Дарахти ҷовидон

Буд Кисро1 нишаста хурраму шод,

Сухани Ҳинд дар миён афтод.

Гуфт шахсе: «Дар он диёри васеъ

Ҳаст кӯҳе, дар он дарахти рафеъ2.

Доимо ҳаст меваҳои тараш,

Мурдаро зинда мекунад самараш».

Майли он сӯ намуд Кисроро,

Шавқаш аз ҷо рабуд Кисроро.

Ба яке аз хавоси3 худ фармуд,

Ки «суйи Ҳинд рав, талаб кун зуд».

Рафт то Ҳинд, гашт то як сол,

Ҳама ҷо кард аз он дарахт суол.

Кас хабар з-он дарахту мева надод,

Охираш кард олиме иршод4.

Гуфт: «Он кӯҳ мардуми доност,

Илми ӯ он дарахти побарҷост,

Ки аз он мева гар хӯранд эшон,

Зинда гарданд, ҷон баранд эшон».

Мард наздики Кисрӣ омад боз,

Парда бардошт аз ҳақиқати роз.

Гуфт Кисро: «Яқин, ки ҳеч самар

Набувад ҳамчу илм ҷонпарвар».

Луғат

1. Кисро – Анӯшервони Одил, яке аз шоҳони сулолаи Сосониён.

2. Рафеъ – олӣ, баланд.

3. Хавос – наздикон, бузургон.

4. Иршод – раҳнамоӣ, равшан гардонидан.

Савол ва супориш

1. Зери мафҳуми «Дарахти ҷовидон» чиро мефаҳмед?

2. Мисраи «Мурдаро зинда мекунад самараш» чӣ маънӣ дорад?

3. Оё илм мурдаро зинда карда метавонад? Шумо аҳаммияти илмро дар чӣ мебинед?

4. Аз ҳикоя сифатҳояшро ёфта, ба дафтаратон нависед.