Дубайтию рубоиёт

Мусалмонон! Зи дур ояд садое,

Садои ҷонгудозе, ғамфизое.

Надонам, ки куҷо шабхун зада гург,

Вале донам, ки нолад ошное.

Ятиме, дардманде, бенавое

Баровард аз дили саҳро садое:

«Манеҳ зинҳор аз каф шамъи уммед,

Агар хоҳӣ расӣ рӯзе ба ҷое».

Азбас хушу масту дилрабо меойӣ,

Чун боди баҳор ҷонфазо меойӣ.

Дил хонаи ишқи туст, ободаш дор,

Чун хона хароб шуд, куҷо меойӣ?

Ин кинаварон4 боз бо найранги дигар

Доранд сари фитна ба оҳанги дигар.

Фарёд, ки ин шуъбадабозон5 ҳар рӯз

Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар.

Зебо Ватанам, ҷаннати дунё Ватанам!

Эй ғарқаи хуну ашк, танҳо Ватанам!

Ман ҷуз ту дигар ном наёрам бар лаб,

Ай во Ватанам, во Ватанам, во Ватанам!

Луғат

1. Оваҳ – дареғ, афсӯс.

2. Ҳала – акнун, ҳоло.

3. Саҳбо – шароб, майи сурхтоб

4. Кинаварон – душманон, интиқомҷӯён, қасосгирон.

5. Шуъбадабоз – найрангбоз, ҳилагар, маккор.

Савол ва супориш

1. Номи шеър – «Хитоб ба авлоди Ватан»-ро шарҳ диҳед.

2. Шоир киноварон гуфта киҳоро дар назар дорад?

3. Чаро шоир дар бораи Ватан бо ҳасрат ёд мекунад?