Даҳони пӯшида – ҳазор тилло

Бозаргонеро ҳазор динор хисорат афтод. Писарашро гуфт:

– Набояд, ки ин суханро бо касе дар миён ниҳӣ.

Гуфт:

– Эй падар, фармон турост, нагӯям! Валекин хоҳам маро ба фоидаи ин огоҳ гардонӣ, ки маслиҳат дар ниҳон доштан чист?

Гуфт:

– То мусибат ду нашавад: яке нуқсони моя (кам шудани сармоя) ва дигар шамотати (шод шудани) ҳамсоя.

Магӯ андуҳи хеш бо душманон,

Ки «Ло ҳавл» гӯянд шодикунон.

ҶАВОНИ ДОНИШМАНД

Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил ҳаззе вофир дошт ва табъе нофир (аз донишҳои гуногун маълумоти зиёд дошт ва аз бисёр гап задан нафрат мекард). Чандон ки дар маҳофили донишмандон нишастӣ (ҳар қадар дар маҷлисҳои донишмандон менишаст) забони сухан бибастӣ (гап намезад).

Боре падараш гуфт:

Эй писар, ту низ ончи донӣ, бигӯй!

Гуфт:

Тарсам, ки бипурсанд аз ончи надонам ва шармсорӣ барам (метарсам он чиро, ки намедонам, пурсида шармандаам кунанд).

БАЙТ

Нагуфтӣ, надорад касе бо ту кор,

Валекин чу гуфтӣ, далелаш биёр!

АГАР ДОНО МЕБУД

Ҷолинус1 аблаҳеро дид, даст дар гиребони донишманде задаву, беҳурматӣ ҳамекард.

Гуфт:

– Агар ин нодон набудӣ, кори вай бо нодон ба ин ҷо нарасидӣ.

ҚИТЪА

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабуксор2.

Агар нодон ба ваҳшат3 сахт гӯяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,

Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе.

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад, бигсилонанд4.

Луғат

1. Ҷолинус – файласуф ва олими Юнони қадим.

2. Сабуксор – беақл.

3. Ваҳшат – нафрату хусумат.

4. Бигсалонидан – пора кардан.

Савол ва супориш

1. Бигӯед, ки номи ҳикояти аввал ба мазмуни он чӣ муносибат дорад?

2. Ба андешаи шумо рафтори ҷавон (аз ҳикояти дуюм) дуруст аст?

3. Ҷолинус дар ҳикояти «Агар доно мебуд» чаро рафтори донишмандро написандид?

4. Луғатҳоро ба дафтаратон нависед ва ҳифз намоед.