Тайёрии ҳарбии ҷанговарон

Темурмалик дар рӯзҳое, ки дар сохтани қалъа ва киштиҳо машғулӣ мекард, барои расонидани ҷавонони ҷанговар ҳам тайёрӣ медид. Ӯ дар интихоб ва расонидани ҷавонони ҷанговар мазмуни ин байтро барои худ дастур кард:

Пароканда лашкар наёяд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Темурмалик ба ин мулоҳиза аз ҷавонони Хуҷанд танҳо ҳазор нафарро интихоб кард, ки ҳар кадоми онҳо дар сиҳатии бадан, дар қуввати дасту бозу ва дар матонати дилу ирода мумтози замони худ буданд.

Темурмалик ин ҷавононро аз як тараф таълими ҳарбӣ дода, ба онҳо корфармоии силоҳро омӯзад, аз тарафи дигар бо нутқҳои оташини худ ҳисси ватанпарварии онҳоро бедор ва зиёд мекард ва фоҷиаҳоеро, ки чингизиёни хунхори ваҳшӣ нисбат ба аҳолии ҷойҳои ишғолкардаашон ба вуҷуд оварда буданд, ба ҷавонон нақл карда, дили онҳоро нисбат ба душмани разил бо оташи ғазаб ва нафрат шуълавар мекард.

Темурмалик чунонки сарфармондеҳ, муҳандис ва сарташвиқотчии ҷанги Хуҷанд буд, инчунин, ӯ сармуаллими ҳарбӣ ҳам буд, ки ҳамаи он ҳазор ҷавонро шахсан худаш таълим медод…

Темурмалик, ба замми ин, ки лашкаркаши донишманди замони худ буд, дар кор фармудани яроқҳои ҳарбии он замон ҳам маҳорати фавқулода дошт. Хусусан, дар тирандозӣ чунин иқтидори комил дошт, ки дар ҳеч ҷо ва аз ҳеч нишона тири ӯ хато намехӯрд. Ҳар ҷанговаре, ки сахттарини камонҳоро кашида тавонад, «қодирандоз» ва тираш ҳеч хато нахӯрад, «қадарандоз» мегуфтанд. Ба ин маънӣ Темурмалик ҳам қодирандоз ва ҳам қадарандоз буд.

Темурмалик ҷанговарони ҷавони худро ҳам бо таълиму тарбияи ҳарбӣ ва бо варзиши тирандозӣ қариб ба дараҷаи қодирандозӣ ва қадарандозӣ расонид.

Савол ва супориш

1. Чаро Султон Муҳаммад дар ҳимояи Хуҷанд иштирок накард?

2. Темурмалик барои ҳимояи шаҳр чӣ корҳоро анҷом дод?

3. Чаро Темурмалик танҳо ҳазор нафар ҷавонро интихоб кард?

4. «Қодирандоз» ва «қадарандоз» чӣ маъно доранд?

5. Матнро хонед ва мазмунашро нақл намоед.