Мамараҷаб боз чизе гуфтанӣ буд, вале аз роҳрав тӯп-тӯп қадаммонии касе ӯро аз гап боздошт. Ҳар ду ба роҳрав нигоҳ карданд. Ба тарафи заминкан робитачии командири взводи сеюм меомад.
– Хӯш, Костя?
– Барои шумо омадам. Зуд ба назди комвзвод, рафиқ сержант.
– Боз чӣ гап, аз ин ҷо ҳам кӯчро ғундоред-ку намегӯяд?
– Намедонам, ҳамаи командирони отделенияро ҷеғ мезананд.
Сафар сумка ва автоматашро ба гардан овехта, аз блиндаж баромад. Аз роҳрав ба Мамараҷаб гуфт:
– Ту дар ҳамин ҷо бош, дур нарав.
– Хуб.
Дар блиндажи командири взвод – лейтенанти хурд Харитонов, ғайр аз командири отделенияи чорум, дигар ҳама ҷамъ омада буданд. Сафар аз командири взвод иҷозат гирифта даромад ва аз паҳлуи командири отделенияи пулемётчиён чорзону нишаст. Комвзвод Харитонов дар пешгоҳи блиндаж, дар болои суффачае, ки дар пешаш аз тахтаи бараш сӣ-чилсантиметрии куҳна столча сохта шуда буд, ба кадом як коғаз чашм дӯхта менишаст.
– Хуб, рафиқон! – Ҳама ба тарафи командири взвод Харитонов рӯ гардониданд. – Ман шумоёнро барои бо як фармон хабардор кардан ҷеғ задам. Аз ҳамин шаб сар карда, мавқеи мо боз хавфноктар шуда монд. Немисҳо имрӯз субҳ хатти мудофиавии моро аз ду ҷо рахна кардаанд. Қисмҳои танкӣ ва мотории онҳо ба тарафи мо фишор дода меоянд. Дивизияи мо фармон гирифтааст, ки ба мудофиаи марзаи худ ва зада баргардонидани ҳуҷумҳои душман тайёр бошанд. Имшаб навбати муҳофизати посбоникунанда ба взводи мо супурда шуд. Отделенияи сержант Одинаев ва Клименко дар ду тарафи гарданаи теппаи дуюм, ки дар рӯ ба рӯямон аст, дар посбонӣ меистанд. Ду отделенияи даҳ нафар дигар, то фармони махсус бояд даҳ нафар барои ба разведка рафтан ҳозир бошанд. Фаҳмидед?
– Фаҳмидем, рафиқ лейтенанти хурд, – ҳама баробар ҷавоб доданд.
– Мумкин? – пурсид Сафар. Харитонов иҷозат дод. – Ҷойи посбонии отделенияи моро аз харита саҳеҳтар нишон медодед. – Мана, наздиктар оед, – гуфт Харитонов харитаи топографиро ба наздиктари худ кашида ва дастони ангуштонаш кӯтоҳ-кӯтоҳи худро ба рӯйи харита монду баъд бо нӯги сурхи қалами дуранга ба ду нуқта доирачае кашид, ана ҳамин ҷо. Боз дар аснои ба иҷрои вазифа шурӯъ кардан худам ҳамроҳ рафта нишон медиҳам. Боз чӣ суол ҳаст? Дигар суол набошад, ба отделенияҳои худ рафта, тайёриятонро бинед. Расо дар соати 20 шуруъ мекунем, – Харитонов ба соат нигоҳ кард. –Дар ихтиёри шумо боз чор соати комил.
Командирони отделенияҳо, пас аз шунидани фармон ба ҷойҳояшон рафтанд. Вақте ки Сафар ба заминкани худ наздик шуд, аз он ҷо садои думбура ва овози ба вай ҷӯршудаи Нозир мебаромад. Сафар бо кадом як мулоҳиза оҳиста-оҳиста қадам монду ба даромади заминкан расида, як дам рост истод. Ба гӯши вай овози думбура ва суруди Нозир аз ҳарвақта дида чунон форам мерасид, ки гӯё аввалин бор мешунида бошад.
Нозири камаровӣ бо овози на он қадар баланд, вале форами худ месароид:
Ду қоши сиёҳ дорию мӯйҳои дароз,
Дар мактаби шӯроӣ ту мехонӣ ба ноз.
Қурбони ду абрӯи сиёҳат бишавам,
Пеши мани зор кай ту меойӣ боз?
Дар ҳангоми суруд Сафар як дам худро фаромӯш карда, фикран ба Тоҷикистон, ба водии Ҳисор, ба кӯҳсорони Қаротегину Дарвоз, дар кӯчаҳои тахту рости Сталинобод, ки дар ин шабу рӯзҳо саросар сабзапӯш шудаанд, сайругашт мекард. Аз Юнусбобо шармкунон бо Зебӣ дар таги кадом як ниҳоли боғчаи мактаб танҳо суҳбати ширин мегузаронд. Модараш ба гардани ӯ часпида ашки шодӣ, ашки пазмоншавӣ рехта, дере дар гирди сари ӯ парвона барин чарх мезад. Боз… боз… чӣ хаёлҳо, ки аз пеши назари вай намегузаштанд…. Лекин садои якбора хомӯшшудаи думбура ва суруд ҳамон замон фикри Сафарро ҳам аз ин сайругаштҳо боздошт. Вай худ ба худ табассуме карду ба гирду атрофаш назар партофта, ба заминкан даромад.
Дар блиндаж Нозир, Мамараҷаб, Дадабой, Степан Шестак ном ҷанговари сибирӣ ва Аркадий Косенко ном ҷанговари украинӣ ба ҳамдигар ҷафс менишастанд. Баробари намоён шудани Сафар ҳама аз ҷояшон ҷунбида, илоҷи хеста берун баромаданро меҷустанд.
Сафар аз даромад нигоҳ карда, «Эҳе, қариб ҳамаи отделения дар ҳаминҷо-ку» гӯён, ҷанговаронро ба нишастан таклиф карда, худашро берунтар гирифт. Солдатҳо якта-якта берун баромада, камтар дилхушӣ кардани худро гуфтанд. Сафар ҳам ин кори онҳоро маъқул шуморида ба Нозир таҳсин хонд:
– Бале, камаровӣ!
– Гоҳ ғамзаю усул, гоҳ Худою Расул, рафиқ сержант, – ҷавоб дод Нозир.
– Нағз, бисёр нағз кардӣ, камаровӣ. Боз кӣ медонад, ки ин ғамзаю усулҳо кай мешуда бошад, – гуфт Сафар ва ба Нозир шарҳи ин суханро фаҳмонд.
– Боз пагоҳ-бегоҳ нақораи ҷанг баланд мешудагӣ барин.
Сафар ин суханро гуфту чашмаш ба уфуқ афтод. Офтоб сурхчатоб шуда, ба сӯйи ғарб фурӯ мерафт.
Дар рӯйи ҳамон уфуқи оташвор хол-хол нуқтаҳои сиёҳ пайдо мешуданд ва онҳо ба назар торафт калонтар менамуданд. Сафар як дам нафасашро ба дарун кашида, хомӯш монд. Ҷанговароне, ки дар пеши ӯ буданд, мисли вай ба ҳамон сӯ нигоҳ карда монданд.
Диққати онҳоро овози фавқулода баланди кадом як кас, ки парвози ҳавопаймоҳои фашистиро хабар медод, бурид. Ҳама яроқу аслиҳаи дар окопҳо ва майдончаҳо истодаро ба камарҳои траншея ва окопҳо руст карда, худашон ҳам пинҳон шуданд. Дар як дам атрофро хомӯшӣ фаро гирифт. Акнун ғурғури самолётҳо баландтар шунида мешуд. Ғайр аз ин, аз ким-куҷо ғиҷир-ғиҷири чархи вайронаи ароба ва бо қаҳр дашномдиҳии касе низ ба гӯш мерасид.
Самолётҳои вазнини бомбаандози немисҳо, ки дар зери ҳимояи қиркунандагон парвоз мекарданд, бо ғулғулаи худ осмонро пур карда, ба болои мавқеи ротаи лейтенант Осмухин расиданд. Ин сафар самолётҳо аз ҳарвақта пасттар ва бо суръати сусттар парвоз мекарданд.
Ҳамин ки самолётҳои бомбаандоз аз болои мавқеи рота хеле дуртар гузашта рафтанд, яке аз он ду «Мессершмит»-и қиркунанда, ки гоҳ аз пеш, гоҳ аз қафо парвоз мекарданд, аз роҳи худ баргашта, якбора сарозер омада, майдону роҳҳоро аз пулемёти худ тирборон кардан гирифт. Самолёт чунон ба замин наздик мепарид, ки лётчики он равшан дида мешуд. Ҳар бори як қатор тир андохта гузаштан лётчик сарпӯши кабинаи худро кушода, сарашро бароварда, ба қафояш нигоҳ мекард. Ҳамин тавр вай се-чор бор сарозер омада, баъд боз аз қафои шарикони худ шитобида рафт.
Баъди аз чашм ғоиб шудани қиркунанда, ҷанговарон аз паноҳгоҳҳо яке аз қафои дигар берун баромаданд ва зуд аз ҳамдигар ҳолпурсӣ карданд. Ҳама ҳаёт ва безарар будани худро мегуфтанд. Аммо баногоҳ касе аз дур ончунон фарёд бардошт, ки гӯшу чашми ҳама баробар ба он сӯ дӯхта шуд.
Дар сари он роҳи калон, ки аз паҳлуи чапи мудофиагоҳи рота мегузашт, як марди кулӯтариши синабараҳнаи сарлуч ришу мӯйҳояшро харошида-харошида, гоҳ ба замин меафтод ва гоҳ бархоста ба чор тараф даст ёзонда ёрмандӣ металабид.
Сафар бо ҷанговаронаш ба он сӯ давид. Каме дуртар аз он ҷойи исти мардак, дар қарибии ҷӯйбор аробаи чорчархае меистод, ки дар болояш лақулуқҳои бисёре бор карда шуда буд. Дар пеши он як писараки нуҳ-даҳсола нӯги лаҷоми аспро маҳкам дошта, рӯ ба замин наҷунбида мехобид.
Яке аз ҷанговарон писаракро зуд аз ҷояш бардошта, рӯболо хобонид. Вай беҷон буд. Аз сари синааш то болои нофаш олудаи хун буд. Мардаки кулӯтариш ва дар паҳлуи вай занаки миёнасоли мӯсиёҳ худро ба болои мурдаи писарак партофта, чунон фиғону нола мекарданд, ки дили дигарон ҳам аз нолаи онҳо об мешуд.
Ин писараки ҳанӯз ба камол нарасида, ки ҳамроҳи падару модараш хонаю ҷойи худро партофта, аз дасти истилогарон ба ақибгоҳи дур паноҳгоҳ кофта мерафт, қурбони тири ҳамон лётчики қиркунандаи немис шуда буд.
Ҷанговарон бо фармоиши Осмухин ва Ванюшин, ки онҳо низ ба сари ин воқеаи хунин расида омада буданд, ҷасади писаракро бардошта, аз сари роҳ ба миёнаҷойи як пали замини корам бурданд. Дар он ҷо барои ӯ қабр кофта, ин писари бемаҳал қурбоншудаи соҳили Донро ба оғӯши хоки Дон супурданд.
Падару модар дар байни ним соат дар доғи писар девонавор ҳушу хаёли худро гум карда, аз болои қабр сар намебардоштанду хоки ӯро ба ашкҳои худ тар мекарданд.
Дар болои қабр салюти кӯтоҳи автомату милтиқҳои ҷанговарон садо дод. Падари писарак аз ҷояш хеста, ба кифти Сафар, ки вай дар паҳлуяш истода буд, даст партофта, сарашро ба синаи ӯ монду бо овози пуралам гуфт:
– Фарзандонам, ҳаққи хуни ин бародари аз дасти Гитлер ҷавонмаргшудаи худро ҳам фаромӯш накунед.
Мамараҷаб ба сари қабр омада, зани дар болои он хобидаро оҳиста бардошт ва ӯро ба пеши аробаи чорчарха, ки ҷанговарон онро рост карда, чизу чораҳои ба ҳар сӯ титу парешоншудаашро ҷо ба ҷо карда буданд, оварда, ба он савор кард. Ароба ба таври ҳузновар нолишкунон боз ба роҳ даромад.
Мамараҷаб аз паси ароба хеле нигоҳ карда монд. Дар чашмони пилкҳояш варамкардаи вай ашк ҷӯшида буд. Дандонҳои ӯ асабонӣ ғиҷиррос мезад.
Вақт аз поси шаб гузашта, ситораи Парвин ба шимол хамида буд. Аз он теппаи зинамонанд саҳрои пасту баланд каф барин намудор шуда меистод. Аз тарафи рости теппа пайраҳае торафт каҷу килеб шуда, ба гандумзори поён даромада мерафт, аз тарафи чап бошад, камтар замини ҳамвор ва баъд се-чор пастхамиҳое, ки рӯйи онҳоро хасу хошоки хушк зер карда буд, ба чашм меафтоданд. Хомӯшии шабро ғайр аз садои тӯпҳое, ки аз дур шунида мешуд ва ба онҳо гӯш одат карда буд, боз чунин чирросзании мӯру малахҳо ва баъзан овози ҷуғзе вайрон мекард. Осмонро тез-тез ғур-ғури ба худ хоси самолётҳои бомбаандози немисӣ фаро мегирифт. Дар ҷануби шарқӣ, дар шарқ, шарқи шимолӣ ва дар ғарб, ба торикии шаб нигоҳ накарда, уфуқ сурху сафедча метофт. Ҳанӯз рӯзона мегуфтанд, ки дар ғарб тамоми заминҳои гандумзор оташ зада шуданд, дар қафо бошад, Калач, Абганерово ва боз якчанд стансияҳои роҳи оҳан ва маркази шаҳру районҳоро немисҳо бомбаборон кардаанд.
Дар ҳамин вазъият навбати дар қаровулии саҳроӣ истодан ба Мамараҷаб ва Степан Шестак омада буд. Сафар бо ҳамроҳии онҳо ба гарданаи теппа хомӯш хамида баромад. Дар ин ҷо Дадабой ва Аркадий Косенко дар посбонӣ меистоданд.
– Хомӯш, ман! – гуфт Сафар ба Дадабой, ки вай аз ҷойи худ ҷунбида «Кист?» гуфт. –Чӣ гап?
– Хотирҷамъӣ, рафиқ сержант, – пичиррос зада ҷавоб дод Дадабой.
– Ягон чизро пай набурдед?
– Пашша ҳам пар назадааст.
– Хуб, постро ба инҳо супореду худатон аз қафои ман оед.
– Марҳамат, Мамадполвон, – гуфт боз шӯхӣ карда Дадабой, – чашмакатонро калонтар кушода меистед, уко, боз ягон кас аз почекатон қапида, ба поён ҳаво надиҳад, ҷӯраҷон!
– Гапро бисёр накарда, тезтар гузар! – гуфт Мамараҷаб ва ба окопи то зону кофташуда даромад. Степан ҳам ба окопе, ки аз вай се-чор метр дуртар буд, рафта фуромад.
Сафар вазифаҳои ҳар дуи онҳоро такроран фаҳмонда дод ва аломати сигналро ҳам гуфт:
– Боз дар ғафлат намонӣ, Мамараҷаб? – таъкид кард Сафар.
– Хотирҷамъ бошед, рафиқ сержант, Мамараҷаб Дадабой барин аз пар задани пашша ҳам бехабар намемонад.
– Чашматро сӯзан, гӯшатро сих кун! – гӯён Сафар бо ҳамроҳии Аркадий Косенко ва Дадабой Ёрматов ба поёни теппа фуромада рафт.
Мамараҷаб дар окоп қулайтар дароз кашида, ба тарафи Степан рӯ гардонд ва бо забони нимколаи русӣ аз ӯ пурсид:
– Стёпа!
– Ҳа.
– Мо ҳам ҳозир одами чандон хурд не-а?
– Набошад-чӣ. Тақдири як қисми калон дар дасти мо бошаду…
– Ба гумонат, немис ба ҳамин ҷоҳо меомада бошад?
– Шайтон медонад. Ҷанги дар он тарафи Дон шударо дар хотир дорӣ, бе ҳеҷ огоҳӣ дар байни як-ду соат бо немис даст ба гиребон шуда будем?
– Лаънатиҳо танку машинаи бисёр доранд. Ҳеҷ вақт пиёда намегарданд.
– Ба хаёли ту, мо магар танку машина надорем?
– Ку, аз рӯзе, ки ба фронт омадам, як бор ҳам ба машина савор нашудаам.
– Қисми мо пиёдагард. Агар қисми моторикунонда мешуд, аз болои автомашина намефуромадӣ.
– Кайф кайфи ҳамонҳо будааст. Ақиб гурезад ҳам, ба пеш равад ҳам, худи комиссар барин доимо машина тайёр.
– Не, ҷӯра, кори онҳо ҳам он қадар хуб нест.
– Чаро?
– Барои автомашина роҳи ҳамвори васеъ даркор, ин хел роҳ дар ҳар ҷо ҳам шудан намегирад, ба болои ин, Худо накарда, агар чашми самолёти немис афтида монад, баъд ҳолат хароб.
– Набошад, ҳамааш ҳам як бало гӯй.
– Не, ин хел ҳам не. Аз ҳама хубаш қисми пиёдагард. Бесабаб нест, ки ӯро модари қӯшунҳо меноманд. Агар дурусттар замин канда, панаҳ шавӣ, Ҷабраил ҳам туро ёфта наметавонад. Душман, ки омад, аз қаъри замин хестагӣ барин, ба ногаҳ ба сараш ҳамла мекунӣ, самолёташ ояд, дарҳол ба чор тараф паҳн шуда, зуд аз чашмаш ғоиб мешавӣ – гӯён Степан торафт бештар донишмандии худро нишон додан мехост.
– Шабу рӯз пиёдагардиро намегӯӣ? – пурсид Мамараҷаб.
– Беҳтар ин, ки ҳамеша пиёда гардӣ. Агар доимо савори автомашина гардию ягон ҳодиса шуда автомашина аз саф баромада монад, баъд наркоми бекор шудагӣ барин хеле вақт пиёда гашта наметавонӣ.
– Ин гапат ҳам маъқул, – гуфт Мамараҷаб ва пурсид: – Стёпа, синнат чанд?
– Чаро якбора синнамро мепурсӣ?
– Хеле бачаи гапдон будаӣ.
– Хотирҷамъ бош, ин ҷанг як ману ту не, кӯдаки дар гаҳвора бударо ҳам гапдон мекунад. Худи ту ба чанд даромадӣ?
– Бисту сеи пурра.
– Аз ман як сол хурд будаӣ. Зан дорӣ?
– Не, – гуфт Мамараҷаб ва аз ин суоли Степан як дам хаёлаш парешон шуд.
Баъд худи ӯ аз Степан пурсид:
– Ту чӣ?
– Зан надораму маҳбуба дорам. Тӯй ҳам карданӣ будем, лекин ана ин ҷанги фалокат сар шуда монд.
– Ҳозир ҳам ҳамон маҳбубаат ҳаст? Мактуб менависад?
– Ҳаст, дар Урал, дар заводи тӯпсозӣ кор мекунад. 45-миллиметраи танкзанро ҳамонҳо месозанд. Ана, ту гапдониро аз вай шунав. Пулемёти «Максим» барин. Як сар кунад, то ҳамаи лентаи гапро тамом накунад, намемонад… Дирӯз боз хат кардааст.
– Хӯш, чӣ менависад?
– Навиштаҳояш аз фармони командири дивизия ҳам зӯртар гӯям, хато намекунам, ҷӯра. Албатта, дар аввали хат салому табрикҳои ширадор… Баъд аз ҳамаи онҳо ба ҷароҳат қаламфурпошӣ сар мешавад… Менависад, ки «Чӣ, магар қафо гашта-қафо гашта то Урал омаданӣ ҳастӣ?… Ба ваъдаҳои дар ин ҷо додаат вафо карданро фаромӯш кардӣ? Дугонаҳои ман ҳар бори аз ту мактуб гирифтанам бо пичингу киноя мепурсанд, ки Стёпа ба тарафи мо боз чӣ қадар наздик омадааст. Агар иҷозат медоданд, ҳозир худам ба даст яроқ гирифта, ба фронт мерафтам. Мо, одамони ақибгоҳ, шабу рӯз барои шумо кор мекунему шумо бошед, аз ақибгардӣ шарм ҳам намекунед». Дар охири мактуб чунин навиштааст ва зери онро хат ҳам кашидааст: «Стёпа! Хоҳӣ, ки ояндаи ҳаёти мо хушнуд, саодатманд бошад, ба гитлерчиёни лаънатӣ амон надеҳ! Куш, бисёртар куш! Қир кун! Аз хокамон зада пеш кун! Умедворам, ки дар рӯзҳои нағз, дар соатҳои интизорӣ бо гармони дӯстдоштаи худ суруди ғалабаро навохта меойӣ ва ин вафо ба ваъдаҳои якдигарамон мешавад». Ана, шунидӣ?
– Ҳа, ҳақиқатан ҳам духтари доно будааст.
– Доно ҳам гап-мӣ? Хайр, зинда бошем, ниқори худро аз душман меситонем.
– Чӣ гуфтӣ, Миша? (Мамараҷабро ҷанговарони рус Миша меномиданд).
– Албатта, агар омада монад, худи ҳамин шаб дандонҳояшро мешиканем, – гуфт Мамараҷаб, ки гапҳои Степан Шестакро шунида боз дили ӯ ба ҷӯш меомад ва торафт аз саргузаштҳои худ бадтар ба ғаш омада, худ худро коҳиш медод. Вай дар гирдоби ҳамин хаёлҳо фурӯ рафта буд, ки овози «шириққӣ» ӯро ба худ овард.
– Чӣ гап шуд? – пурсид бесаранҷомона Мамараҷаб.
– Қулфи автоматро санҷидам, – ҷавоб дод Степан.
– Ту ҳам ҷойи автомат санҷиданро ёфтӣ.
– Мабодо кор накарда монад гуфтам, ҷӯра.
– Шарти тир баромада равад, баъд чӣ мешуд? Як худат садҳо касони дар ақибамон бударо бесаришта мекардӣ.
Мамараҷаб аз ин таъкиди худ, ки камтар бо қаҳр баён мекард, мамнун мешуд.
Вай якумин бор, мисли командир, бо ин хел овози қатъӣ муомила мекард. Пас аз ин ӯ дар фикраш чӣ гуна масъулият ҳис кардани худро фаҳмида, ба гирду пешаш бо диққати том назар афканд.
Як соат, ду соат, се соат вақт гузашт. Аз сабаби он, ки дар як ҷо наҷунбида, бодиққат ба атроф нигоҳ карда менишастанд, чашмони ҳар ду солдат мисли донаи анор супсурх шуда буданд, мижаҳо ба қавоқ вазнинӣ кардагӣ барин, пеши чашмони онҳоро мегирифтанд. Вале ҳисси масъулият ва қарзи адои хизмат иродаи солдатии онҳоро торафт мустаҳкам нигоҳ медошту ба ғафлатмонӣ роҳ намедод. Ҳамин тавр вақти дар пост истодан қариб ба охир мерасид. Шаб аз нисф гузашта, торикии пеш аз дамиши субҳ замину осмонро фаро гирифта буд. Мамараҷаб ин вақт мижа назада ба пеш нигоҳ мекард. Степан Шестак оҳиста – «Миша!» гуфту Мамараҷабро ҷеғ зад. Мамараҷаб ҳам «ҳа» гӯён рӯяшро нагардонда ҷавоб дод.
– Ту Кировро медонӣ?
– Ҳа, медонам. Ба номи вай дар деҳаи мо колхоз ҳам ҳаст, одами бисёр нотиқ буд мегӯянд.
– Ман дар кадом як китоб як сухани дар солҳои вазнини ҷанги гражданӣ гуфтаи ӯро хонда будам. Медонӣ, чӣ мегӯяд: «Шаб чӣ қадар торик бошад, ситораҳо ҳамон қадар равшан медурахшанд».
Мамараҷаб беихтиёр чашм ба осмон дӯхт.
Осмон пур аз ситора буд. Гоҳ паст, гоҳ баланд милт-милт дурахшидани онҳо чунон зебо менамуд, ки кас аз тамошояшон сер намешуд. Баъд аз ба осмон нигоҳ кардан Мамараҷаб чашмашро аз он ҷо канда, ба пешаш нигоҳ карда гуфт:
– Боз дар тамошои ситора шуда, аз пост бехабар намонам.
Аз нав чашми ӯ ба пеш дӯхта шуд. Дар ин асно аз дур ғурриши мотори самолёт торафт наздик шунида мешуд, вале ин ғурриш ба болои сари онҳо наомада, боз ғоиб гашт. Аз мобайн бист-сӣ дақиқа нагузашта Степан пичиррос зад:
– Тсс, аз чап нуқтаи сиёҳ намуда истодааст.
– Ку? – пурсид Мамараҷаб рӯяшро ба ҳамон тараф нигаронида.
– Нағзтар нигоҳ кун, ана, боз ғоиб шуд.
– Хомӯш, овозат набарояд! – гуфт Мамараҷаб аз нуқтаи сиёҳ пай бурда ва боз ба ҳамон сӯ бодиққат чашм дӯхт.
Сиёҳӣ аввал якто, баъд дуто, сето шуд. Мамараҷаб автоматро ба тиркушоӣ ҳозир карда:
– Исто! Кӣ меояд?! – гӯён садо баровард. Баробари овози вай ҳар се нуқтаи сиёҳ ғоиб шуд. Боз якчанд вақт нагузашта, ҳамон нуқтаҳои сиёҳ аз нав пайдо шуданд. Ин сафар сето не, чорто ва панҷто шуданд.
Мамараҷаб ба Степан фармуд, ки мушак парронад. Степан мушакпарронакро ба ҳаво бардошта, куланги онро зер кард. Мушак напаррид.
– Лаънатӣ! Мушаки пуч будааст. Ана, акнун, бароварда ҳам намешавад.
Степан саросемавор ҳарчанд зӯр занад ҳам, мушаки напаридаро аз мил бароварда натавонист. Мамараҷаб фурсатро аз даст надода, Степанро барои хабаррасонӣ ба назди сардори постҳои муҳофизаткунӣ фиристод.
– Гранатаҳоро ба ман монда рав.
Степан хазида-хазида ба окопи Мамараҷаб омаду ду гранатаи худро ба паҳлуи вай гузошта, «Маҳкам исто!» гуфт ва боз хазида-хазида аз гарданаи теппа ба пастӣ фуромада рафт. Степан аз теппа ба пастӣ фуромада ғоиб шуда буд, ки боз нуқтаҳои сиёҳ паси ҳам аз ҳар ҷо-ҳар ҷойи пастхамӣ пайдо шуданд. Онҳо гоҳ намуда, гоҳ ғоиб шуда, ба тарафи чап ҳаракат мекарданд. Ин ҳаракати нуқтаҳои сиёҳ Мамараҷабро бадтар ба шубҳа мегузошт. Вай дарҳол гумон бурд, ки сиёҳиҳо аз тарафи чап ба қафои теппа гузаштанӣ ҳастанд.
Аз ин теппа то ҷойи подразделения бо роҳи рост қариб шашсад-ҳафтсад метр буд. Вале дар доманаи теппа чуқурии хорзоре буд, ки онро аз тарафи рост давр зада гузаштан лозим буд. То рафта омадани Степан камаш понздаҳ-бист дақиқа вақт лозим буд. То он вақт хомӯш истодан, шахсони номаълумро аз чашм ғоиб карда, ба истгоҳи қисм роҳ додан лозим буд. Бинобар ин, Мамараҷаб, аввало мувофиқи қоидаю талаби адои хидмат ва сониян аз рӯйи он орият ва ҳисси интиқом, ки дар ин муддат дар ӯ ҳосил шуда буд, барои ба задухӯрди тан ба тан даромадан аҳд кард.
Вақте ки сиёҳии якум ба паҳлуи чап боз пештар мерафт, Мамараҷаб лаби поёни карахшбастаашро ба зери дандонҳои пешаш гирифта, мили автоматро ба ҳамон сиёҳӣ нигаронида, кулангро зер кард.
Аз паси тири автомати ӯ аз пеш ҳам тир кушода шуд. Мамараҷаб аз окопаш баромаду хазида-хазида ба тарафи окопи Степан рафт. Аз он ҷо сиёҳӣ боз наздиктар дида мешуд. Дар пеши чашми вай, дар бист-биступанҷ метр пастӣ ду сиёҳӣ мехазид. Мамараҷаб якумин бор бо шумораи зиёди душман танҳо як худаш рӯ ба рӯ шуда буд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вай ба ҳаяҷон меафтод, нафасгирияш душвор мешуд, дилаш ғайри одат чунон беқарор мезад, ки ҳатто гуп-гупи ӯро худаш ҳам мешунавид.
Хомӯшии беинтиҳо ва дар торикии ғафс танҳо дар як теппа мондан ваҳмро зиёд мекард. Вале ин вазъият дер давом накард. Ҳамон лаҳзае, ки ду сиёҳии аз тарафи чапи теппа ҳаракаткунанда дар як ҷо истода монд, ба гӯши Мамараҷаб садои ғуҷур-ғуҷур гапзанӣ расид. Вай як дам нафасашро ба дарун кашида, ин гапзаниро бодиққат шунидан мехост. Аммо гуп-гупи дили ба ҳаяҷономадаи вай аз назди гӯшҳояш дур намешуд ва дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ якчанд калима суханро базӯр шунида гирифт. Мамараҷаб баъд аз ҳамин боварии комил ҳосил кард, ки дар рӯбарӯйи вай, албатта, одамони ғайр, одамоне, ки бо нияти сиёҳ омадаанд, истодаанд. Аз паси ҳамин мулоҳиза дарҳол дасти Мамараҷаб ба граната дароз шуд… Дастони ангуштонаш дароз-дарози камгӯшти вай ҳанӯз банди гранатаро надошта, се-чор тири ҳарранга аз болои сар ва паҳлуи вай шуввас зада гузаштанд. Мамараҷаб синаашро боз ҷафстар ба замин дода, сарашро ба девори окоп панаҳ кард.
Ин тирҳои ҳарранга гумони ӯро боз бештар тасдиқ карданд. Дандонҳои ӯ ба ҳамдигар хӯрда ғиҷиррос мезаданд, ғазаб ҳокими тамоми азму ихтиёри вай гардид. Мамараҷаб дар ҳамин ҳолат якбора сарашро аз окоп боло бардошта, сахт ба пеш чашм дӯхту дасти рости граната доштаашро ба ҳаво бардошта, баъд бо тамоми қувва онро ба дур ғурронд. Худи ҳамон сония ба гирду пеш таркиши сахт садо дода, оҳанпораҳо ҳуштак кашида ба ҳаво париданд. Баъд аз таркиш, Мамараҷаб боз ба нишебии теппа чашм дӯхт. Дар пеши назари ӯ кунда барин сиёҳӣ ба чор-панҷ метр поён ғелида рафт. Аз ин ӯ гӯё ғизои рӯҳӣ гирифт. Вай боз ба гранатаи дуюм даст дароз карда буд, ки дуртар аз нӯги пойи худи вай гранатаи аз пеш партофташуда таркида, аз по то сараш ба хоку дуд ҷӯлид. Аммо Мамараҷаб ҳеҷ чизро ҳис ва писанд накарда, кифташро ҷунбонда, боз гранатаи дуюмро ҳаво дод. Пас аз таркиши гранатаи дуюм ба сари вай чунон тир борид, ки ба вай имкони сар бардоштан намедод. Бо вуҷуди ҳамин, Мамараҷаб бо дасти чапаш тирдон, бо дасти росташ аз гардани қундоқи автоматаш дошта, аз рост ба чап, баъд аз чап ба рост тир кушод. Боз як гранатаи дигар ба паҳлуи рости ӯ афтода таркиду ба сӯйи вай хоку кулӯхи оҳанпораомехтаро оварда зад. Рӯйи рости вай, ки ба қундоқи автомат ҷафс карда шуда буд, зараре надиду вале дасту ангуштонашро чизе сӯзондагӣ барин шуд.
Мамараҷаб дар ҳамин вақт ҳам, ба ҳеҷ чиз эътибор надода, аз задухӯрди тан ба тан даст намекашид. Вай боз гранатаи сеюмро ба даст гирифта буд, ки аз қафои ӯ, аз гарданаи теппа пулемёти «Максим» ба кор даромад. Мамараҷаб, ки ба чашмонаш хун ҷӯшида, дасту пояш маҷрӯҳ гашта буд, ин пулемётро, ба чӣ фикр рафта, пулемёти душман хаёл карду, ба ақибаш гашта, дасти гранатадоштаашро ба ҳаво бардошт. Дар ҳамин асно Степан ба паҳлуи вай хазида омада: «Миша! Одамони мо омаданд!» – гӯён дасти гранатадори ӯро маҳкам дошт.
Худи ҳамон шаб ба тамоми дивизияи полковник Людников маълум шуд, ки қувваҳои пешҷанги гитлерчиён ба самти марзаи мудофиавии ӯ бо қувваи калон зер карда меоянд. Разведкачиёни немисҳо, ки онҳоро Мамараҷабу Степан ярадор карда буданд, дар тергав нишон доданд, ки қисмҳои танкӣ ва моторикунонидашудаи онҳо аз субҳи рӯзи дигар дер намонда, бояд ба ин ҷо расанд ва хатти мудофиавии нави қисмҳои советиро рахна карда, ба сарзамини Волга бароянд.
Тамоми шаб дар изтироб гузашт. Дар подразделенияҳо тайёрӣ ба ҷангҳои дарпешистода як дақиқа хомӯш намешуд.
Пагоҳии барвақт самолётҳои душман мавқеи ҷанговарони моро сахт бомбаборон карданд. Баъд аз ҳуҷуми самолётҳо тӯппаронии пеш аз баҳамлагузарӣ сар шуд. Снаряду минаҳое, ки гоҳ дар пеш, гоҳ дар қафо, ё аз ду паҳлу метаркиданд, чангу хоки заминро ба ҳаво бардошта, имкони чашм кушода нигоҳ кардан намедоданд. Аз тӯппаронии пайдарпай замин меларзиду гулдур-гулдур садо медод. Осмонро тирагӣ фаро мегирифт, бӯйи ғализи дуди борут ба димоғ зада, роҳи нафасгириро танг мекард.
Ин оғози ҳамлаи немисҳо барои рахна кардани хатти мудофиаи дивизияи полковник Людников буд. Аз отделения ба взвод, аз взвод ба рота, аз рота ба баталён, аз баталён ба полк ва сонӣ ба дивизия дам ба дам дар бораи вазъияти хатти пеши ҷанг, ҳаракату амалиёти душман маълумот мерафт.
Ҳамон даме, ки оташи тӯпҳои душман ба дарунтари хатти мудофиа нигаронида шуд, аз тарафи чап ва аз рӯбарӯйи ҳамон теппае, ки шаби гузашта Мамараҷаб дар он ҷо дар пост истода буд, ғулғулаи мотори танкҳо баланд гардиданд. Онҳо аз бешазорҳои дур, аз замини гандумзор, аз роҳи машинагард яке аз ақиби дигар аввал нуқтаи сиёҳ барин, баъд оҳиста-оҳиста қутӣ барин, сонӣ хонача барин ва дар охир фили хартуми худро рост карда давидагӣ барин, аз мили каме ба ҳаво майлкардаашон беист оташ фишонда, чор тарафро бо ғулғулаи мотори худ фаро гирифта меомаданд.
Аз байни ҳамин садою ғулғулае, ки замину осмонро фаро гирифта буд, ба гӯш садои баланди аз даҳан ба даҳан гузаштаи тӯпчиёни мо шунида мешуд:
– Нишон фалон, фалон қадар чаптар – ба сӯйи танки душман бо снаряди зиреҳзан оташ!
Баъд аз гулдурросзании тӯпҳои мо пеши роҳи танкҳои душманро чангу ғубори дудомези ғафс фаро мегирифт. Лаҳзае онҳо аз назар ғоиб мешуданду вале боз роҳи худро дигар карда, ба пеш зер карда меомаданд. Боз оташ, боз чангу хоки дудомез ҳаворо пур мекард. Лекин танкҳое, ки дар зиреҳи худ нишони фашистӣ доштанд, аз пешу қафои ҳамроҳони худ, ки дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи гандумзор ва роҳҳои машинагард мисли пахоли оташгирифта месӯхтанд, гузашта, ба пеш мехазиданд. Аз ҳама аввал ин танкҳо ба сӯйи тӯпҳои танкзани ба онҳо амоннадиҳанда мешитобиданд. Ана, он танке, ки аз гандумзор ба тарафи роҳ гузашта буд, ба сӯйи тӯпе пеш рафт, ки вай дар канори роҳ, дар миёни ҷӯйбори хушк истода оташ мекушояд. Мехоҳад ҳамин ҳозир ӯро ба зери тасмачархҳои худ гирифта маҷақ кунад. Бист метр. Понздаҳ метр. Рост, рӯбарӯ омад. Ана, паҳлуи худашро ба вай рост гардонд. Ана, ҳозир тӯп ва расчёти ӯро мисли наҳанг ба доми худ хоҳад кашид. Садои тӯп ва аз пайи вай боз як таркиши гӯшкаркунанда. Ҳалқаи дуди ғафс аввал сафедчатоб ва баъд торафт сип-сиёҳ ранг гирифта, танку тӯпро аз чашм ғоиб сохт, вале худи ҳамон дам аз оғӯши он ҳалқаи дуду оташ забона заду пас аз вай танки аз қафо оянда ҳам, аспак барин, дар ҷояш чарх зада истода монд.
Овози кадом як ҷанговаре баланд шуд:
– Бале, офарин! Танки дуюмро ҳам зад!
Баробари ин овоз касе боз фарёд зад:
– Ба муқобили пиёдааскарони душман, оташ! Боз як садои дигар фармон медод:
– Оташ ба қафои танкҳо, ба сӯйи солдатҳои душман, оташ!
Аз паси танкҳои даргирифта, вайроншуда ва танкҳои дар ҳар ҷо камингирифтаи немисӣ солдатҳои либоси кабудпӯш, ки остинҳояшон барзадагӣ ва ду дасташон ба автоматҳояшон буд, аз як сари палҳои замин то сари дигари вай қатор-қатор саф кашида, бо ғалоғулии бетартиб ба пеш метохтанд ва ҳамин, ки аскарони мо бар зидди онҳо аз тӯпу пулемёту автомат оташ мекушоданд, ҳамон замон қафонокӣ мегурехтанд.
– Ин подаи гӯсолаҳоро бин! – гуфт Сафар, ки ба обу арақ ғӯтида граната дар даст дандонҳояшро сахт ба ҳам совида, бо шиддат ба пеш нигоҳ мекард.
Аз нав боз як гурӯҳ танкҳо ба пеш хазиданд. Онҳо аз паҳлуи росту чапи теппаи якум, ки онро ҷанговарони Осмухин мудофиа мекарданд, гузашта, бевосита ба дарунтари мудофиагоҳи рота зер карда даромаданӣ мешуданд.
Аз заминкан ба заминкан, аз хандақ ба хандақ фармоне паҳн шуд, ки ба муқобили танкҳои душман бо гранатаи зиддитанкӣ ва шишаи даргиранда мубориза баранд.
Дар паҳлуи чап, дар он ҷое, ки бо оташи тӯпи зиддитанкӣ ду танки немис аз кор бароварда шуда буд, болои ҳам се танк пайдо шуд, дар паҳлуи рост ҳам ду танки дигар ва аз рӯ ба рӯ боз се танки дигар бо оташфишонӣ ба солдатҳои худ роҳ кушода меомаданд. Танки дуюм, ки аз роҳи паҳлуи чап пеш мерафт, охир ҳамон тӯпи танкзанро, ки аз ҷӯйбор истода оташфишонӣ мекард, бо тасмачархи рости худ маҷақ карда, ба тарафи мавқеъҳои взводи якуми рота роҳ гирифт. Аз рост ҳам ҳамон ду танк бо тӯпу пулемёти худ ба ҷанговарони мо имкони сар бардоштан намедод.
– Ба ҷойи ман гузар, – гуфт Сафар ба Дадабой ва худаш дар даст гранатаи зиддитанкӣ хамида-хамида ба паҳлуи рости теппа давид ва аз гардани теппа синаашро ба замин ҷафскунон ҳафт-ҳашт қадам поёнтар хазиду ба як чуқурие, ки онро таркиши бомба қариб ним қади одам кофта буд, даромад.
Вай ба чуқурӣ даромаду ҳамон дақиқа танки ба доманаи теппа хазида истодаро ба нишон гирифт. Ҳамин ки танк синаашро ба тарафи шимол гардонда, аз гардиши ҳамвортари теппа пеш рафтанӣ шуд, гранатаи танкзани Сафар ба ҳаво парид ва то мижа задан таркише атрофро ба ларза овард.
Таркиши сахте ҳаворо ба ларза оварда, хоку чанги бисёре ба болои Сафар мисли борон мерехт. Вай дар ҳамин ҳолат чашм пӯшида нақшаи нав кашиданӣ шуда буд, ки аз паҳлуи рости чуқурӣ тасмачархи як танки дигар, як канори девори чуқуриро пахш карда гузашт. Сафар худашро ба тарафи чапи девори чуқурӣ гирифта, ба вай мисли парвона зич часпид. Тасмачарх қариб ними ҷуқуриро бо замин ҳамвор карда, бо ғурриши зӯр ба теппа баромада рафт.
Сафар чашм кушода чизеро намедид, гӯшҳои вай ғуввас мезаданд, сари худро кунда барин вазнин ҳис мекард. Ними танаш дар зери хок монда, пойҳояш аз беҳаракатии хун виҷиррос мезад.
Ӯро тирандозию оташфишонии тӯпу туфангҳои рафиқони ҳамяроқаш, «ура»-и тавонои ҷанговарони советӣ баргашта ба ҳуш овард. Вай бо дасташ хоки ба болояш зершударо ба як сӯ кашиданӣ шуда хеле зӯр зад. Ангушту нохунҳояш сахт ба дард омаданд, дармонаш хушк шуда, боз сараш чарх зада беҳол гашт.
Баъд аз барбод рафтани ҳамлаи сеюми худ немисҳо маҷбур шуданд, ки баргашта дар хуруҷгоҳҳояшон мустаҳкам ҷойгир шуда, гоҳ-гоҳ мавқеи ротаи Осмухин ва дигар подразделенияҳоро ба зери оташи миномёту пулемёт гиранд.
Ҳамин тавр, рӯз ба охир расид. Он маҳалле, ки дирӯз ҳамин вақт хомӯш буд ва ягон овози тир намебаромад, акнун ба хатти аз ҳама пештари ҷанг табдил ёфта буд. Ба ҷойи чир-чири мӯру малахҳо аз чор тараф садои автомату пулемётҳо баланд мешуд. Тирҳои ҳарранга мисли ситораҳо аз ин сӯ ба он сӯ ва аз он сӯ ба ин сӯ парида, мушакҳои сурху кабуд, зарду сафед чор атрофро равшан мекарданд.
Сафар ба девори окопи худ такя карда, аз Дадабой воқеаи Аркадий Косенко ва Қурбонро, ки танки зеркардаомадаро нест карда, худашон ҳалок шуданд, мешунавид.
– Танки фашистон ба ҳамин лаб расида (Дадабой бо дасташ ҷойи баромади танкро нишон медод), яке-якбора ба рост гардонд. Аркадий ва Қурбон ба дасташон граната гирифта, аз поёнтар ба паҳлуи чапи танк давиданд. Ҳар дуи онҳо ҳу, ана, ба ҳамон чуқурӣ расида буданд, ки танк фукашро поён гардонда, тӯп холӣ кард. Инро бинед, ки тир рост ба лаби чуқурӣ расид. Қурбон ҷунбида натавонист. Аркадий бошад, аз чуқурӣ хуну хуншор рост ба сӯйи танк калавида-калавида давиду ба шиками вай граната ғурронд, сонӣ худаш ҳам афтид.
– Дар куҷо гӯрониданд?
– Дар ҳамон чуқурӣ. Ба афти бечора нигоҳ кардем, ба мурда ҳеҷ монанд набуд. Аз майна зада будааст, ҳаромӣ.
– Қурбону Наврӯз чӣ?
– Онҳоро дар як ҳоли бад ба санбат фиристоданд. Вай ҳоло зинда будани туро намедонад, мисли мо ба марги ту гириста ҳам буд. Заб кор кардӣ-дия, даҳбошӣ? – Дадабой ба завқ ба китфи Сафар даст зада монд.
– Худам ҳам ба зинда монданам ҳайронам.
– Хайрият, баргашта боз ба ҳуш омадӣ, набошад, зинда ба зинда аз болоят боз хок мепошиданд.
– Аз отделенияи мо боз чанд кас аз саф баромад?
– Ду кас мурду се кас дар госпитал. Ҳамааш панҷ кас.
– Шаш кас мондем. Ҷанг бошад, акнун сар шуд.
– Ғам нахӯр, даҳбошӣ, худи немис ҳам онакалонашро дид.
– Рафиқ сержант, – гуфт як ҷанговар аз қафо омада ва баъди ба тарафи вай рӯй гардонидани Сафар бо лаҳҷаи украинӣ хабар дод: – хӯрок овардам.
Вай ҷанговари украинӣ Коробко буд, ки пилоткаи калон дар сари хурди вай то гӯшҳояш фуромада буд ва ҳар замон ба ақиби сараш меғеҷид.
– Раҳмат, Коробко, биёр, – ҷавоб дод Сафар аз дасти вай котелокро гирифта. Дигарон чӣ?
– Дигарон ҳам банавбат мехӯранд, котелок намерасад.
– Ку, марҳамат, Дадабой.
– Базавқ, даҳбошӣ, ман баъд мехӯрам.
– Ӯҳӯ, қайлаи инро бинед, – гуфт Сафар дар равшании мушак ба даруни котелок нигоҳ карда, – фақат равған.
– Имрӯз гӯшти барра, рафиқ сержант – бо мамнуният хабар дод Коробко пилоткаашро дуруст карда.
– Барраи сафед, ё…?
– Не, не, рост мегӯям, Дадабой, – эътироз баён кард Коробко чашмонашро калон кушода, – барраи ҳақиқии дунбадор.
– Дар ин ҷо чӣ суҳбат? – гӯён ногоҳ Осмухин аз болои хоктӯда худашро ба траншея партофт. Ҳама дар назди вай ҳозир истоданд.
– Салом, рафиқ лейтенант!
– Салом-салом, марди аз он дунё омада. Хӯш, чӣ гап? – пурсид аз Сафар Осмухин.
– Хотирҷамъӣ, рафиқ лейтенант.
– Мо бошем, туро дар вақти ҳуҷуми танкҳо гум карда, қариб ба рӯйхатти бедаракшудагон дароварда будем.
– Чӣ тавре ки тоҷикон мегӯянд, умри ин хел касон дароз мешавад.
– Илоҳӣ, – гуфт лейтенант риши расидаашро хорида ва Сафарро таклиф кард: – Биё, ба заминканат равем, чорта гап ҳаст.
Ҳардуяшон дуқат шуда ба заминкан даромаданд. Дар ин ҷо аз ду тараф, аз замин ду суффаи хоб ва дар мобайн як суффачаи чоркунҷаи баланд, ки вазифаи мизро адо мекард, сохта шуда буд. Дар рӯйи суффаи хоб борхалтаҳои куҳнаи солдатӣ, шинел ва сумкаи ҳарбӣ, ки аз як канори болояш қутбнамо дошт, мавҷуд буд. Дар рӯйи мизи чоркунҷа, ки аз болояш газета паҳн карда шуда буд ва ҳар ҷо-ҳар ҷойи ҳошияҳои онро барои махоркакашӣ пора карда гирифта буданд, халтачаи гулдори холӣ мехобид.
– Чӣ гапҳои нав, Яша? – аз паҳлуи лейтенант Осмухин нишаста пурсид Сафар.
– Сталинградро фашисти лаънатӣ зери даст карданӣ, аллакай шаҳрро чор бор сахт бомбаборон кардааст, – гуфт ӯ бо як алами дарднок.
Сафар хост аҳволи оилаи Осмухинро пурсад, вале худи ӯ дар ин бора гап сар кард.
– Занам менависад, ки «маслиҳат деҳ, чӣ кор кунам, духтарамонро ба назди бибияш ба Ерзовка фиристонам ё не?»
– Ерзовкааш дар куҷо?
– Аз Сталинград чил километр дуртар. Деҳае, ки ба дунё омадаам. Модарам ҳам дар ҳамон ҷо. Намедонам чӣ нависам? Аз афти кор, ман туро ба хонаи худ ба меҳмонӣ набурда, худи ҷанг поятро ба он ҷо мерасонад, додар.
– Ҳоло Сталинград куҷою немис куҷо, рафиқ лейтенант.
– Албатта, то ба он ҷо расидан бинии фритсро чандин бор ба замин месовему лекин… – лейтенант дигар гап назада хомӯш монд.
– Рафиқ лейтенант, эҳтимол таклифи ман ба шумо маъқул наояд, лекин гуфта мондан айб надорад, – гӯён Сафар ба ҷавоби Осмухин мунтазир истод.
– Марҳамат, гап зан, агар таклиф маъқул бошад, чаро розӣ нашавам.
– Хонаю ҷойи моро худи шумо дидед, бо одамони мо дар сари як дастархон нишастед, ҳамаи онҳо шуморо мисли додари худ қабул карданд, шумо ҳам аз онҳо миннатдор шудед. Агар ҳақиқатан ба оилаи шумо дар Сталинград истодан хатарнок бошад, ҳардуямон – шумо ба занатон, ман – ба деҳаамон мактуб нависем, занатон муваққатан ба тарафҳои мо рафта зиндагӣ кунад. Бовар дорам, ки ҳама ӯро нури дида, тоҷи сар мекунанд.
Аз таклифи самимонаи Сафар чеҳраи парешони Осмухин шукуфон шуд. Ба лаби ӯ ханда давид ва чашмони бодомқавоқи вай ба тарафи Сафар бо миннатдорӣ нигоҳ карданд.
– Раҳмат, додар. Раҳмат. Аввало ин, ки занам дар заводи тракторсозии Сталинград кор мекунад, дар мактубаш менависад, ки ба ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт. Дуюм, модари кампирро ҳам дар деҳа танҳо партофта рафтан, хуб нест. Сонӣ, ҳаминро ҳам гуфта монам, ки заминро мегазему роҳи душманро мегирем. Ҳозир чора ҳамин.
Торикӣ фуромада буд, ки Осмухин аз назди Сафар баромада рафт. Сафар танҳо ба фикру хаёл дода шуд. Ба «тартиби нав»-и фашистон, ки онҳо дар бораи он дод мезаданду шабу рӯз аз самолётҳо варақа мепартофтанд, ҳақорату лаънатҳо мехонд Сафар. Гурезаҳо, ки аз ҳуҷуми истилогарон ба ақибгоҳ мекӯчиданд, разведкачии қину азобдодашуда Ӯразов, писараки аз тири лётчики фашист дар сари роҳ ҳалокгардида, ба пеши назари ӯ намоён мешуданд. Баъд командири полки саворагон Балашов, ки кайҳо босмачиёнро аз диёри Ҷӯйбор зада пеш карда буд, ба ёдаш омад. Сафар дар бораи худ фикр мекард: Агар Ҳокимияти Советӣ намеомад, ҳозир тақдири вай чӣ хел мешуд?
Албатта, дар даргоҳи кадом як бой батракӣ мекарду бесавод, нимгуруснаю нимбараҳна мегашт. Фашистон ҳам мехоҳанд одамони советиро ҳамин гуна ғулом гардонанд.
Аз ин ёдовариҳо якбора аъзои бадани ӯ ваҷаррос зада рафту худ ба худ гуфт: «Не, ҳаргиз ин тавр нахоҳад шуд!»
Сафар халтачаи гулдӯзиро аз рӯйи миз ба дасташ гирифт. «Барои хотираи нек аз Вера ба Аркадий» навишта шуда буд.
Косенкои хоксори меҳрубон! – аз фикр гузаронд Сафар, Бо чӣ орзую умедҳо зани ту инро навишта, чӣ қадар ашки алам рехта бошад! Дигар ту дар сафи мо нестӣ. Вера ҳоло аз ҳалокати ту бехабар аст. Кӣ медонад, эҳтимол худи Вера ҳам ҳозир зинда набудагист. Аз бомба ва ё аз ҳамлаи танки фашистон гурехта, дар роҳ ё дар пеши остонаи хонааш ба марги бемаҳал гирифтор шуда бошад ҳам, аҷаб нест. Ин аст «тартиби нав», ки фашизм мехоҳад дар рӯйи замин ҷорӣ созад!
Сафар пилсӯзи аз снаряд сохташударо, ки ба ҷойи пилта як порча шинел месӯхт, даргиронд.
Вай як саҳифа коғазро аз сумкааш гирифта, ба паси миз нишасту ба навиштан сар кард.
«Салом, ҳамшаҳрӣ ва дӯстам Мамараҷаб! Ташаккур ба ту. Гумон мекунам, акнун ту хуб фаҳмидӣ, ки мо барои чӣ меҷангему ба муҳофизати чӣ ба даст яроқ гирифтаем. Инро ту дар аснои иҷрои супориши ҷангӣ – посбонии шабона бо амалиёти шуҷоатмандонаи худ исбот намудӣ. Командири рота лейтенант Осмухин туро ба мукофоти ҳукуматӣ пешниҳод кард. Муборакбодии маро қабул фармо, рафиқ ва дӯсти ҳамяроқам!
Мо тамоми рӯз бар зидди фашистон ҷангидем ва чандин ҳамлаҳои ӯро зада баргардонидем. Ҳозир шаби торик. Саҳарӣ боз ба ҷанг. Хулоса, тирҳо дар тирдону ангушти шаҳодатамон дар куланги яроқ. Хомӯшии чандинрӯза, ки қариб ҳамаро дилгир карда буд, ба охир расид. Акнун боз навбати аз душмани ҳаромӣ сахт қасос гирифтан омад.
Ба мо аз саломатии худ навис. Ҳама туро салом мегӯянд. Зудтар сиҳҳат шудани ту орзуи ҳамаи мо.
Дӯсти ту, Сафар».
Савол ва супориш
1. Дар бораи Фотеҳ Ниёзӣ илова ба он чизе, ки дар китоб дода шудааст, боз чӣ медонед? Оё қиссаи «Димаи диловар»-ро хондаед?
2. Мазмуни «Корнамоии Мамараҷаб»-ро нақл кунед.
3. Аз қисса кадом лаҳзаҳо ба шумо бештар писанд омаданд ва чаро?
4. Андешаатонро дар бораи марги писарбачаи даҳсола баён кунед.
5. Мамараҷаб чӣ корнамоӣ нишон дод?
6. Нозири камаровӣ кадом суруди халқиро хонд? Магар дар рӯзҳои ҷанг суруд хондан кори хуб аст?
7. Аввал пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод буд ва баъд номаш ба Душанбе иваз шуд. Ин тағйирот дар кадом сол ба амал омад?
8. Дар ҳамин қисмат дӯстии байни халқҳои рус, тоҷик, украин инъикос ёфтааст. Ҳамин дӯстиро адиб дар симои кадом нақшҳо ифода кардааст?
9. Ба андешаи шумо Мамараҷабу дӯстонаш ба чӣ мақсад меҷангиданд? Андешаатонро хаттӣ нависед.