1. Бирав, савдои беҳуда мапаймой!
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!
2. Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд,
Тавбаи нася надорад ҳеч суд.
3. Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гӯй бо мардум калом!
4. Ҳар кӣ бошад туршрӯйи талхгӯй,
Дӯстон аз вай бигардонанд рӯй.
5. Ҳар кӣ ӯро маърифат ҳосил нашуд,
Ҳеч бар мақсуди худ восил1 нашуд.
6. Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Аҳли ақлу илмро дорад азиз.
7. Ҳар ҷой, ки офтоб рахшон гардад,
Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад.
8. Ҳар кӣ аз душман набошад барҳазар,
Оқибат бинад аз ӯ ранҷу зарар.
9. Ҳар кӣ пой аз ҳадди худ бартар ниҳад,
Сар диҳад бар боду тан бар сар ниҳад.
Савол ва супориш
1. Зери мафҳуми "худшиносӣ" чиро мефаҳмед?
2. Панду андарзҳоро ифоданок хонед ва аз ёд намоед.