Овози нохуш

Яке дар масҷиди Синҷор ба татаввуъ (барои савоб) бонг гуфтӣ, ба адое, ки мустамиъонро (шунавандагон) аз ӯ нафрат будӣ. Соҳиби масҷид амире буд одили нексират. Намехост, ки муаззин дилозурда гардад. Гуфт:

– Эй ҷавонмард, ин масҷидро муаззинонанд қадим. Ҳар якеро панҷ динор мураттаб доштаам (маош қарор додаам). Туро даҳ динор медиҳам, то ҷое дигар равӣ.

Бар ин қавл иттифоқ карданду бирафт.

Пас аз муддате дар гузаре (дар сари роҳе) пеши амир боз омад, гуфт:

– Эй худованд (соҳиб), бар ман ҳайф кардӣ (дар ҳаққи ман ҷавр кардӣ), ки ба даҳ динорам аз он буқъа (масҷид), бадар кардӣ, ки ин ҷо, ки рафтаам, бист динорам ҳамедиҳанд, то ҷойи дигар равам, қабул намекунам.

Амир аз ханда бехуд гашту гуфт:

– Зинҳор, то наситонӣ, ки ба панҷоҳ розӣ гарданд.

БАЙТ

Ба теша кас нахарошад зи рӯйи хоро гил,

Чунонки бонги дурушти ту мехарошад дил.

ҶАВОБИ МОДАР

Вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам.

Дилозурда ба кунҷе нишасту гирён ҳамегуфт:

– Магар хурдӣ фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?

ҚИТЪА

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,

Чу дидаш палангафкану пилтан:

«Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,

Ки бечора будӣ дар оғӯши ман,

Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,

Ки ту шермардию ман пирзан».

Савол ва супориш

1. Гӯед, ки дар ҳикоят кадом хислати инсон мазаммат шудааст?

2. Агар шахсе шеърро ҳамин тавр нохуш хонад, ба шумо хуш меояд?

3. Ҳикояти «Ҷавоби модар» аз кадом ҷиҳат ба шумо писанд омад?

4. Доир ба рафтор ва гуфтори ҷавон нисбат ба модар чӣ андеша доред?

5. Аз рӯйи ҳикояти «Овози нохуш» саҳначае ташкил намоед.