Нақлу ривоятҳо

Ҳар як халқу миллати дунё фарзандони арзанда ва лоиқ дорад, ки онҳо барои беҳбудӣ, хушбахтӣ ва саодати мардум мубориза бурдаанд, қаҳрамонӣ кардаанд ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надоштаанд. Аз ин рӯ, ҳаргиз халқ номи чунин қаҳрамононро фаромӯш намекунад. Корнома, қаҳрамонии онҳоро ба воситаи нақлу ривоятҳои офаридаи хеш зиндаву ҷовид мегардонад ва беҳтарин орзую умеди худро дар симои онҳо нишон медиҳад.

Нақлу ривоятҳо аз жанрҳои маъмул буда, мавзуъҳои гуногунро дар бар мегиранд. Илова ба он чизе, ки дар боло ишорат рафт, дар байни халқ боз нақлу ривоятҳо дар бораи ҳайвонот, таърихи пайдоиши қалъаҳо, шаҳрҳо, мавзеъҳои таърихӣ, образҳои асотирӣ, адибон, намояндагони дин эҷод шудаанд.

Нақлу ривоятҳо дар бораи Луқмони Ҳаким, Афлотун1, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Шайх Саъдӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар байни халқи тоҷик шуҳрати хосса доранд.

ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

Буд, набуд, дар замонҳои қадим Луқмони Ҳаким ном як шахси донишманде буд. Як рӯз подшоҳи мамлакат Луқмони Ҳакимро ҷеғ зада гуфт:

– Мегӯянд, ки ту бисёр одами донову ҳунарманд ҳастӣ, як чизи нав соз, ки ҳеч вақт онро касе насохта бошад.

Луқмони Ҳаким тухми кирмакро парвариш кард, пила шуд. Аз пила шоҳӣ бофта, як сарулибос дӯхт ва ба подшоҳ пешкаш кард.

Подшоҳ либоси ҳарирро гирифта, хурсанд шуда гуфт:

– Ин чизи ту ҳақиқатан хуб аст, – ин гуна либос подшоҳбоб буда, маҳз барои ман барин шоҳи олам аст. Акнун ту ин сирро ба ҳеч кас нагуфта, ба ман ҳамин гуна либос тайёр карда овардан гир, агар одами дигаре аз сирри кори ту хабардор шуда, ҳамин гуна сарутан карда пӯшад, саратро аз танат ҷудо мекунам!

Аз либоси ба подшоҳ дӯхтаи Луқмони Ҳаким каме шоҳӣ монда буд, занаш гирифт ва ба духтарчааш курта дӯхта дод. Инро як душмани Луқмони Ҳаким диду ба подшоҳ хабар расонд.

Подшоҳ тафтиш карда дид, ки ин ҳақиқат аст. Баъд Луқмони Ҳакимро ба пешаш ҷеғ зада гуфт:

– Ту маро писанд накардӣ, ба духтарчаат курта карда додӣ, ҳамаро аз ин сир хабардор кардӣ. Барои ин кор туро намекушам, туро ҳамроҳи духтарчаат ба зиндон андохта, ба дари зиндон қир2 мерезам, ки дар дарунаш азоб кашида пӯсида равӣ.

Луқмони Ҳаким гуфт:

– Агар маро ба зиндон андохтанӣ бошед, фармоед, дуто кати пӯлодӣ созанд, катҳоро ба зиндон дароварда, дар назди ҳар кадомаш якхалтагӣ бодом монанд.

Подшоҳ «хайр, ду кат садқаи сар» гуфта хоҳиши Луқмони Ҳакимро иҷро карда, ӯро ҳамроҳи духтарчааш зиндон кард ва ба дари зиндон қир рехт.

Чанд сол гузашт. Ин подшоҳ мурд. Подшоҳи дигар ба тахт нишаст.

Подшоҳи нав як рӯз гӯшт мехӯрд, ки як устухонпора ба гулӯяш дармонд. Бисёр табибу ҷарроҳ оварданд, илоҷашро карда натавониста, ҳамаашон:

«Фақат Афлотун2 ба ин дарди подшоҳ даво карда метавонад», мегуфтанд.

Подшоҳ гуфт:

– Афлотун куҷо бошад?

Одамонаш воқеаи Луқмони Ҳакимро нақл карда, гуфтанд:

– Афлотун шогирди Луқмони Ҳаким буд, баъди ин воқеа ӯ тарсида дар куҷое пинҳон шудааст.

– Афлотунро аз ҳар куҷо, ки бошад, ёфта биёред! – гуфта фармон дод подшоҳ.

Афлотунро ёфта оварданд. Ӯ гулӯи подшоҳро диду ба подшоҳ гуфт:

– Ба дарди шумо фақат устоди ман Луқмони Ҳаким даво карда метавонад.

Подшоҳ ин гапро шунида, фармон дод, ки дари зиндони Луқмони Ҳакимро кушоянд. Кушода диданд, ки духтарчааш кайҳо мурдаасту худаш ба мурдан наздик. Афлотун вайро ба хонааш бурда, чанд рӯз табобат карда, сиҳат намуд.

Баъд одамони подшоҳ омада, ӯро ба назди подшоҳ бурданд.

Луқмони Ҳаким подшоҳро дида пурсид:

– Фарзанд доред?

Подшоҳ гуфт:

– Як писар дорам.

– Писаратонро сар бурида, хунашро хӯред, сиҳҳат мешавед, вагарна, не.

Подшоҳ фикр кард: яккаву ягона писар дорам, магар метавонам ӯро кушам? Биё, беҳтараш худам мурам.

Се-чор рӯз гузашт, дарди подшоҳ сахттар шуд. Баъд гуфт:

– Хайр, писарамро биёред, сарашро буред!

Писарашро оварданд, бо фармони Луқмони Ҳаким дар пеши чашми подшоҳ дасту пояшро баста, ӯро ба қафои парда гузаронданд:

– Акнун гӯсфандро биёред! – гуфт Луқмони Ҳаким ба одамони подшоҳ. Як гӯсфандро баста оварданд. Вақти куштан гӯсфанд садои ҷонхарош баровард.

Инро шунида подшоҳ: «Воҳ, писарам!» – гуфта фарёд зада буд, ки устухон аз гулуяш берун шуд.

– Пардаро кушоед, то ман мурдаи писарамро бинам! – гуфт подшоҳ.

Пардаро бардоштанд, ки писараш сиҳҳату саломат ва як гӯсфанд кушта буд.

Луқмони Ҳаким ҳодисаи шударо ба ӯ нақл кард.

Подшоҳ ба Луқмони Ҳаким таҳсин хонда гуфт:

– Лаънат ба касе, ки ҳамин тавр одами донишмандро зиндон кардааст!

Луғат

1. Афлотун – яке аз донишмандони Юнони қадим.

2. Қир рехтан – бо қир маҳкам кардан.

Савол ва супориш

1. Оё рафтори подшоҳ нисбат ба Луқмони Ҳаким ва духтарчааш дуруст буд? Фикратонро баён кунед.

2. Сухани охирини подшоҳ «Лаънат ба касе, ки ҳамин гуна донишмандро зиндон кардааст!» ба кӣ нигаронида шудааст?