон, як қатор миллатҳои ҷаҳон, ба монанди юнониҳо, форсҳо, арабҳо кайҳо хароб шудаанд ва онҳо гӯё оянда надоранд; қисми дигари миллатҳо, аз ҷумла халқҳои Аврупо гӯё ба интиҳо мерасанд; танҳо қисми сеюми миллатҳо, ки ба онҳо туркҳоро нисбат медоданд, гӯё тараққӣ мекунанд ва ояндаи дунё насиби онҳост. Аз ин рӯ онҳо «ягонагии миллӣ ва давлатӣ»-и ҳамаи халқҳои туркзабонро тарғиб мекарданд. Туркпарастӣ дар байни тоторони миллатгарои Қриму Поволже ҳамовозии зиёд пайдо кард, зеро онҳо тавассути ин равия воситаи ягонаи ҷудоӣ аз давлати Русияро медиданд. Бояд таъкид кард, ки як қисми тарҷумонҳо ва ҳатто амалдорони хурди давлати Русия, ки бо корҳои Осиёи Марказӣ машғул буданд, аз ҷумлаи тоторҳо буда, баъзеи онҳо, ба мисли ҷадидони тотор, ҳамин равияро дастгирӣ мекарданд. Ҷавононе, ки аз Осиёи Миёна ба Туркия ва ё ба Қриму Поволже сафар мекарданд ё худ аз тарафи чадидон барои таҳсил фиристода мешуданд, зуд ба зери таъсири ҳамин    равия меафтоданд. Минбаъд онҳо чун ташвиқгари ҳамин равия ба воя мерасиданд ва амал мекарданд. 

  Дар шароити Осиёи Марказӣ туркпарастон мавҷудияти тоҷиконро тамоман инкор мекарданд. Тоҷиконро ба «туркҳои бо таъсири адабиёти классикии форс забони худро гумкарда» дохил менамуданд. Бинобар ин онҳо мегуфтанд, ки «тоҷикон бояд ба асли худ – туркҳо табдил дода шаванд». 

  Оид ба муайян намудани туркпарастии ҷадидони Осиёи Марказӣ ҳушёрии ҷиддӣ лозим аст. Пеш аз ҳама, бояд ба эътибор гирифт, ки ҳаракати ҷадидӣ ва туркпарастӣ ҳеҷ гоҳ ҳаракати ягона набуд ва на ҳамаи ҷадидон дар тамоми даври фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан, дар давраи аввали фаъолияти ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ нисбатан кам буд. Аз ҳамин сабаб ҷадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва нахустин рӯзномаро ба забони форсии тоҷикӣ ташкил намудаанд, вале пӯшида нест, ки нуфузи туркпарастӣ дар фаъолияти онҳо сол то сол меафзуд. Зеро худи ҷадидони Осиёи Марказӣ дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши давлати тараққикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваҷҷуҳи зиёде пайдо карда буданд. Дар натиҷа, қисми зиёди зиёиёни бедоргаштаи тоҷик, ки ба равия ё худ ҳаракати ҷадидия дохил буданд, низ бо равияи туркпарастӣ заҳролуд шуда, минбаъд худро турк ҳисоб намуда, нисбат ба миллат ва забони худ хиёнатҳои зиёде кардаанд.

  Сарчашма: 

Садриддин Айнӣ дар аввал бо кадом ном фаъолият кардани ҷадидони Бухороро чунин шарҳ медиҳад: «Азбаски барои ба ҳамдигар наздик шудани ин соҳибфикрон дар марҳалаи аввал мактаби усули ҷадидия сабаб шуда буд, уламо ва арбоби ҳукумат ин фирқаро «ҷадид» ё «ҷадидӣ» номидаанд. Азбаски маслаки ин фирқа тараққию пешрафт ва роҳбаронашон ҷавонон ва ҷавонфикрон буданд, онҳо худро «ҷавонбухороиён» (мисли ҷавонтуркон) меномиданд». (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. - Душанбе, 1987. - С.70).

  Санаҳои муҳим:

Охири асри XIX ва ибтидои асри XX – дар сарзамини Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадани ҳаракати ҷадидӣ ё худ ҷадидия. 

1909-1910 – дар Бухоро ҳаракати ҷадидия ҳамчун ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷамъиятию сиёсӣ ташаккул ёфт.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Тарафдорони ҳаракати ҷадидия ба кадом мақсад (андешаҳо) бо ҳам муттаҳид гардидаанд? 

2) Манбаъҳои ташаккули ҳаракати ҷадидӣ кадомҳоянд? 

3) Ҳаракати ҷадидия дар шароити Осиёи Марказӣ кай ба вуҷуд омад? 

4) Ҷадидон дар шароити Бухоро худро дар аввал бо кадом номҳо муаррифӣ менамуданд? 

5) Ҷадидон дар кишвари Туркистон дар кадом шароит фаъолият мекарданд ва дар назди худ чӣ мақсад гузоштанд? 

6) Ҷадидон дар аморати Бухоро чӣ гуна фаъолият доштанд? 

7) Ҳаракати ҷадидии Бухоро кай аз ҷиҳати ташкилӣ ташаккул ёфт? 

8) Туркпарастӣ чист ва чаро нуфузи он дар байни ҷадидон зиёд гардид? 

9) §§ 29 ва 30-ро такрор кунед.