Луқмонро гуфтанд:
– Адаб аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт:
– Аз беадабон: ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, аз феъли он парҳез кардам.
КАМ ХӮРДАН АДАБ АСТ
Обидеро ҳикоят кунанд, ки шабе даҳ ман таом бихӯрдию то саҳар хатме дар намоз бикардӣ. Соҳибдиле шуниду гуфт:
– Агар ними ноне бихӯрдиву бихуфтӣ, бисёр аз ин фозилтар будӣ.
Андарун аз таом холӣ дор,
То дар ӯ нури маърифат бинӣ.
Луғат
1. Маллоҳ – баҳрнавард
ХОРКАНИ ҲИММАТБАЛАНД
Ҳотами Тойиро гуфтанд:
– Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ?
Гуфт:
– Бале, рӯзе чиҳил шутур қурбон карда будам умарои арабро.
Пас ба гӯшаи саҳро ба ҳоҷате бурун рафта будам (барои коре ба саҳро баромада будам). Хорканеро дидам, пуштае хор фароҳам оварда (ҷамъ кардааст). Гуфтамаш:
– Ба меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқе бар симоти (дастархони) ӯ гирд омадаанд?
Гуфт:
Ҳар кӣ нон аз амали хеш х(в)арад,
Миннати Ҳотами Тойӣ набарад.
Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам.
Савол ва супориш
1. Пур хӯрдан аз кадом ҷиҳат ба инсон зарар доштааст?
2. Ҳотами Тойӣ кӣ буд? Бо кадом хислатҳояш дар байни мардум маъруф гардидааст?
3. Чаро марди хоркан дар ҳимматбаландӣ аз Ҳотам ҳам бузургтар будааст?
4. Калимаи "бузургҳимматтар" кадом ҳиссаи нутқ мешавад? Онро аз ҷиҳати сохт низ таҳлил намоед.