Дарё мегуфтааст, ки оббозҳо аз они худам, онҳоро кай хоҳам, фурӯ мебарам. Лекин ман бояд аввал он шиноваронро дам кашам, ки дер-дер ва боэҳтиёт ба оғӯшам медароянд. Бинобар ҳамин, алалхусус бачаҳо, ба дарё наздик нашаванд, ки ҷони ҷавони худро бар бод медиҳанд. Фоҷиаҳое, ки ҳар сол тобистон аз Сумичак сар карда то Ёва рӯй медиҳанд, магар дарси ибрат нестанд? Ба дарё шак овардану ҳазл кардан камоли нодонист. Охир, онро беасос рӯди Сир наномидаанд!
Мо бо ҳамин мазмун аз падару модарамон бисёр панду насиҳат мешунидем, вале ҳамин ки имконият пайдо шуд, ҷойи бозии мо боз лаби дарё буд. Баъзан ба он ҷо баъди дарс рост аз мактаб мерафтем. Сонӣ ба ҳавлӣ дер бармегаштему машварат, маҳфилҳо ё ҷамъомади пионериро баҳона мекардем. Бо вуҷуди ин, рӯю гардани аз таъсири обу офтоб мис барин дурахшон ва тафсидаи мо гувоҳи ҳол буд. Падару модарон боз мағал мебардоштанд, танбеҳ медоданд ва таҳдиди онҳо ниҳояташ бо насиҳатҳои обшуста анҷом меёфт.
Аслашро гӯед, онҳо аз ману Азиз беҳуда ин қадар хавотир мешаванд. Охир, худи мо ҳам ақлу фаросат дорем, кӯдак нестем. Имсол синфи панҷумро тамом мекунем. Наход, мо дидаю дониста худро ба чанголи аҷал супорем? Аз ҷиҳати шиноварӣ бошад, кам ҳамсинфоне ёфт мешаванд, ки ба мо баробар оянд. Ману Азиз ҳам қулочкаш шино мекунему ҳам «говянда». Баъзан бо тахтапушт рӯйи об «мурдаи қоқ» шуда мехобем. Бозии «мегурезам-медорам» сар шавад-ку, ҳеҷ кас ба мо расида наметавонанд. Чунон ғӯтаҳо мезанем, чунон моҳӣ барин печутоб мехӯрем, ки доштанашон амри муҳол аст.
Ғайр аз ин, мо дар дарёи калон не, балки аксар вақт дар дарёча оббозӣ мекунем. Аз Сир шохобе ҷудо шуда, як қитъаи калони замини киштро давр зада мегузарад. Ана, ҳамон шохобро дарёча ё худ рӯди Арал меноманд. Ҷараёни рӯди Арал нисбатан ором аст. Тагаш реги тоза, обаш аз сари сина баланд нест. Одам хурдҷусса барин қадпаст бошад, ғӯтиданаш ҳам, албатта, мумкин. Аммо ману Азиз аз ҷинси он паканачаҳои ношуд не. Мо, хайрият, бачаҳои болобаланди чор кас медидагӣ.
Ману Азизро якчанд ришта ба ҳам пайвастааст. Аввалаш ин, ки мо ҷӯраҳои ҳамсолу ҳамсинф. Дуюм ва аз ҳама муҳиммаш, мо хешу ақрабои наздик ҳам мебошем. Азиз ба ман аммабачаю ман ба Азиз тағобачаам, яъне модари Азизу падари ман аз як ишкаманд ё худ чунон ки дар урфият мегӯянд, ҷигару ҷигарбанд. Барои ҳамин мо зуд-зуд ба ҳавлии якдигар меоем, ба ғаму шодии якдигар шарикем, ба якдигар мадад мерасонем, пушту паноҳ мешавем.
Дар хотир дорам, ки тобистони гузашта падарам касали сахт шуданду аммаам ба ҳавлии мо омада, шабҳоро рӯз карда менишастанд, ба бемор аз модарам дида, бештар парасторӣ менамуданд.
– Акоҷон, – мегуфтанд он кас, каф ба пешонии тафсони падарам ниҳода, – худро далер доред, зудтар сиҳат шуда хеста, соябони сари бачаякони маъсуматон гардед. Дард дар бадани инсон мисли меҳмон аст, меояду меравад. Худо хоҳад, имшаб як арақ кунед, ҳамааш «ту дидию ман надидам» шуда меравад. Ба нияти шифо гуфта, ҳамин ним коса умочро ҳӯп кашед, акоҷон. Биёед, ман саратонро ба зонуям монам.
Аммаам ба бемори инҷиқ бо як азоб хӯрок мехӯронданду баъд ба даҳлез баромада, аз дигарон пинҳонӣ ҳунг-ҳунг гиря мекарданд. Дар ҳамон ҷо ман ба хулосае омадам, ки ба одам дар ҳақиқат ҳам аз хоҳар дида меҳрубонтар ва ҷонсӯзтар касе набудааст.
Аммаам маро ҳам бениҳоят дӯст медоштанд. Ҳар чиз бихаранд, дуто мехариданду якеро ба писарашон – Азиз ва дигареро ба ман медоданд. Ин, албатта, бесабаб набуд.
Падари Азиз усто Неъмати рангуборчӣ дар байни мардум нуфузи калон дошт. Кори ягон бофандаи шаҳр бе ӯ буд намешуд. Ресмон, абрешим ва ҳатто карбосу шоҳивори тайёри бофта дар устохонаи ӯ ба худ ранги дилхоҳ мегирифтанд. Беқасабу атлас низ дар ҳамин ҷо абрбандӣ ва рангубор карда мешуданд. Ба усто Неъмат ёрдамчиёни бисёре хизмат мекарданд, ки онҳоро «халифаҳо» меномиданд. Яке аз ҳамин гуна халифаҳо Абдуфаттоҳи боғбон буд. Вай бо духтари қадраси худ – Салима ҳамчун узви комилҳуқуқи ин хонадони калон зиндагӣ мекард.
Усто Неъмат аз пушти касбу ҳунари нодираш бадавлат шуда буд. Яке дар маркази шаҳру дигаре берун аз он – дар соҳили дарё ду ҳавлии кори калон дошт. Бо аҳли оила ва пешхизматҳо ӯ зимистон дар ҳавлии шаҳру тобистон дар ҳавлии соҳили дарё зиндагӣ мекард. Ҳавлии тобистонаро «Майдон» мегуфтанд, зеро он асосан аз боғу майдони калон иборат буд. Фақат се – чор хонаю айвони кошинкорӣ ба назар мерасид, ки онҳоро дар ҷойи баланду барҳавои Майдон андохта буданд. Боғро дарахтони зардолу, себ, ноку шафтолу, гелос, олуболую бодом ишғол мекарданд. Дасти ростро хавозаҳои токи ангури кадуҳусайнӣ, тагобӣ, тоифӣ ва зоғак оро медоданд. Дар қисми поёни нисбатан камдарахти Майдон анорзор, анҷирзор, қитъаҳои кишти сабзию картошка, пиёзу помидор ҷой гирифта буданд. Умуман, дар ин ҳавлӣ меваю сабзавот фаровон буду ба қавли модарам, маймун намехӯрд. Зардолуҳои моҳтобии заб-зард, себҳои сурхи пешпазак, шафтолуҳои ҳил-ҳил расидаи пӯсташ нарм болои алафу даруни ҷӯякҳо рехта мехобиданд. Бодирингу ҳандалакро бошад, худамон ба полиз даромада аз палакҳояшон канда мегирифтем. Аз дур дарё, ҷазираҳои каб-кабуд, қуллаҳои баланди кӯҳи Мевағул намуда меистоданд.
Мо аксар вақт дар болои суффае, ки зери сияҳбеди калон, дар паҳлуи ҳавзи пуроб сохта шуда буд, бозӣ карда менишастем.
Усто Неъмат марди басо саховатманду дасткушод буд. Дар ҳавлиҳои ободу озодаи ӯ қариб ҳар шаб бо ҳар баҳона меҳмонҳо ҷамъ меомаданд. Дар оташдонҳои қатор хӯрок мепухтанд, рӯйи дастархонро ҳамеша меваю сабзавоти рангоранг оро медод. Баъзан рӯзона занҳои бисёр ғун шуда, маросими мушкилкушо ё бибисешанбе мегузарониданд. Аммаам ба чашм айнак монда, аз китобҳои қадима ғазалҳои Машрабу қиссаҳои динӣ мехонданд.
Ҳар сареву савдое гуфтагӣ барин, бо вуҷуди ин қадар тахту бахт, усто Неъматро дар дил ғами ниҳоне буд, ки ӯро ором намегузошт. Завҷаи соҳибҷамолу бибиотуни вай фақат духтар мезоиду усто дар орзуи як писари меросхӯр мӯйи сари худро сафед мекард.
Вақте ки ман таваллуд ёфтам, аммаам ҳомила будаанд. Он кас барои табрики бародарашон ба хонаи мо меоянду дар дил аз Худо илтиҷо мекунанд, ки ӯ ба мани навзод ҷӯрае низ ато кунад, яъне, ин навбат худашон ҳам писар таваллуд кунанд. Чӣ мегӯед, ки баъди ягон моҳ бо пайи қадами ман Азиз ба дунё меояду бо ҳамин сабаб аммаам ба ман мисли фарзанди худ меҳр мебанданд. Нияти нағз ними давлат, ману Азиз дар ҳақиқат ҷӯраи қарин шуда мондем. Мо ҳамроҳ калон шудему ҳамроҳ ба мактаб рафтем.
Шароити зиндагии ману Азиз фарқи калон дошт. Падари ман марди айёлманди камбағал буд. «Гарчи худ бебаҳраам, шодам ба айши дигарон» гуфта, аз хушбахтии хоҳараш ва ҳаёти бофароғати ҷиянҳояш хурсандӣ мекард. Ба оилаи нимбараҳнаю нимгуруснаи мо аммаам то аз дасташон меомад, ёрии моддӣ мерасониданд.
Азиз табиист, ки эрка калон мешуд. Ӯро модари меҳрубону чор хоҳари дилсӯзаш дасти ба даст гирифта мегаштанд, ҳар чӣ хоҳад, муҳайё месохтанд. Вай аксар вақт истеза карда, хӯрок намехӯрд, ба наздам Алиҷонро биёретон гуфта, мағал мебардошт. Баъди ин бегоҳиҳо яке аз хоҳарони ӯ ё худи аммаам ба хонаи мо меомаданд. Онҳо ба падару модари ман хушомад задаю таваллою зорӣ карда, маро ба Майдон гирифта мерафтанд. Танҳо баъди ҳамин чеҳраи Азиз равшан мешуду ҳамаро осуда мегузошт. Чунонки «аз пушти шолӣ курмак об хӯрдааст», хоҳарони ӯ ба туфайли шодмонии додараки худ ба ман ҳам патаку пайтоба мешуданд, ҳар чӣ пурсам, ёфта медоданд.
Усто Неъмат барои писари ягонааш аз тоҷирони машҳур нодиртарин ашёро харида меовард. Дар шаҳри мо шояд аввалин граммофонҳои австриягӣ, мошинҳои дарздӯзии немисӣ, лампаҳои даҳуми варшавӣ, велосипедҳои сечархаи маҷорӣ, соату оинаҳои мусиқадори фарангӣ дар ҳавлии усто Неъмат пайдо шуда бошанд. Мо тапончаҳое мепаррондем, ки олтингӯгирди тираш ҳам қарсас карда садо ва ҳам шарораву дуд мебаровард. Диафилмҳое доштем, ки лентаашро тофта, манзараҳои аҷибу ғариби оламро дидан мумкин буд. Карнайча, нақора ва гармошкаҳои даҳанакие менавохтем, ки мисли онҳоро дигар бачаҳо дар хоби шабашон ҳам намедиданд.
Ман баъзан то як ҳафтаю даҳ рӯз дар ҳавлии аммаам мегаштам. Аз ҳамин сабаб, бисёр вақт гапи байни падару модарам мегурехт.
– Ҷойи бегона не-ку, – мегуфтанд падарам. – Мон, бо Азиз ҳамроҳ гаштан гирад.
– Мардум чӣ мегӯянд? – эътироз мекард модарам. – Ҳар як бача бояд дар пеши чашми падару модари худаш бошад. Алиҷони мо ятиму бепаноҳ не, ки дар ба дари мардум гардад.
Аз мактаб, ки баргаштем, аммаам моро шинонда, аввал ишкамамонро сер мекарданд. Баъд яктоӣ сабадчаи рангаи дастадор медоданду мефармуданд, ки рафта ба он зардолу ё себ чида оем. Аз қафои похсадевори паст ҳур-ҳур шамоли дарё мевазид, ғалоғулаи бачаҳои оббозикунанда ба гӯш расида меистод. Аз дур мӯрии пойгоҳи ба ҷазира оббарорӣ ба назар менамуд, ки ҳалқа-ҳалқа дудашро ба фазои кушод сар медод. Дили мо ба дарё кашол буду ноилоҷ сабр мекардем, худро ба мевачинӣ андармон месохтем. Пайт мепоидем, ки кай имконияти хато кардани чашми аммаам пайдо мешаваду мо ҳам давида рафта, худро ба об меандозем.
ДАРДИ ШИКАМ
Овоза шуд, ки идораи савдои шаҳр «қанди бисёре куҳна шуд» гуфта санад кардааст, ба чуқуриҳои Чармгарӣ чанд фургон аз он оварда рехта, аз болояшон дору пошида гӯр кардааст. Ману Азиз баъди дарс рост ба пеши қалъаи куҳна – ба Чармгарӣ рафтем. Бинем, аллакай чанд бача бо тешаю каланд чуқурро кушода, кулӯла-кулӯла қанди хоколуди баҳамчаспидаро гирифта истодаанд. Мо ҳам чобукӣ карда, худро ба хандақ ҳаво додему аз зери хасу хошок тарбуз барин як кулӯлаи калони қанди коғаздорро баровардем. Ҳамин вақт аз ким-куҷо милисаю духтурҳои хилъатпӯш пайдо шуда, ҳама қандковонро пеш карданд. Ману Азиз ғанимати худро ба бағал зада, сӯйи соҳил гурехтем.
Соҳили дарёча камодаму ором буд. Рӯйи об аз шамоли гашти рӯз мавҷи маҳин зада, тӯри нуқра мебофт. Дар сояи ҷигдазори1 соҳили муқобил ду-се духтари қадрас болои халтаҳои пури алафи кандаи худ нишаста, ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Яке аз онҳо мардон барин қарсашро ба сар салла карда буду ба ҳамроҳонаш дармеафтод. Ду духтари дигар хам шуда, бо дасту оринҷ сари дили худро панаҳ карда механдиданд.
Мо қандалотҳои коғазпечи пачақу сиёҳшударо аз каллақанд як-як кандаву бо эҳтиёт шуста, болои санги соҳил ғарам мекардем. Мехостем, корамон зудтар тамом шаваду бо ин ширинии муфт ҳам худамон сер шавем ва ҳам он духтаракони шӯхро зиёфат кунем.
Аз карамел андаке бӯйи ғализи мазут меомад, ҳалвои мағзаш талхча буд, вале ба ҳар ҳол хӯрда мешуд. Чашмгуруснагӣ карда, Азиз қанди бисёр хӯрдааст магар, ки яке бинам, чашмашро пӯшида, аз сараш арақи хунук рехта, болои рег дароз кашидааст.
Ман тохта ба наздаш омадаму пурсидам:
– Чӣ шуд, Азиз? Чаро ба замин чалпак шудӣ?
– Вой, шикамам, – базӯр овоз баровард Азиз. – Сари дилам месӯзад. Аҳволам бад. Мемурам…
– Э, воҳима накун! – гуфтам ба ӯ. Аммо дидам, ки аҳволаш ба ростӣ вазнин, давида рафта, ба тоқиам аз дарё об гирифта оварда, ба сару рӯйи Азиз пошидам.
То ин муддат духтарон лингаҳои2 алафро ба сар ниҳода, доман барзадаву то ноф ба об ғӯтида, аз дарёча гузаштанд. Ман бо тавалло аз дасти Азиз кашола мекардам, ки ба худ ояду аз ҷой хезад.
– Чӣ воқеа рӯй дод? – гӯён духтарон баробари аз дарё баромадан ба сари Азиз омаданд.
– Ана аз ин қанд хӯрду дилаш беҳузур шуд, – эзоҳ додам ман.
– Ин чӣ хел қанд? Аз куҷо гирифтед? – пурсид духтари ба сараш рӯймолпечонида.
Ман хиҷолат кашида, ғурунгос задам:
– Аз чуқури Чармгарӣ кофта гирифтем. Баъд ба об шустем.
– Эҳ каллаварамҳо! – афсӯс хӯрда ба гап қатӣ шуд духтари дигар. – Майдонашон аз меваи худодод лабрез бошаду инҳо қанди пӯсидаи дорузада хӯранд… Ман рафта усто Неъматро хабар диҳам, ки Азизро зуд ба духтур баранд.
– Ман ҳам аз ин қанд хӯрдагӣ, – гуфтам ман.
Ҳамин вақт Азиз ба ҳуш омада, ногаҳон овоз баровард:
– Об!
Духтарон ба ӯ бо кафи даст об хӯронданд. Яке аз онҳо аз печи остинаш ду дона қурут гирифта ба мо дод, ки маккем. Қурути шӯру турш моро андак ба худ овард. Духтарон хотирҷамъ шудаю лингаҳои алафро ба сар монда, рафтанд.
Ҳамон шуду аз қанд дилам тамоман монд. Агар харбузаю тарбуз ё меваҳои боғ бошанд, ман акнун ҳатто ба шоколади зарҳалпеч даст дароз намекунам.
Фаҳмост, ки мо ҳамон рӯз ҳам муддаои табъ оббозӣ кардем. Оби дарёча чунон каб-кабуд, соф ва ширгарм буд, ки одам як-ду ғӯта занад, дигар баромадан намехост.
Луғат
1. Ҷигдазор – санҷидзор.
2. Линга – халта.
Савол ва супориш
1. Порчаро хонед ва гӯед, ки он дуруст номгузорӣ шудааст? Мувофиқи мазмуни он ба ин порча боз чӣ ном гузоштан лозим аст?
2. Оббоз ё шиновар шудан чӣ афзалият дорад?
3. Дарёи Сир дар кадом вилояти ҷумҳурӣ ҷорист? Вай аз куҷо сарчашма мегирад ва ба кадом ҷой мерезад? Аз харита онро нишон диҳед.
4. Рафтори Алиҷон ва Азизро чӣ хел баҳо медиҳед?
5. Зарбулмасали «Нафси бад – балои ҷон» ба ҳикояи «Дарди шикам» чӣ муносибат дорад?
6. Шумо амали Азизро дар бораи истеъмол кардани конфетҳои чиркину бӯйнок маъқул мешуморед?
7. Тозагию озодагӣ барои саломатии инсон чӣ суд дорад?
8. Аз мазмуну муҳтавои қисса шумо чӣ панд гирифтед?