Меҳмони мағрибӣ

Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо,

Қиссаи деринаи Банголаро1?

Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон

Ҷилва кунад лаълсифат дар ҷаҳон?

Ҳеҷ шунидӣ ту, ки дар Офтоб

Об чу симоб хӯрад печутоб?

Ҳеҷ шунидӣ ту, ки кӯҳи баланд

Дар сари худ чатр кашад аз паранд2?

Об равад таг-таги яхҳои пир,

Мисли ҷавоҳир зи дили ҳар адир.

Лолаву себарга ба вақти саҳар

Ҳалқабагӯшанд зи луълӯи тар.

Ҳеҷ шунидӣ, ки баланд аз саҳоб

Сайркунон лона гузорад уқоб?

Ин ҳамаро бинӣ ту дар Ҳиндукуш,

Дар сари кӯҳи баланди нуқрапӯш.

Гашта дар ин ҷо ватани ҷонварон –

Бойтарин сайдгаҳе дар ҷаҳон.

Наъраи фил ояду бабру паланг,

Савти хуши булбулакон ранг-ранг.

Ҳаст замини заҳи пур аз мағок3,

К-аз нами ӯ мешавад одам ҳалок.

Маймуни посӯхта, думсӯхта,

Кирми чу гавҳар ба шаб афрӯхта.

Ин ҳама дар бешаи Ҳиндустон

Воҳиманоканд ба пиру ҷавон.

Гар биравӣ ту ба тамошои боғ,

Мекунӣ аз бӯй муаттар димоғ.

Ин ҳама дар домани Ганг аст, Ганг,

Қиссаи шӯрафкани Ганг аст, Ганг.

Нақл намоянд, ки аз Ғарби тор

Кард сафар бандаи кибру виқор.

Дар бари худ карда либоси сафед,

Ҷой ба дил дода умеди палид.

Қувваи пурҷозибаи ин диёр

Кард дили мардаки ғарбӣ шикор.

Дағдағаи ӯ зи ҳад афзун бувад,

Аз хиради одамӣ берун бувад.

Дар дили ӯ ҳеҷ надорад асар

Хубии ин мамлакати хокзар.

Абри баланди сари ин кӯҳи пир

Лаззати парвози уқоби далер.

Меравад аз пайраҳаи кӯчабоғ,

Зинати он боғ накарда суроғ.

Мегузарад аз бари вайронаҳо,

Мадрасаву обидаву4 хонаҳо.

Мегузарад ӯ нанамуда назар

Бо ҳаяҷони дилу шавқи ба сар.

Ишқи гулу нолаи булбул асар

Ҳеҷ надоранд ба ин раҳгузар.

Омаду бар гардани ҳинду нишаст,

Ҳар чӣ ки мехост, гирифт ӯ ба даст.

Пӯсти рӯбоҳу палангон гирифт,

Ҳосили бечораи деҳқон гирифт.

Пахтаву абрешиму гандум гирифт,

Нони даҳони ҳама мардум гирифт.

Шираи ин бойзаминро кашид,

Хуни дили халқи гадоро макид.

Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,

Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Ҳеҷ надидӣ ту чунин мақбара,

Қасру биноҳои аҷиби сара.

Гунбази он мадрасаҳои қадим,

Шаъшааи обидаҳои азим.

Нақшу нигори дару дарвозаҳо,

Тоҷмаҳал5 рафта дар овозаҳо.

Дидаӣ дар зери замин зинаҳо

Софтар аз чеҳраи оинаҳо?

Меваи ширини ба монанди қанд,

Сояи боғу чамани дилписанд?

Дидаӣ оё ту ба чашмат аён

Муъҷизаи кишвари Ҳиндустон?

Ҳеҷ магар дидаӣ дар умри худ

Боғи муаллақ чу гилеми кабуд?

Санъати дар нозукӣ нозуктаре,

Духтаракони ба мисоли парӣ?

Сохта аз нуқраву зар косаҳо,

Дурру зар овехта раққосаҳо.

Кӯчаву бозор пур аз морбоз,

Фолбину мардуми маймуннавоз.

Дар талаби нон шуда ҷамъе ҳалок,

Хаставу, афтода гурӯҳе ба хок.

Дида ман инро ҷигарам пора шуд,

Ашк равон аз бари рухсора шуд.

Ин ҳама дар кӯчаи Калкутта буд,

Шаҳри пур аз ҳарзаву сафсатта буд.

Гарчи сари халқ шуд аз ғам сафед,

Пур бувад аммо дили ӯ аз умед.

Пайкари он гарчи чу хокистар аст,

Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар аст.

Гарчи ба ғорат равад ин сарзамин,

Боз дар он ганҷи равонро бибин.

Меҳнати деҳқонписару коргар

Аз ҳама ашёи ҷаҳон муфттар.

Ин магар афсонаи Бангола аст?

Қиссаи бадбахтии садсола аст?

Мегузарад мағрибии худписанд

Карда сару бинии худро баланд.

Бозикунон чӯб-асоро ба даст

Шому саҳар роҳ равад мисли маст.

Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ

Карда ҳарисона ба Машриқ6 нигоҳ?

Бурд дилашро магар ин сарзамин,

Бӯйи хуши ин чамани нозанин?

Ё ҳаваси дидани бӯзинаҳо,

Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?

Нақл намоянд, ки аз Ғарби тор

Кард сафар одами бенангу ор.

Ном баровард ба сангиндилӣ,

Тухми ситам коштану ҷоҳилӣ.

Дар дили ӯ ҳеч надорад асар

Нолаву фарёди падар ё писар.

Зинати боғу чамани дилфиреб,

Рӯйи гулу савти хуши андалеб.

Бо сари пурфитнаву бо карруфар

Мекунад аз байни халоиқ гузар.

Мекунад ин ғарбии рӯбаҳмиҷоз

Дасти тамаъро сӯйи ҳинду дароз:

«Дурри гаронро ба кафи ман бинеҳ,

Зар бидеҳу зар бидеҳу зар бидеҳ».

Мегузарад дуртар аз издиҳом

Бе назари диққату бе эҳтиром.

Гоҳ намоён шавад ӯ чун сипоҳ,

Гоҳ ба монанди гадоёни роҳ.

Гоҳ чу як гурбаи пояндамуш,

Гоҳ гурезанда чу муши хамӯш.

Ҳар чӣ ки мехост дар ин сарзамин,

Пурра даровард ба зери нигин.

Пӯсти рӯбоҳу палангон гирифт,

Ҳосили сарпанҷаи деҳқон гирифт.

Нуқраву тилло зи дили кон гирифт.

Тоқату ороми фақирон гирифт.

Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,

Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»

Тарк кунад кишвари Ҳиндустон,

Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст

Ҳеч ба чизи дигаре дил набаст.

Сар назад аз мағрибии бекарам

Чизи дигар ғайри ҷафову ситам.

Тир назад мағрибии дилсиёҳ

Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,

Боз ба ин оила бегона монд.

Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,

Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Луғат

1. Бангола – вилоятест дар Ҳиндустон.

2. Паранд – ҳарир, либосвории тунуки чиркин.

3. Мағок – чуқурӣ, ғор, яъне мавзеи чуқури ифлос.

4. Обида – мақбара.

5. Тоҷмаҳал – мақбараи муҳташам, ки дар асри ХVII бино ёфтааст.

6. Машриқ – Шарқ.

Савол ва супориш

1. Шоир ба асар чаро «Меҳмони мағрибӣ» ном гузоштааст?

2. Чаро кӯҳи Ҳиндукушро шоир нуқрапӯш гуфтааст?

3. Ба андешаи шумо чаро марди мағрибӣ аз мардуми ин сарзамин ҳама чиз – бойигарию сарват, истиқлол, бахту саодатро гирифт? Оё мубориза бурдан мумкин набуд?

4. Аз асар лаҳзаҳои тасвири омадани марди мағрибиро ёбед, хонед ва азёд намоед.