Гирам, падари ту буд фозил,
Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?
Саъдӣ Оре, чу қадам ба пеш монам,
Созам ба қафо назар гаҳе ман, Аммо набувад муродам аз ин
Ҳар дам ба гузашта саҷда кардан.
Мақсудам аз ин нигаҳ ҳамин аст, Бинам баду неки худ дигар бор, То саҳву хатои рӯзи рафта
Фардо нашавад дубора такрор.
Алҳақ, ки гузаштагони мо низ Бо фахр гузаштаро сутуданд.
Оянда гули умедашон буд,
Побанди гузаштагон набуданд.