Савоби нимта нон

Рӯзе як одам аз роҳе мегузашт, ки ба санге пешпо хӯрду сахт захмӣ шуд. «Боз дигар одамҳо ҳам пешпо нахӯранд» гуфта, мардак сангро аз роҳ гирифта партофтанӣ шуд. Дид, ки аз таги санг як хишти пухта менамояд. Хиштро бардошт, аз таги он як сандуқча баромад. Калиди сандуқча дар бараш баста буд. Мардак калидро гирифту сандуқчаро кушод, ки аз даруни он як мор баромад. Мор ду ғел заду ба гардани мардак печид ва гуфт:

– Ҳоло ман туро заҳр мезанам!

Мард гуфт:

– Ман туро аз сандуқ озод кардам, маро заҳр мезанӣ? Наход ба ҷойи некӣ бадӣ ояд?

Онҳо дар ҳамин муноқиша1 буданд, ки аз роҳ панҷ аспакӣ пайдо шуданд. Аспакиҳо аз онҳо пурсиданд, ки:

– Чӣ муноқиша доред?

Мардак ҳодисаро нақл кард. Он панҷ кас ҳарчанд ба мор гуфтанд, ки «ин одам туро озод кардааст, ту ӯро заҳр занӣ, беинсофӣ мешавад», мор қабул накард. Аспакиҳо диданд, ки гапашон намегузарад, аз баҳраш гузаштанду ба роҳашон рафтан гирифтанд.

Онҳо рафта буданд, ки аз роҳ сӣ аспакӣ пайдо шуд. Ин сӣ кас ҳам ҳарчанд ба мор гуфтанд, ки «ба ҷойи некӣ бадӣ накун», мор розӣ нашуд, онҳо ҳам ба роҳашон рафтанд.

Баъд аз роҳ як бача пайдо шуд. Вай пурсид:

– Чӣ муноқиша доред?

Мардак воқеаро гуфт. Бача пурсид:

– Ин мор аз кадом сандуқ баромад?

Мард гуфт:

– Аз ин сандуқ.

Бача аз мор пурсид:

– Аз ҳамин сандуқ баромадӣ?

Мор гуфт:

– Бале, аз ҳамин сандуқ баромадам.

Бача гуфт:

– Ту ҳам дурӯғ мегӯйӣ, ин одам ҳам дурӯғ мегӯяд. Ту бо ҳамин ҷуссаат ба ин сандуқча чӣ тавр гунҷидӣ?

Мор гуфт:

– Рост мегӯям, аз ҳамин сандуқ баромадам.

Бача гуфт:

– Агар рост аст, ку даро, ман бинам.

Мор боз ду ғел заду асли қадим барин шуда, ба сандуқ даромад. Бача даррав сандуқро пӯшиду дарашро қуфл карда, ба замин гӯронд.

Мард бисёр шод шуда, ба бача гуфт:

– Эй писар, ту кистӣ, ки маро аз чанголи аҷал раҳо кардӣ 2?

Бача гуфт:

– Ман савоби он нимта нони ту ҳастам, ки як рӯз ба як гадо дода будӣ.

Луғат

1. Муноқиша – баҳс, ҷанҷол.

2. Аз чанголи аҷал раҳо кардӣ – аз марг халос кардӣ.

Савол ва супориш

1. Афсонаро бодиққат хонед ва ба он номи дигар гузоред. Шояд ба он «Чоҳкан зери чоҳ» ном гузорем?

2. Дар бораи ҳурмати нон боз чиҳо медонед? Чаро халқ «Нон ҳам нону нонреза ҳам нон» гуфтааст? Фикратонро нависед.

3. Мақоли «Нон – зеби дастархон» чӣ маъно дорад?