Кистӣ? –Пурсанд агар, гӯям ҳаме: Номи ман НАВЪИ БАШАР аз кӯдакӣ, Солу маҳ чун баҳри тӯфонпарваре Беқарорам дар паноҳӣ зиндагӣ.
Мухлиси афсонаам, афсонавор
Зистан дар даҳр армони ман аст. Ҷустан аз дасти фалак дасти мадад Бар хилофи ақлу виҷдони ман аст. “Хомаи қисматнавис ” афсона аст, “Хоби ширинест танҳо “сарнавишт”. Донае нагрифт деҳқон аз замин,
То даме бо дасти худ тухме накишт.
Ҳар куҷое бингарам, саҳву хатост, Бим бо ман ҳар куҷое рӯбарӯст.
Зиндагӣ мегӯядам: - Ҳушёр бош,
Толеъат чун ашк бар мижгони туст!
Рӯзгори сахтгир устодвор
Беқарорӣ бар дилам омӯхтаст.
То нагардад тира рӯзи равшанам, Оташе аз ибтидо афрӯхтаст.
Аз ман аст ин манзили шому саҳар, Моҳу Хуршеди фалак ҳам аз ман аст, Баҳру барро зебу зинат зиндагист, Ҳастиям бар зиндагӣ ҷону тан аст.
Хонае бар коинот афрохтам,
То шавам наздиктар бар офтоб,
То ба ҷӯш ояд диёри нуриён
Аз навои нағмаву чангу рубоб.
Огаҳам аз печу тоби умри хеш,
Аз азобу роҳаташ дорам хабар.
Ҷаҳд бар он мекунам, то устувор Решаи умрам шавад дар баҳру бар.
Кистӣ? – Пурсанд агар, гӯям ҳаме: Номи ман НАВЪИ БАШАР аз кӯдакӣ. Ҳар гуле дар бӯстон парвардаам, Мужда аст аз инқилоби зиндагӣ!