Гулназар Келдӣ

«Ҳар як асар барои офарандааш мисли фарзанди ҷигарбанд азиз аст, зеро он дар натиҷаи ранҷ кашиданҳо, бедорхобии шабҳо, кам кардани нури чашми бино эҷод мешавад». Ба ҳамин маънӣ Иқбол мегӯяд:

Барги гул рангин зи мазмуни ман аст,

Мисраи ман қатраи хуни ман аст.

Боз, иншои «Суруди миллӣ»-ро гӯед! Ин суруд бароям аз фарзандам ҳам азизтар, волотар, муқаддастар мебошад, чунки ин суруди Тоҷикистони соҳибистиқлол, суруди тоҷики тоҷдор, тоҷики куҳантаъриху бофарҳанг аст. Ин пайки шодист, ки аз қалби миллионҳо мардуми тоҷик бурун ояд ва садову овозаш ба дунё танин андозад.

Вақте ки шумо, фарзандонам, «Суруди миллӣ»-ро замзама мекунед, ман ҳам бо шумо ҳамсадо мешавам, ман ҳам дар осмони беғубори Тоҷикистони азиз чун шоҳин бо шумо бол мезанаму бол мезанам ва шодам, ки ман онро эҷод кардаам, ин бахт насибам гардид.

Азизонам! Дар бисёр ҷамъомадҳо, маросимҳо бисёр касон, аз он ҷумла толибилмон аз ман мепурсанд: «Устод Гулназар, «Суруди миллӣ» чӣ хел ба вуҷуд омад?».

Бале, азизонам, ҳар як асар таърихе дорад. «Суруди миллӣ» ҳам.

Ёд дорам, ки 9-уми сентябри соли 1991 буду тирамоҳи зарринқабо бо тамоми шаҳомату бузургияш давр меронд. Ана, дар ҳамин фасли тилоранг халқи тоҷик парчами истиқлолро баланд афрохт, истиқлолият ба даст овард. Дар диёри тоҷикон субҳи шодӣ дамид. Аз ин пайки шодӣ ман дар курта намегунҷидам.

Роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз ин барои эҷоди «Суруди миллӣ» озмун эълон кард. Ман ҳам миён бастам. Пеш аз иншои он, бори дигар таърихи гузаштаву имрӯзаи халқи азизамро омӯхтам. Панди бузургони миллатам: «Гуфтори нек, рафтори нек, кирдори нек»-ро барои хеш раҳнамо сохтам. Ҳамин тавр, қалам ба даст гирифтаму «Суруди миллӣ»-ро эҷод кардам. Ҳар як калима ва ҳар як мисраи шеърамро садҳо бор тағйир додам, ислоҳ намудам. Ниҳоят, «Суруди миллӣ» болои коғаз омад. Аммо, азизонам, ман ҳаргиз бовар надоштам, ки дар байни ин қадар адибони тавонои миллат суруди ман дастболо мешаваду он «Суруди миллӣ»-и халқи бузургворам мегардад. Оре, мурғи Ҳумо гӯё болои сарам парвоз карду бахт ба рӯям хандид ва ман ба мурод расидам.

Шогирдони азиз, ба кадом нияту орзу иншо намудани «Суруди миллӣ»-ямро баъдтар дар як рубоиям ин тавр ба қалам додам:

Эй халқи азизи ман, саломат бошӣ,

Парвардаи номусу шарофат бошӣ.

Аз ҷон гуфтам «Суруди миллӣ»-и туро,

То ҷӯр ба ҳам бошию Миллат бошӣ!».

Дар домани кӯҳҳои сарбафалак, дар соҳили рӯди пуртуғёни Зарафшон деҳаи хушманзараи Дардар воқеъ гардидааст, ки бачагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар он ҷо гузаштааст. Вай ошиқи зебоиҳои зодгоҳаш буд ва шеърҳои аввалинашро низ дар васфи деҳи зебояш сурудааст:

Вақте ки ӯ ба Душанбе барои идомаи таҳсил омад, донист ки ба ҷуз меҳри деҳаи Дардар, меҳри бепоёне низ ҳаст, ки он ба Ватани азиз тааллуқ дорад. Шеърҳои шогирдонааш ва баъдтар сурудҳои баркамолаш, ки дар маҷмуаҳои «Расми сарбозӣ», «Нардбон», «Дастархон», «Лангар», «Пайи дарё», «Фасли оғоз» ва даҳҳо китоби дигар ба табъ расидаанд, аз меҳри ватан ва модар саршоранд. Инсонҳоро ба покӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят мекунанд.

Ҳамин меҳру муҳаббати беиддао сабаб гардид, ки Гулназар Келдӣ дар озмун дастболо гардад. Оре, имрӯз «Суруди миллӣ»-и Тоҷикистони соҳибистиқлолро хурду калон, пиру ҷавон тараннум мекунанд ва ифтихор доранд.

«Суруди миллӣ» орзую умеди ҳазорсолаи миллати моро ифода мекунад:

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем,

кашидаем.

Ин суруд соҳибватанонро ба муттаҳидию ягонагӣ ҳидоят менамояд. Ватан мисли баҳор ҳамеша шукуфост. Барои ободӣ ва бехазонии кишвар ва саодати мардум ҷоннисор бояд шуд, бовафо бояд буд:

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

Ки мазраи вафо бувад канори ту.

Хонандагони азиз, акнун навбати он расид, то шумо бо ҳам «Суруди миллӣ»-ро тараннум кунед. Гузашта аз ин, мазмун ва моҳияти ҳар як мисраи онро маънидод намоед.

Боз аз эҷодиёти шоири ширинкалом Гулназар чанд намуна пешкаш менамоем. Ин дастагулҳои тару тозаро хонед ва аз ёд намоед.