Мулло Холмуҳаммад ҳикоят кард, ки: «Дар ҷавонӣ ман барои таҳсили илм ба Бухоро рафта, дар мадрасае даромадам ва басе қашшоқ ва бе чизу чораи маҳз будам, ки рӯзҳо ва шабҳо гурусна мегаштам. Паҳлу бар бӯрё ва сар бар санг ниҳода дарс мехондам. Соли умрам ба бисту се расида буд.
Дар он овон Шукурбек ном дузди шабрав дар Бухоро зиндагӣ мекард, ки мардум аз дасти ӯ ба фиғон омада буданд.
Басе паҳлавон ва калонҷусса ва айёрпеша1, ки дар шаб бо сад нафар муқобилат мекард ва ба зарбати санги даст дарахтҳои азимро аз камар мешикаст.
Агар гулӯлаи2 дасташ ба шахсе расад, ҳамчу гунҷишки туфангхӯрда хурд ва реза мешуд. Аз захми санги ӯ доим синаи онҳое, ки дар шаб мегаштанд, дарида буд. Рӯзона ӯро касе намедид, лекин шабона ҳамчун кӯршабпарак пайдо мегашт. Чандин баҳодурон садди роҳаш мегаштанд, аммо зӯрозмоӣ карда наметавонистанд.
Бо ин ҳама тавоноӣ ва мардумозорӣ карампеша, олиҳиммат буд, ки мол аз тавонгарони бахил ситонда ба одамони бечора медоду ба аҳли илм ва талабаҳои мадраса ёрӣ мерасонид».
Рӯзе яке аз намояндагони дарбор бо ҳукми султон нидо кард, ки касе Шукурбекро ба даст оварад, сад динор зари сурх медиҳад.
Мулло Хол мегӯяд: «Ман чун ин нидо шунидам, қувваи тамаъкориам ба ҳаракат омада, ғалабаи камбағаливу нодорӣ маро бад-он дошт, ки худро ба мири асас3 нишон диҳам ва матлаби ӯро ба ҷо оварда, Шукурбекро гӯсфандвор баста ба дасташ супорам ва бой гардам». Аввал ба назди мударрис даромада гуфтам:
1 Айёрпеша – чусту чолок, маккор, шабрав.
2 Гулӯла – санги кулӯла
3 Асас – мири шаб, миршаб.
– Ман аз қашшоқӣ ва гуруснагӣ ба ҷон омадаам ва ин зиндагӣ, ки марост, ҳазор бор аз марг бадтар аст. Агар иҷозати шумо шавад, биравам ва ба асас маълум кунам, ки хасми ӯро ба ӯ бирасонам ва аз ин бечорагӣ раҳоӣ ёбам. Ва агар кушта шавам, ба он дунё равам.
Мударрис гуфт: "Зинҳор, ин ҷуръат накунӣ, ки пойи душманро нодида сар ба бод диҳӣ. Магар нашунидаӣ, ки «фил шикори гавазн нашавад ва шер аз рӯбоҳ мағлуб нагардад». Пеш аз ту басе диловароне зӯрманд дар ин роҳ сафари охират карданд.
Байт:
Ҳар кӣ бо фӯлодбозу панҷа кард,
Соиди симини худро ранҷа кард".
Гуфтам: "Рустам бо ҳама зӯрӣ ва қуввати зиёди худ дар чоҳи Шағод афтод ва Исфандиёр бо ҳама сахтгирӣ ва шавкаташ1 ду дида бар хоки мазаллат2 ниҳод.
Байт:
Сайёд на ҳар боре шикоре орад,
Бошад, ки яке рӯз палангаш бидарад".
... Шояд ки рӯзе фалак бар мурод ва мароми ман равад ва бад-ин баҳона мояи таҳсил3 ва ваҷҳи маоши ман шавад... Агар дар миёни ин чаҳор хишти ҳуҷра солҳо бинишинам, ҳеҷ вақте аз сақфи он нон ва гандум наборад...
Мударрис гуфт: "Он чӣ ту гуфтӣ, рост аст, лекин:
Гарчи кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо.
Аз он ҷо, ки азми дуруст овардаӣ ва ҷазми маҳкам кардаӣ, ба ту монеъ шудан мумкин нест. Бирав, барори кор, чунки ба матлабҳои ин дунё ва охират расидан ба азимат1 вобаста аст".
1 Шавкат – ҳашамат, эътибор.
2 Мазаллат – хорӣ.
3 Мояи таҳсил – харҷи таҳсил, таҳсилпулӣ.
Он гоҳ фотиҳаи мударрисро гирифта ба хонаи шаҳна2 даромадам. Мири шаҳр (асас) маро яке аз аҳли дарбор гумон карда, суол кард: "Ба чӣ кори муҳим омадаӣ?"
Гуфтам: "Шунидам, ки ту барои гирифтан ва бастани Шукурбек мукофот гуфтаӣ. Омадаам, ки он мукофот ё пулро аз ту биситонам ва матлаби туро ба дасти ту супорам".
Мири шаб аз вазъи ман бихандид, чунки ранги коҳида ва хунпарида доштам. Ва он даъвои маро шӯхӣ пиндошта, назди ман обу нон фармуд. Ман гуфтам: "Шуморо ба ҳайати3 ман кор набошад ва ман чандинрӯза гуруснаам. Маро аз таом хуб сер кунед, он гоҳ хидмат фармоед..."
Пас аз хӯрда шудан, асас ба ман панҷсад дирам дод ва гуфт: "Агар Шукурбек ба даст орӣ, сад динори нақд бошад ва ин музди қадами ту бувад".
Ман ҳамроҳи ду-се нафар шабрав баромадам ва аз онҳо нишони душман талабидам. Гуфтанд: "Ҳеҷ кас сурати Шукурбекро надидааст, магар аз дур ғурриши санги ӯро шунидааст. Ана, шахсе сафедҷома меояд, ки чӯбдаст дорад, дар камарбандаш корд овезон, санги гулӯла дорад ва аз рӯйи ғурриши гулӯлааш маълум мегардад, ки Шукурбек меояд".
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Матнро хонед.
2. Мулло Холмуҳаммад ҳангоми таҳсил дар Бухоро дар чӣ
вазъе қарор дошт?
3. Шукурбек чӣ касе буд?
4. Чӣ Мулло Холмуҳаммадро маҷбур мекард, ки ба муқобили
Шукурбек бархезад?
5. Байни Мулло Холмуҳаммад ва мударрис чӣ суҳбате доир
гашт?
1 Азимат – дилниҳодагӣ ва қасду оҳанг.
2 Шаҳна – посбони шаҳр.
3 Ҳайат – ҳайбат, шакл, қиёфа.
Мулло Хол гуфт: «Чун ҳамроҳи посбонони шаҳр ба Тоқи Мазори Хоҷа Муҳаммади Паррон, ба чорсӯи шаҳр расидам, овози санги ӯ аз растаи Бозори Кафш баромад, ки ба тарафи мо меомад. Шабравон гуфтанд: «Инак, Шукурбек омад» ва худ ҳамаи таблҳоро хобонида рӯй пинҳон карданд.
Ва ман аз ғояти аз ҳад зиёд ӯро имкон надода, мардона чӯбдаст ба даст хиромон мерафтам ва мегуфтам: «Вай ҳам мисли ман одамест, ки гӯшту равған дорад». Бо ҳамин наздик шудем. Гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфтам: «Ҳамин замон бишиносӣ». Ва чунон аз ҳадди шуҷоат ҷӯшида будам, ки замину осмонро намедидам.
Ба худ андешидам, ки агар чӯбдаст бар сараш фуруд орам, мағзаш бирезад. Савоб он аст, ки аз пояш занам, то даст баста назди мири шаҳр орам.
Вақте ки даст бар ҳаво, чӯб бар осмон бардоштам, он "Таҳамтан сабук барҷаста ҳанҷараи маро гирифт. То ба худ омадам, бар замин ғалтонид ва бар синаам нишаст. Дуд аз димоғам баромад ва оҳи сард кашидам".
Вай ханҷарашро дар гулуям ниҳод ва гуфт: "Ту худро нашиносондӣ, инак, вориди ҷаҳаннам1 шав!"
Гуфтам: "Марди ғарибам2 ва мусофир".
Гуфт: "Туро чӣ шуда, ки ҷони худро дареғ надошта, худро ба дами теғ нишондӣ?"
Гуфтам: "Ҳуҷуми қашшоқию нодорӣ ва ҳирси3 зар маро бад-ин ҷода овард".
Гуфт: "Аз куҷо?"
Гуфтам: "Аз Бойсун".
Гуфт: "Аз он ҷо баҳри чӣ омадаӣ?"
Гуфтам: "Ба таҳсили илми зарурӣ".
Гуфт: "Туро кӣ ба муқобили ман барангехт?"
Гуфтам: "Мири асас овоза дода буд, ки ҳар кӣ туро дастгир кунад, сад динор зар бидиҳад. Ман аз ҷиҳати эҳтиёҷ ва бечорагӣ ба ин кор розӣ шудам, то туро ба даст орам".
1 Ҷаҳаннам – дӯзах.
2 Ғариб – бекас, каси мусофир.
3 Ҳирс – чашмгуруснагӣ.
Ман ин суханҳоро канда-канда мегуфтам. Чунки ҷасади ӯ хеле вазнин буд – гӯйӣ, кӯҳи азиме.
Раҳм овард, гуфт: "Рост мегӯйӣ, ман ин овозаи мири шабро шунидаам ва ту марди мусофирӣ ва бегуноҳ ва дар ин амр, ки мутасаддӣ1 шудаӣ, аз ҷиҳати бечорагӣ маҷбур шудаӣ, ки худро бо шер бизанӣ. Ман ба ту умри дубора мебахшам, ба шарте ки ту аз ин шаҳр ба вилояти худ баргардӣ ва дигар бо ман рӯ ба рӯ нашавӣ".
Ман гирён хушомадгӯӣ намудам, ки: «Ҳар чӣ ту гӯӣ, чунон кунам ва ҳар чӣ бад-он ишора кунӣ, иқдом ба он намоям».
Он гоҳ аз болои ман бархост. Ва ларзону ҳаросон аз ақиби он мерафтам, то дар мадрасаи Кӯкалтош даромадем ва ба дари ҳуҷрае баромада овоз дод. Муллобачае саросема берун омада, ба одоб дарун талабид. Даромадем ва бинишастем. Шамъҳо афрӯхтанд ва нуқлу наво ва май оварданд.
Шукурбек пурсид:
– Аз пухтан ва хӯрданӣ чӣ дорӣ?
Гуфт:
– Миқдоре аз ин чизҳо ҳаст.
Фармуд, ки:
– Ин ашё ба ин меҳмони мо камӣ мекунад, бирав ва аз фалон қассоб гӯшт биёр ва таоме ба заҳмати зиёд бипаз, ки ман ҳам гуруснаам.
Он мард бирафт ва ба пухтупаз машғул шуд. Ман ба даҳшат омада аз ҳар боб сухан мекардам, саргузаштамро нақл кардам, аз ҷасорату мардонагии худ сафсата мехондам.
Вақте ки ман дар бораи шуҷоатам, ки хар ва аспро бардоштам, нақл кардам, ӯ бовар намекард ва гуфт: "Агар рост гӯйӣ, бархез ва аз пушти ман даро ва маро ба худ каш ва аз ҷоям биҷунбон".
Ман бархоста дар ақибаш гузаштам ва ҳарчанд зӯр задам, ҳеҷ аз ҷойи худ намеҷунбид, гӯйӣ, ҳама узваш аз оҳан ва фӯлод буд, то ҳар ду дасти ман аз кор монд ва хун аз димоғам фаввора зад.
1 Мутасаддӣ ‒ вазифадор
Гуфт:
– Нагуфтам, ки ту дурӯғ мегӯйӣ ва ҳеҷ зӯр ва қувват надорӣ ва ман туро дар роҳ, ки меомадӣ, дониста будам, ки овози пойи ту дар замин зарб надошт. Овози пойи мардон дар замин ҳамчун оҳан бошад. Пас як мушт зари сурх ба каф ниҳод ва гуфт:
– Агар панҷа ва дасти чапи маро битобӣ, ин зар аз они туст.
Ҳирси тилло маро қарор нагузошт, панҷаашро битофтам ва ҳарчанд зӯр намудам, фоидае набахшид. Дар ин кор ҳар тараф хаму рост мешудам. Лекин дасти ӯ чунон рост ва барқарор буд, ки гӯё мехе бар девор зада бошанд. Ва охир дасти ман бигирифт ва панҷаам дар панҷааш ниҳода зӯр кард. Гумон кардам, ки ангуштонам реза–реза шуданд. Он гоҳ гуфт:
– Ба ин ҳол, ки дорӣ, дигар номи шуҷоат мабар ва беҳуда роҳи муқобили мардон машав, ки сар ба бод диҳӣ ва ҳасратҳо барӣ.
Он гоҳ ба обу таом таклиф намуда, панҷсад дирам ба ман бидод ва маро васият кард, ки: «ин пули кирояи туст ва инро бардор ва дигар дар ин шаҳр наист, мабодо ки дигарбора туро бифиристанд ва ба муқобили ман барангезанд, он гоҳ амон наёбӣ».
Ман он нақдро1 бардошта, назди мири шаб омада, он чӣ дида будам, ҳикоят кардам. Хилъатам2 дод ва рухсатам фармуд.
Ман дигар иқомати3 Бухороро ба худ ногувор дида ба вилояти худ омадам ва то ин муддати умр мисли вай зӯровар надида будам.
Самараи ин ҳикоят он аст, ки мард агар бақувват ва паҳ лавон бошад ҳам, аз душмани худ бияндешад ва бовар ба зӯри бозуи худ накунад.
1 Нақд – пул, зар.
2 Хилъат – як навъ ҷома.
3 Иқомат – истиқомат, зиндагӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Бигӯед, ки байни ду тан чӣ воқеа рух дод?
2. Кӣ ғолиб омад: Мулло Холмуҳаммад ё Шукурбек?
3. Шукурбек чӣ мардонагӣ кард?
4. Охири воқеа ба чӣ анҷом ёфт?
5. Хулосаи ин ҳикоят чӣ аст?
6. Байтҳо ва луғатҳоро аз ёд кунед.