Марди нодони бесарупое
Рафт назди ҳакими доное.
Ба каломи тавил1 шуд қоил,
Калимоташ тамом лотоил2.
Кард оғози гуфтани ҳазён,
В-аз каломаш ҳаким дар ғасён.
Охир аз ҳарза гуфтани бисёр
Рафт дасту забон-ш ҳар ду зи кор.
Гуфт: «Бас мекунам, ки гаштӣ гич»,
Гуфт: «Мискин, ту худ нагуфтӣ ҳеч».
Эй писар, дар сухан тааммул кун,
Баду неки сухан тахайюл3 кун!
Гар сухан лоиқ аст, дар вай печ,
В-арна, сад сол гуфтаӣ ҳама ҳеч.
Гуфт Бузарҷмеҳри олирой,
Он ба дониш ҳакими уқдакушой4.
«Ҳар кӣ гӯяд сухан зи ҳад берун,
Шак маёвар, ки ҳаст аҳли ҷунун».
ХУЛОСА
Сухани хуш зи ҳар чӣ марғуб аст,
Шеваи ихтисор матлуб аст.
Шаҳд агар нафъи бекарон дорад,
Чун аз он пур хӯрӣ, зиён дорад.
Гарчи ҳарфи наку ҳунар бошад,
Дар камаш лутфи бештар бошад.
Ҳарфи неку агарчи дур гӯйӣ,
Некӣ аз вай равад, чу пур гӯйӣ.
Мухтасар гӯ, каломи тӯл гузор;
Арз манзур кун, фузул гузор!
Луғат
Каломи тавил – сухани дароз.
Лотоил – беҳуда, ҳазён.
Тахайюл – фикр, андеша намудан.
Ҳакими уқдакушой – донишманди гиреҳкушой, мушкилкушой.
Савол ва супориш
1. Шоир дар ин шеър киро мазаммат кардааст?
2. Бузургмеҳр кӣ буд?
3. Бо мазмуни ҳикоя шинос шавед ва порчаи хулосаашро азёд кунед.