Рӯзе подшоҳе бо шоҳзодае ба шикор рафт. Вақте ки ҳаво гарм шуд, подшоҳ ва шоҳзода ҷомаҳои худро дар пушти масхарабози худ ниҳоданд. Подшоҳ табассум кард ва гуфт:
– Эй масхарабоз, дар пушти ту як бори хар ҳаст.
Масхарабоз гуфт:
– Не, бори ду хар.
ҲИКОЯТ
Шахсе назди табиб рафт ва гуфт:
– Шиками ман дард мекунад, даво кун.
Табиб пурсид:
– Имрӯз чӣ хӯрдаӣ?
Гуфт:
– Нони сӯхта.
Табиб давое дар чашми ӯ кардан хост. Он шахс гуфт:
– Эй табиб, дарди шикамамро бо чашм чӣ муносибат?
Ҳаким гуфт:
– Аввал туро давои чашм мебояд кард, зеро агар чашмат дуруст мебуд, нони сӯхта намехӯрдӣ.
ҲИКОЯТ
Рӯзе дарвеше гуноҳи бузурге кард. Пеши ҳабашии кӯтвол1 бурданд. Кӯтвол ҳукм кард, ки рӯйи дарвеш сияҳ кунед ва дар тамоми шаҳр бигардонед. Дарвеш гуфт:
– Эй кӯтвол, нисфи рӯйи ман сияҳ кун, вагарна ҳамаи мардумони шаҳр гумон мекунанд, ки ман ҳабашии кӯтвол ҳастам.
Кӯтвол аз ин сухан хандид ва гуноҳи дарвешро бахшид.
ҲИКОЯТ
Шахсе бо бахиле дӯстӣ дошт. Рӯзе бахилро гуфт:
– Ҳоло ба сафар меравам, ангуштарини худ ба ман деҳ, онро бо худ хоҳам дошт, ҳар гоҳ онро хоҳам дид, туро ёд хоҳам кард.
Бахил ҷавоб дод:
– Агар маро ёд доштан мехоҳӣ, ҳар гоҳ ангушти худ холӣ бинӣ, маро ёд кун, ки ангуштарӣ аз фалон хоста будам, надод.
1 Кӯтвол – соҳиби қалъа.
ҲИКОЯТ
Дар замони Баҳроми Гӯр ҳакиме буд, ки дар фазлу ҳикмат ягона буд ва дар ҳунару дониш ангуштнамой.
Чун борҳо аҳволи ӯ ба Баҳром бигуфтанд, Баҳром ӯро бихонд ва аз анвои улум имтиҳон кард. Ва чун дар ҳама ҷавоби савоб дод, Баҳром бо худ гуфт: «Вазорат ба вай тафвиз1 кунам, то ӯро дар ҳиммату адаб биёзмоям».
Пас, ӯро бо худ дар хон2 нишонд ва ҳамкоса гардонид ва мурғе бирён карда, дар пеши вай ниҳод.
Ҳаким мурғро пора кард ва ба шараҳе3 тамом бихӯрд ва дигарро ҳамчунон ба кор бурд.
Баҳром гуфт: «Ин мард ҳиммат4 надорад, дар пеши ман мурғ чунин мехӯрад, мол дар ғайбати ман чӣ гуна хӯрад?!»
Пас, ӯро ташриф5 дод ва боз гардонид ва бад-он тарки адаб ва дунҳимматӣ6 аз вазорат маҳрум монд.
ҲИКОЯТ
Аз Ҳотами Той саволи гарон7 карданд, ки аз худ каримтар8 дидаӣ?
Гуфт:
– Бале.
Гуфтанд:
– Куҷо дидаӣ?
Гуфт:
– Дар бодия9 мерафтам, ногоҳ дар мавзее расидам, ду хона дидам куҳна ва бузаке паси хайма баста. Чун бирасидам, зол1 пеши ман давид ва маро хидмат кард ва инони2 ман бигирифт, то фурӯ омадам. Чун замоне баромад, писари ӯ бирасид, ба башорате3 ҳар чӣ тамомтар маро пурсид. Пас Зол ӯро гуфт, ки: «Эй писар, масолеҳи4 меҳмон қиём5 намой ва он бузакро бисмил кун6, то таоме бисозем». Писар гуфт: «Нахуст биравам ва ҳезум биёварам». Зол гуфт: «То ту саҳро равӣ, ки ҳезум орӣ, дер шавад ва меҳмонро гурусна доштан аз мурувват7 нест». Пас ду найза дошт, ҳар ду бишикаст ва бузакро бикушт ва дарҳол таоме сохт ва пеши ман овард. Чун тафаҳҳус8 кардам, аз моли дунё ҷуз аз он (бузак) ҳеҷ дигар надошт ва онро дар роҳи меҳмон ниҳод. Пас он золро гуфтам: «Маро мешиносӣ?» Гуфт: «На». Гуфтам: «Ман Ҳотами Той, бояд ки дар қабилаи ман ойӣ, то дар ҳаққи шумо такаллуфе9 кунам ва ҳаққи он бигузорам». Зол гуфт: – «Мо аз меҳмон музд наситонем». Ва аз ман ҳеч қабул накарданд.
1 Тафвиз – ба уҳда гузоштан.
2 Хон – дастархон.
3 Шараҳ – ҳарисӣ, тамаъ, рағбат.
4 Ҳиммат – иродаи зӯр, қасд, азм.
5 Ташриф додан – ҷома бахшидан, ҷома пӯшондан.
6 Дунҳимматӣ – пастҳимматӣ, хасис.
7 Гарон – вазнин.
8 Каримтар – босаховаттар, ҷавонмардтар.
9 Бодия – биёбон.
Ман донистам, ки эшон10 аз ман каримтаранд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Мухтасаран дар бораи тарҷумаи ҳол ва мероси адабии Муҳаммад Авфии Бухороӣ нақл кунед.
2. «Ҷомеъ–ул–ҳикоёт»–и Муҳаммад Авфии Бухороӣ чӣ гуна асар аст?
3. Ҳикоятро бурро ва хоно қироат кунед.
4. Дар ҳикояти аввал дар ҷавоби масхарабоз ифодаи «бори ду хар»-ро шарҳ диҳед.
5. Дар ҳикояти сеюм ба гуфтаҳои дарвеш диққат диҳед. Чӣ дарвешро аз ҷазо эмин дошт?
1 Зол – пир, мӯйсафед.
2 Инон – лаҷом, ҷилав.
3 Башорат – мужда.
4 Масолеҳ – чизҳои даркорӣ.
5 Қиём – машғул шудан, рост истодан. Ин ҷо ба маънои машғул шудан омадааст.
6 Бисмил кун – яъне бикуш.
7 Мурувват – мардумӣ ва мардӣ.
8 Тафаҳҳус – тафтиш кардан, пурсуков кардан.
9 Такаллуф – чизеро аз худ намудан, саъй, кӯшиш, заҳмат.
10 Эшон – онҳо.
6. Дар ҳикояти дигар аз бахилӣ сухан меравад. Барои чӣ бахил ба дӯсташ ангуштаринашро надод? Чӣ ӯро аз додан боз дошт? Дӯст авлост ё ангуштарин?
7. Ҳотами Той тимсоли саховатмандӣ ва ҷавонмардист. Оё аз ӯ сахитар одам ҳам будааст? Ҳикоятро хонда мазмунашро баён кунед.