Бухоро

Чунин овардаанд, ки Наср ибни Аҳмад … зимистон дар пойтахт – Бухоро мақом мегирифт ва тобистон ба Самарқанд мерафт ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Инак, як сол навбати шаҳри Ҳарӣ (Ҳирот) буд. Ҳаво хуш буд. Бод сард, меваҳо бисёр, бӯйиданиҳо фаровон ва лашкар аз баҳору тобистон истифодаи тамом ёфтанд...

Меҳргон – тирамоҳ даромад, вале дер кашид ва сармо қувват накард ва ангур бағоят ширин расид ва ҳар яке аз дигаре латифтар ва лазизтар.

Чун Наср ибни Аҳмад меҳргон ва меваҳои онро дид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт, аз кишмиш ганҷинаҳо пур карданд... Амир дар роҳ бо лашкар ба ду деҳае даромад, ки ӯро Ғура ва Дарвоза мегуфтанд. Ҳар яке чун биҳишти аъло ва ҳар яке боғ ва бӯстони хурраме дошт. Зимистон дар он ҷо монданд. Чун баҳор даромад, аспонро ба Бодғис фиристоданд, лашкаргоҳро ба Молин, ба миёни ду ҷӯ бурданд. Чун тобистон даромад, меваҳо пухтанд. Амир Наср гуфт: «Тобистон куҷо меравем, аз ин хуштар мақомгоҳе нест, Меҳргон меравем». Ва чун Меҳргон даромад, гуфт: «Меҳргони Ҳариро бихӯрему биравем» ва ҳамчунин фасле ба фасле меандохт, то чаҳор сол бо ҳамин аҳвол гузашт. Аз ин ҳол ҳама малул шуданд ва орзуи хонумон мекарданд. Подшоҳро диданд, ки дар сари ӯ ҳавасу ишқи Ҳарӣ бисёр аст ва нияти ин тобистон ҳам дар он ҷо мондан дорад. Пас сардорони лашкар ва бузургони давлат ба назди устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтанд. Аз надимони подшоҳ ҳеҷ кас монанди ӯ мақбултар набуд.

Гуфтанд: «Санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, зеро дилҳои мо орзуи фарзандон ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебарояд».

Рӯдакӣ қабул кард. Ӯ мизоҷи амирро мешинохт, рӯй ба назм овард ва қасидае бигуфт. Ба вақте ки амир хӯроки пагоҳӣ мехӯрд, ба наздаш даромад ва ба ҷойи худ бинишаст ва чун мутрибон1 ҳозир буданд, чанг бигирифту дар пардаи «Ушшоқ» ин қасидаро оғоз кард:

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Чун Рӯдакӣ бад - ин байт расид, амир чунон андӯҳгин гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бемӯза пой дар рикоб оварду рӯй ба Бухоро ниҳод.

Пора аз «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ

ДАР МАДҲИ УСТОД РӮДАКӢ

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми2 фунуну3 суханвар бувад.

Дақиқӣ мадеҳ оварад пеши ӯ,

Чу хурмо ба пеши Ҳаҷевар4 бувад.

Дақиқӣ (асри Х)

Ғазал Рӯдакивор неку бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.

Унсурӣ (асри ХI)

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунон, ки бояд бишмарӣ.

Рашидии Самарқандӣ (асри ХII)

Луғат

1. Мутрибон – навозандагон.

2. Имом – дар ин ҷо ба маънои пешво ва бузург омадааст.

3. Фунун – фанҳо.

4. Ҳаҷевар – номи яке аз маҳалҳои серхурмост.

Савол ва супориш

1. Ҳикояти «Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ»-ро ифоданок хонед ва мазмунашро нақл кунед.

2. Чаро Амир Наср чаҳор сол ба Бухоро наомад?

3. Маънии байтҳои Дақиқиро шарҳ диҳед.

4. Дар қитъаи Унсурӣ кадом хислатҳои шоир тавсиф ёфтааст?

5. Ибораи «баршумурдам сенздаҳ раҳ сад ҳазор»-ро чӣ гуна маънидод мекунед?

6. Рашидии Самарқандӣ дар бораи бузургии Рӯдакӣ чӣ гуфтааст?