Темурмалик аз шаҳри Кат баромада, рост ба Нишопур рафт, ки Султон Муҳаммад аз Самарқанд гурехта омада, дар он ҷо маҷлиси айшу тараб барпо карда буд. Назар ба нишондодҳои баъзе асарҳои таърихӣ: «султон Муҳаммад дар моҳи сафари соли 617 (1220) ба Нишопур даромада, масолеҳи мамлакат (салоҳи ҳоли мамлакат)-ро пушти по зада, рӯй ба нишот ва айш овард … ба нӯшидани косоти (косаҳои) моломол даромад ва асҳоби лавҳу тараб (аҳли бозӣ ва хушвақтӣ) дар хидмати ӯ гирд омада, надим ва мушири ӯ (ҳамсуҳбат ва соҳибмашварати ӯ) шуданд…».
Темурмалик ба пеши султон даромад, аз саргузашти худ ва аҳволи мамлакат ба ӯ ҳикояҳо кард ва дар охир дар роҳи мудофиаи мамлакат фикри худро ба ӯ баён намуд.
Султон Муҳаммад бо шунидани ҳар сухани Темурмалик гӯё ки аз худ дафъи малол мекарда бошад, соғарҳои паёпай мебардошт ва дар охир мастии султон ба дараҷае расид, ки суханони Темурмаликро нафаҳмида дар ҷавоби вай «ҳо-ҳо», «оре, бале» мегуфт ва баъд аз шунидани фикри Темурмалик дар бораи мудофиаи мамлакат ба ҷойи ҷавоб ин рубоиро хонд:
Айёми гул асту бас намонад, май хӯр!
Гул худ чӣ, ки то нафас намонад, май хӯр!
Аз даври фалак дар ин работи вайрон
Бас зуд, на дер, кас намонад, май хӯр!
Темурмалик ҳам дар ҷавоби ӯ ин рубоиро хонд:
Шоҳо, зи майи гарон чӣ бар хоҳад хост?
В-аз мастии бекарон чӣ бар хоҳад хост?
Шаҳ масту ҷаҳон харобу душман пасу пеш!
Пайдост, ки з-ин миён чӣ бар хоҳад хост!
Ва аз маҷлиси ӯ бо ҳазор андӯҳу алам баромад. Аҳволи султон ва суҳбати вай ба Темурмалик аз ваҳшонияти чингизиён ҳам бадтар таъсир кард, чунки ӯ ҳар ваҳшигарии чингизиёнро, ки медид, дар ғазаб шуда ва ба ғайрат омада, дар роҳи интиқомгирӣ аз душман устувортар мегардид. Аммо ин аҳволи султон ӯро ба навмедӣ ва маъюсӣ андохт, ки ин вазъият барои ӯ марги муфти бехунбаҳо буд.
Бо вуҷуди ин, Темурмалик бо бузургони аҳли дарбор вохӯрда, ба ҳар кадомашон дар бораи муқобилат кардан ба душмани хунхори ғаддор фикри худро гуфт. Аммо аз ҳеҷ кас ҷавоби мувофиқе нашунид ва дар охир ба пеши вазир рафт, ки дар ҳар кори мамлакат баъд аз султон ӯ ҷавобгар буд ва ба вай фикри худ ва аҳволи мамлакатро нақл карда, дар охири суханаш гуфт:
– Аммо намедонам, чӣ ҳол пеш омадааст, ки на подшоҳ ба аҳволи парешони халқ назар меандозаду на амирон ва вазирон? Вазир дар ҷавоб гуфт:
– Ҳар чизе, ки ту мегӯйӣ, тамоман дуруст ва рост аст. Аммо ман ҳам дар пеши арбоби хирад ва тамиз маъзурам, зеро ман ба вазифаи қавводагӣ ва дар тартиб додани маҷлисҳои базму тараб чунон машғулам, ки ба танзими асбобу аслиҳаи мардонагӣ пардохтан наметавонам. Чанд рӯз аст, султон ба ман фармон додааст, ки барои якчанд занони созанда либос ва асбоби зинат тартиб диҳам ва то онҳо мукаммал нашаванд, ба ҳеч кори дигар машғул нагардам.
Темурмалик азбаски дар дарбори Султон Муҳаммад ҳеч ҷойи умедворӣ надид, аз он ҷо бо бори гарони андуҳу алам ва ҳасрату ғам ба роҳ даромад. Ба ҳар ҷо ки мерасид, медид, ки султон ба он ҷо мактуб фиристода, ба душман муқобилат накардан, агар қудрат ва фурсат ёбанд, гурехтан, вагарна, бе ҳеҷ муқобилат ба ҷанг таслим шуданро ба аҳолӣ амр кардааст. Дар ин миён ӯ шунид, ки писари Султон Муҳаммад – Ҷалолиддин байрақи қаҳрамонӣ ва ватанпарвариро баланд бардошта, дар ҳар ҷо бо муғулон меҷангад ва ба онҳо ғолиб мебарояд.
Темурмалик дар рикоби Султон Ҷалолиддин ба муқобили чингизиён ҷангиданро ният карда, ба тарафи ӯ раҳсипор гардид. Ҷалолиддин дар он рӯзҳо дар музофоти Ғазнин, дар мавзеи Боронӣ манзил дошт.
Темурмалик ба Боронӣ вақте расид, ки Ҷалолиддин бо як лашкари калони чингизиён, ки дар зери фармони Қайқурнӯён буд, меҷангид ва ҷанговарони Ҷалолиддин лашкари муғулро аз худ бисёр дида, дар ҷанг дудила шуда истодаанд. Аммо Ҷалолиддин пеш даромада, одамони худро ба пойдорӣ даъват мекунад.
Темурмалик ин ҳолро дида, бе ҳеч гуфтугузор ба тарафи душман асп давонд. Ин кори Темурмалик ба ташвиқоти қаҳрамононаи Ҷалолиддин илова шуда, ҷанговаронро водор кард, ки ҳама якборагӣ ба сӯйи чингизиён бо тохт ҳуҷум оварданд ва аскари муғулонро қатл карданд.
Темурмалик то охири кори Султон Ҷалолиддин бо ӯ ҳамроҳ буд ва ба муқобили душман дар рикоби ӯ қаҳрамониҳо нишон медод. Оқибат аз ҷиҳати худсарӣ, ихтилоф ва ахлоқвайронии сардорони хоразмшоҳӣ, ки онҳо дар замони Султон Муҳаммад ин тарбияро аз ӯ гирифта буданд, кори Ҷалолиддин то охир барор нагирифт: дар Ироқи Аҷам, дар вақти дар пайи ӯ афтодани чингизиён ҳокимони Шом ва Осиёи Хурд, бо вуҷуди даъвати ӯ, ба вай ёрӣ надоданд; бародараш Ғиёсиддин дар охири як мастӣ малик Нусрат ном касеро, ки яке аз аркони давлати Ҷалолиддин буд, кушта ва аз бародар рӯйгардон шуда, ба тарафе баромада рафт. Бароқҳоҷиб ном қарахитойӣ, ки аз дарбори Султон Муҳаммад буд, дар Кирмон эълони истиқлол кард, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо муборизаи Ҷалолиддинро ба муқобили чингизиён мушкил мекарданд, аммо ӯ муборизаи худро мардонавор давом медод. Лекин қувваи вай нисбат ба қувваи чингизиён хеле кам буда, ҳамеша ҷангҳои нобаробар мебурд. Чингизиён бошанд, паёпай қувваҳои нав гирифта, ба муқобили Ҷалолиддин ҳуҷумҳои пуршиддат мекарданд.
Дар як шабе, ки лашкариёни Ҷалолиддин ва худи ӯ дар хоб буданд, чингизиёни бисёре ногаҳонӣ ба урдуи вай ҳуҷум карданд ва қариб ҳамаи лашкариёнаш кушта гаштанд ва Султон Ҷалолиддин аз миёна ғоиб шуд ва касе надонист, ки ӯ дар маърака кушта шуд, ё ин ки гурехта баромада, дар кадом дашту биёбон дар дасти дуздон талаф гардид.
Баъд аз ғайб шудани Ҷалолиддин Темурмалик танҳо монда бошад ҳам, доимо мақсади аз истилогарони муғул қасосгириро дар назар дошт.
Чингизиён ҳам барои дастгир кардани Темурмалик чораҳои бисёре дида, ба ҳар ҷонибу атроф ҷосусҳо фиристода, кӯшиш мекарданд, ки Темурмаликро зудтар нест намоянд. Бинобар он Темурмалик маҷбур шуда буд, ки тағйири либос карда, яъне либоси дарвешӣ пӯшида, ба дигар ҷойҳо равад.
Савол ва супориш
1. Чаро Темурмалик ба назди Султон Муҳаммад омад? Ба фикри шумо кори ӯ дуруст буд?
2. Дар ҳолати ҷанг ба корҳои ношоиста машғул будани султон ва аркони давлат нишонаи чист?
3. Ба рафтори Султон Ҷалолиддин чӣ гуна баҳо медиҳед?
4. Сабаби шикасти лашкари Ҷалолиддин дар чӣ буд?
5. Рубоии Султон Муҳаммад ва рубоии ҷавобгуфтаи Темурмаликро шарҳ диҳед.