Даме ки дар дилат меҳри ватан хуршед мепарвард,
Даме ки ҷони дар лаб олами ҷовид мепарвард,
Даме ки бори охир ёд кардӣ ёри ҷонатро,
Чаро бо хун накардӣ сабт номатро ба рӯйи санг,
Ки то сарлавҳаи шеърам кунам имрӯз номатро?
Надонам аз куҷоӣ, пораи қалби кӣ ҳастӣ ту?
Чароғи зиндагонии кадомин модар астӣ ту?
Кадомин хомакашро шоҳбайти достонӣ ту?
Надонам аз куҷо омӯхтӣ ин сон бузургиро,
Ки бо ин заррагӣ дар пеши чашмонам ҷаҳонӣ ту?
ДАР РОҲИ ОХИРИН
Оҳ, модар!
Гарчи оҳи сард қалби гармро бегона буд,
Ин сафар бо оҳ додам шеъри худро ибтидо. Оҳ сард асту вале уммед дорам дар дилам,
Меҳри ту бахшад ба шеърам гармии хуршедро. Вақти тифлиям чу дил рӯйи кафат бардошта, Зиндагонӣ додиям бо қатраи шири сафед.
Лек ин дам ман туро рӯйи кафам бардошта, Мебарам бо он раҳе, ки он надорад боздид. Ман гуселат мекунам, аммо надорам боварӣ, К-аз барам ту меравӣ, дигар намебинам туро. Меравӣ чун нурҳои офтоби дар ғуруб,
Нест зӯре боздорам, дар дили худ ҷо кунам. Дар адои қарзи фарзандӣ, аё модар, даме
Бахш зӯрам, то туро дар шеъри худ эҳё кунам.
МӮСАФЕДОН
Ба кунҷе ҷамъ гашта мӯсафедон,
Ҳаловат мебаранд аз нури хуршед.
(Аҷаб дунёст пурсавдову пуршӯр,
Аҷаб дунёст зебову пуруммед.)
Гузашти умри ширин бенишон нест,
Ки ҳар ожанг рамзи қаҳрамонист,
Сафедиҳои мӯйи мӯсафедон
Зи ишқи рӯзгорон достонест.
Ду чашми хаставу бенури онҳо
Ду чашми равшани Модар-Ватан буд,
Замоне дастҳои сарду ларзон
Дар ин куҳсор панди Кӯҳкан буд.
Бидида бевафоиҳои олам,
Фақат аз ҷон вафо карданд моро,
Агарчи зиндагӣ сахту гарон буд,
Ба пайроҳи шараф бурданд моро.
Фурӯ бурда ғаму андӯҳи айём,
Ба рӯйи душмани дун ханда карданд.
Ба дунё дода дарси сарбаландӣ,
Зи бори зиндагӣ сар хам накарданд.
Ба молу мулки олам дил надода,
Ғанӣ буданд аз як байти Ҳофиз,
Ба ин сеҳру ба ин эъҷози ҳастӣ
Кунун дар назди пирӣ монда оҷиз.
Вале аз умру аз дунё ризоянд,
Фидои рӯзгори бебаҳоянд.
Дуо гӯянд субҳи босафоро,
Сано хонанд даври дилкушоро.
Ба кӯҳи барфпӯшу қурси хуршед
Назар созанд бо меҳру муҳаббат.
Ғанимат бошад ин дунё ба онҳо,
Ҳам онҳоянд дар дунё ғанимат...
Савол ва супориш
1. Шоир дар шеъри «Дар сари қабри сарбози гумном» чӣ гуфтан мехоҳад?
2. Оё сарбоз беном буд?
3. Дар шеъри «Дар роҳи охирин» шоир ба модараш нидо карда, чӣ мегӯяд?
4. Дар шеъри «Мӯсафедон» шоир кадом хислатҳои наҷиби онҳоро ба қалам додааст?