Чаро Оли Сосон завол ёфт?

Бузургмеҳрро пурсиданд, ки сабаб чӣ буд, ки подшоҳии Оли Сосон вайрон гашт ва ту тадбиргари ӯ будӣ ва имрӯз ба рою тадбир ва хираду дониш туро дар ҷаҳон назире нест.

Гуфт: «Сабаб ду чиз буд: яке он ки Оли Сосон корҳои бузург ба кордорони хурду нодон гумошта буданд ва дигар аҳли донишу хирадмандро харидорӣ накарданд ва кор ба нодону кӯдакон гузоштанд ва ин ҳар дуро хираду дониш набошад ва ҳар он гоҳ, ки кор бо нодонону кӯдакон афтад, бидон, ки подшоҳӣ завол ёбад».

БОЗАРГОН ВА СУЛТОН МАҲМУД

Гӯянд, бозаргоне ба мазолимгоҳи Султон Маҳмуд омад ва аз писари ӯ Масъуд бинолид ва гуфт: – Марде бозаргонам ва муддати дароз шуд, то ин ҷо мондаам ва мехоҳам, ки ба шаҳри хеш равам. Наметавонам рафт, ки писарат шаст ҳазор динор мол аз ман бихаридаасту зари ман намедиҳад. Хоҳам, ки амир Масъудро бо ман ба назди қозӣ фиристӣ.

Султон Маҳмуд аз сухани бозаргон дилтанг шуд. Пайғоме дурушт ба писараш фиристоду гуфт: – Дарҳол хоҳам, ки ҳаққи вай бидиҳӣ ё бархезию бо вай ба маҷлиси ҳукм равӣ.

Бозаргон ба сарои қозӣ рафт ва расул наздики амир Масъуд омаду бигузорид. Масъуд андар монд. Ходимеро гуфт: – Бинигар, то дар хазина нақд чанд аст?

Хазинадор рафт ва қиёс карду омад ва гуфт: – Бист ҳазор динор ҳаст. Гуфт: – Баргиру ба наздики бозаргон бар ва тамомати молро се рӯз замон ва муҳлат хоҳ, то бирасонам.

Расули султонро гуфт, ки султонро бигӯй, ки бист ҳазор динор дарҳол бидодаам ва боқимонда ҳаққи вай то се рӯзи дигар ба вай бидиҳам. Ва ман қабо пӯшидаву миён баста ва мӯза пӯшидаву ба пой истодаам, то султон чӣ фармояд, ки ба маҷлиси қозӣ равам, ё моли бозаргон ба пуррагӣ ба вай диҳам.

Расул биёмад ва чунин гуфт.

Султон Маҳмуд гуфт: – Ба ҳақиқат бидон, ки рӯйи ман набинӣ, то моли бозаргон ба тамому камол нарасонӣ.

Масъуд низ сухан наёрист гуфт ва ба ҳар ҷониб кас фиристоду аз ҳар кас қарзе хост. Чун намози дигар шуд, шаст ҳазор динор ба бозаргон расида буд ва ин хабар ба атрофи олам бирасид ва бозаргонон бо якдигар ҳикоят карданд.

ТАДБИРИ СУЛТОН

Ва ҳам шунидам, ки дар Ғазнин хаббозон1 дарҳои дукон бастанд. Нон камёфт гашт ва дарвешон дар ранҷ афтоданд ва тазаллум2 ба даргоҳи султон оварданд ва аз нонвоён бинолиданд. Султон бифармуд, то нонвои хос биёваранд ва дар зери пойи фил афганданд.

Чун бимурд ба дандони пил бастанду дар шаҳр бигардониданд ва бар вай мунодӣ карданд, ки «ҳар кӣ дари дукон кушода накунаду нон нафурӯшад, бо ӯ ҳамин равад, ки бо ин рафт».

Анборҳо харҷ карданд, намози шом бар дари ҳар дуконе панҷоҳ нон монда буд ва касе намехарид.

Луғат

1. Хаббозон – нонвойҳо, нонпазҳо.

2. Тазаллум – додхоҳӣ аз зулм, арзу шикоят.

Савол ва супориш

1. Мақсади нависанда аз ин ҳикоят чист?

2. Оё тадбири андешидаи султон дар ҳаққи нонвой одилона буд?