Адабиёти бадеӣ асосан ду навъ мешавад: а) адабиёти шифоҳӣ; б) адабиёти китобӣ. Дар ҷомеа аввал адабиёти шифоҳӣ – эҷодиёти даҳанакии халқ, яъне фолклор вуҷуд дошт, чунки хат набуд. Одамон ғаму шодӣ, орзую омоли хешро даҳонӣ, бадоҳатан дар нақлу ривоятҳо, афсонаву асотир, суруду таронаҳо баён мекарданд. Ин гуфтаҳо ба авлодҳо аз насл ба насл, аз аср ба аср мегузаштанд, такмил меёфтанд ва ҳамин тавр оҳиста-оҳиста жанру навъҳои адабиёти шифоҳӣ шакл мегирифтанд.
Баробари пайдоиши хат адабиёти китобӣ ҳам оғоз меёбад. Шахсони босавод адабиёти шифоҳиро ҷамъ карда, ба шакли китоб омода месохтанд. Мутаассифона, бар асари ҷангҳои шадид ва пурталотум ба муқобили лашкари арабҳо, ки дар асри VІІ милодӣ зери парчами ислом ба тасхир ва истилои Эрон ва баъдтар Осиёи Миёна бархост, на танҳо бинои давлати Сосониён ва мулкҳои мардуми эронии шарқӣ пош хӯрданд, балки осори фарҳангӣ ва маънавии чандинасраи мардуми мо нобуд гардид. Бо вуҷуди ин аз адабиёти қадим ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабӣ ба туфайли хат то замони мо омада расидаанд. Аз ҷумла: “Дарахти Асурик”, “Ёдгори Зарирон”, “Ҷомосбномак”, “Андарзи Беҳдоди Фаррухи Пирӯз”, “Қиссаи Рустам” ва баъзе манзумаву суруду порчаҳои шеърӣ.
Адабиёти шифоҳӣ моли халқ аст, яъне соҳиби нақлу ривоят, афсона, суруду таронаҳо мову шумо ҳастем. Имрӯз низ халқ асар эҷод мекунад ва он эҷодиёт дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ ба табъ мерасанд. Адабиёти китобӣ маҳсули шахсони муайян аст, ки дар замону макони муайян зиндагӣ карда, асар эҷод намудаанд. Масалан, устод Рӯдакиро гирем. Ӯ дар соли 858 ба дунё омада, соли 941 вафот кардааст. Ӯ қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май» ва асарҳои дигарро офаридааст. Ин андешаро нисбати Восеъ ва нақлу ривояту таронаҳое, ки дар ҳаққи ӯ гуфта шудаанд, баён карда наметавонем, зеро нақлу ривоят ва суруду таронаҳоро шахсони номаълум, яъне халқ, эҷод кардааст.
Адабиёти шифоҳӣ аз ҷиҳати забон ва тарзи баён ҳам аз адабиёти китобӣ фарқ мекунад. Забони асарҳои халқӣ сода, фаҳмо буда, мардум онро зуд қабул мекунанд. Ибораороӣ, истифодаи калимаву ибораҳои душворфаҳм ва бегона дар онҳо дида намешавад, вале дар адабиёти китобӣ зиёдтар ба назар мерасад.
Дар забони асарҳои халқӣ лаҳҷаву шева бештар истифода мешавад. Ҳатто як афсонаи халқиро мардуми ноҳияҳои гуногун бо лаҳҷаҳои худ нақл мекунанд: ҳангоми нақли он ҳамон калимаву ибораҳои хоси маҳалли худро истифода мебаранд. Аз ин хотир, агар афсонаеро намояндаи як маҳал ба мардуми маҳалли дигар нақл кунад, фаҳмидани забони он афсона барои онҳо каме душворӣ мекунад.