Муътакиф1 будам дар Ҷомеи Димишқ, ки яке аз мулуки араб, ки ба беинсофӣ мансуб буд, иттифоқан ба зиёрат омаду намозу дуо кард ва ҳоҷат хост.
Дарвешу ғанӣ бандаи ин хоки даранд,
В-онон, ки ғанитаранд, муҳтоҷтаранд.
Он гоҳ маро гуфт:
– Аз он ҷо, ки ҳиммати дарвешон аст ва сидқи муомилати эшон, хотире ҳамроҳи ман кун,2 ки аз душмани саъб3 андешанокам.
Гуфтамаш:
– Ба раияти заиф4 раҳмат кун, то аз душмани қавӣ заҳмат набинӣ!
ФАРД
Ба бозувони тавонову қуввати сари даст
Хатост панҷаи мискини нотавон бишикаст.
Натарсад он ки бар афтодагон набахшояд,
Ки гар зи пой дарояд, касаш нагирад даст?
Ҳар он ки тухми бадӣ кишту чашми некӣ дошт,
Димоғи беҳуда пухту хаёли ботил5 баст.
Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ6,
В-агар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст!
* * *
Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
ШУҶОАТИ МАЛИКЗОДА
Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир7 ва дигар бародарон баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳат8 ва истиҳқор9 дар ӯ назар мекард. Писар ба фаросат истибсор10 ба ҷой овард ва гуфт:
– Эй падар, кӯтоҳи хирадманд беҳ, ки нодони баланд. На ҳар чӣ ба қомат меҳтар11, ба қимат беҳтар!...
Он шунидӣ, ки лоғаре доно
Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ:
«Аспи тозӣ агар заиф бувад,
Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ».
Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш ниҳуфта12 бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Шунидам, ки маликро дар он қурб13 душмани саъб14 рӯй намуд. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯй дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:
Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!
В-он ки ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад,
Рӯзи майдон в-он ки бигрезад ба хуни лашкаре.
Ин бигуфту ба сипоҳи душман зад ва тане чанд мардони корӣ биандохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибӯсиду гуфт:
Эй ки шахси манат ҳақир намуд,
То дуруштӣ ҳунар напиндорӣ.
Аспи лоғармиён ба кор ояд
Рӯзи майдон, на гови парворӣ15.
Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буду инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд, писар наърае заду гуфт:
– Эй мардон, бикӯшед, ё ҷомаи занон бипӯшед! Саворонро ба гуфтани ӯ таҳаввур16 зиёдат гашт ва ба якбор ҳамла оварданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафар ёфтанд. Малик (он писарро) сару чашмаш бибӯсиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назари беш кард, то валиаҳди17 хеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таомаш карданд. Хоҳар аз ғурфа18 бидид, дарича бар ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом кашиду гуфт:
– Муҳол аст, ки ҳунармандон бимираду беҳунарон ҷойи эшон бигиранд...
Луғат
1. Муътакиф – гӯшанишин, шахсе, ки дар масҷид ҷой гирифта, ибодат мекунад.
2. Хотире ҳамроҳи ман кун – яъне барои ман дуо кун.
3. Саъб – пурхатар, хатарнок, сахт.
4. Раият – халқ.
5. Ботил – ночиз, ноҳақ.
6. Доди халқ бидеҳ – яъне ба доди халқ бирас.
7. Ҳақир – хурд, нотавон.
8. Кароҳат – нописанд доштан.
9. Истеҳқор – хурд ва залил шумурдан.
10. Истибсор – биниш.
11. Меҳтар – калонтар.
12. Ниҳуфта – пинҳон.
13. Қурб – наздикӣ, дар ин ҷо ба маънои замон.
14. Саъб – сахт, душвор.
15. Парворӣ – парвардашуда, фарбеҳ.
16. Таҳаввур – шердилӣ, ҷасорати бефикру бемулоҳиза.
17. Валиаҳд – касе, ки подшоҳ ӯро дар вақти зиндагияш ба ҷойи худ таъин мекунад.
18. Ғурфа – болохона ё дарича.
Савол ва супориш
1. Бо кадом мақсад подшоҳи беинсоф барои дуои хайр назди Саъдӣ омад?
2. Дар ҷавоби Саъдӣ кадом хислатҳои нависанда инъикос ёфтааст?
3. «Банӣ Одам аъзои якдигаранд»-ро маънидод кунед ва азёд намоед.
4. Чаро муносибати падар нисбат ба фарзанди хурдӣ дигар гашт?
5. «Муҳол аст, ки ҳунармандон бимиранд ва беҳунарон ҷойи эшон бигиранд» ба мазмун ва ғояи ҳикоя чӣ муносибат дорад?
6. Аз рӯйи ҳикоя дар хона дар бораи рафтору кирдори се бародар фикратонро баён карда, ба дафтаратон нависед.