Дубайтӣ яке аз навъҳои қадимаи шеъри тоҷикист, ки бинобар аз рӯйи қофия ва миқдори мисраъ ба рубоӣ монанд буданаш онро бо рубоӣ омехта мекунанд, вале дар асл он жанри мустақил мебошад. Як хусусият ва фарқи муҳими рубоӣ аз дубайтӣ он аст, ки дубайтӣ бо ҳиҷои кӯтоҳ сар мешавад.
Дубайтӣ асосан барои ифода намудани эҳсосоти қалбию андешаи қаҳрамони лирикӣ эҷод мешавад ва ҳамагӣ як вазни анъанавӣ дорад. Ин вазни ягонаи дубайтӣ – ҳазаҷи мусаддаси мақсур (ё маҳзуф) мебошад, ки баробари мафоилун, мафоилун фаӯлун (V – – –V – – –V – –) ду бор дар ҳар байт аст. Дубайтӣ, ҳамон тавре ки аз номаш бар меояд, аз ду байт, яъне чор мисраъ иборат мебошад. Дубайтӣ асосан чунин тарзи қофиябандӣ дорад: ааба, яъне мисраи сеюм аз қофия озод аст.
Доираи мавзуи дубайтӣ хеле васеъ буда, он шарҳи ҳол, шикоят, ҳаҷву танқид ва амсоли онҳоро дар бар мегирад, вале аксаран дубайтиҳо мазмуни ишқӣ доранд:
Диле дорам, ки аз султон натарсад,
Зи банди кундаву зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.
Дар аксари дубайтиҳо мисраи аввали он муқаддима буда, ибтидои фикри асосист. Мисраи дуюм диққати шахсро ба мақсади ифодашуда ҷалб менамояд. Мисраи сеюм мақсади дар байти аввал баёншударо хотиррасон намуда, онро тасдиқ ё рад мекунад. Дар мисраи чорум мазмуну мақсади дубайтӣ ҷамъбаст мегардад:
Нигори нозанин, ман аҳли дардам,
Сарамро гар буранд, аз ту нагардам.
Сарамро гар буранд бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон занам, гирди ту гардам.
Намунаҳо аз рубоиёт ва дубайтиҳои халқӣ:
Эй дӯст, агар меҳри ту бар мо бошад,
Моро зи раҳи дур чӣ парво бошад?
Хоки раҳакат шавам замоне, ки агар
Як гӯшаи хотири ту бар мо бошад.
Қади сарват, илоҳо, хам нагардад,
Дили шодат ба гирди ғам нагардад.
Дуои ман ҳамин бошад шабу рӯз,
Ки як мӯ аз сари ту кам нагардад.
Сари роҳат чароғон аст, гули ман,
Чаро ҳушат парешон аст, гули ман?
Ма ку ҳарфи баде бо ту нагуфтам,
Чаро чашми ту гирён аст, гули ман?
Зи дасти дидаву дил – ҳар ду фарёд,
Ҳар он чӣ дида бинад, дил кунад ёд.
Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,
Занам бар дида, то дил гардад озод!
Ҷонона, баҳор шудаст, кай меойӣ?
Вақти гули хор шудаст, кай меойӣ?
Ту ваъда ба барфои зимистон додӣ,
Барфо ҳама об шудаст, кай меойӣ?!
Сарчашмаи боғи булбулонай ватанум,
Хушбоду ҳавои бӯстонай ватанум.
Як бор, агар бод барад бар ватанум,
Дил пора кунум, ёди ғарибӣ накунум.
Ин бӯйи бунафша дар ҷаҳон афтодаст,
Дил дар пайи ёри меҳрубон афтодаст.
Дил мехоҳад, ки ҳар замонат бинад,
Ин роҳи дароз дар миён афтодаст.
Имрӯз манам гандумаки сабз ба дашт,
Ҳайфи умрам, ки дар ғарибӣ бигузашт.
Хешони ватан, агар маро ёд кунед,
Ҷавру ситами замона имсол гузашт.
Шамолак мевазад бар барги гандум,
Мусофир гаштаам дар шаҳри мардум.
Мусофирӣ маро дилгир кардаст,
Фалак бар гарданам занҷир кардаст.
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла ба парвоз шуданд,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Дилам решу дилам решу дилам реш,
Надорам толеъ аз бегонаву хеш.
Агар бегонаро созам ба худ хеш,
Мисоли мору каждум мезанад неш.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Кадом навъи қадимаи шеъриро дубайтӣ меноманд?
2. Дубайтӣ аз рубоӣ чӣ фарқ дорад?
3. Маъмулан мазмуни дубайтиҳо аз чӣ иборат аст?
4. Мазмуни дубайтиҳои овардашударо баён кунед ва
мувофиқи интихоби муаллим чандтоашро аз ёд кунед.