Баччагони азизи кишвари ман,
Тозагулҳои ин гулистонед!
Соли таҳсили нав муборак бод!
Шод бошеду нағзакак хонед!
Донишу илм нури дидаи мост,
Ҳар киро илм нест, чун кӯр аст.
Ҳар кӣ бе илм – нотавону заиф,
Ҳар кӣ бо илм – қодиру зӯр аст.
Ватани меҳрубону мушфиқи мо
Баҳри моён кушода мактабро.
Дода бар мо китобу дафтарро
Гуфт: – Хонед нағзакак, бачаҳо!
Баччаҳо, сарфарозу хушбахтед,
Он чи хуб аст, аз барои шумост.
Пас, бикӯшед, ончунон хонед,
Ки ватанмон бигӯяд: – Ин аълост!