Дар олами бевафо касе хуррам нест,
Шодию нишот дар банӣ Одам нест!
Он кас, ки дар ин замона ӯро ғам нест,
Ё одам нест, ё аз ин олам нест!
***
Имрӯз маро ғайри парешонӣ нест,
Дар мушкили ман умеди осонӣ нест!
Ғам кушт марову кас ба додам нарасид,
Биллаҳ, ки дар ин шаҳр мусалмонӣ нест!
ДАР БОРАИ ДАЛЕРӢ
Биё, эй бедили аз кор монда,
Зи бим андар паси девор монда.
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.
Чӣ хуш гӯянд мардони ҷигардор,
Ки – «Пое пеш неҳ, дасте бурун ор!».
Агар сад сол зери санг бошӣ,
Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ.
Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гӯйӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?
Магӯ ҷоҳил, ки ҷойи ҳайрат аст ин,
Беҳ аз сад оқили беғайрат аст ин.
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ2,
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ.
Луғат
1. Майдони мардӣ – майдони ҷанг, муҳориба.
Савол ва супориш
1. Чаро аз оқили тарсу шахси ҷоҳили ҷасурро адиб боло гузоштааст?