Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам

Зи дасти кӯтаҳи худ зери борам,

Ки аз болобаландон4 шармсорам.

Магар занҷири мӯе гирадам даст

В-агарна сар ба шайдоӣ5 барорам.

Зи чашми ман бипурс авзои гардун,

1 Пайк – қосид, мухбир, хабар, паём.

2 Ҳашр – қиёмат.

3 Ибром – исрор, истодагарӣ.

4 Болобаландон – дилбарон.

5 Шайдоӣ – ошуфтагӣ, девонагӣ.

Ки шаб то рӯз ахтар1 мешуморам

Ман аз бозуи худ дорам басе шукр,

Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Агар гуфтам дуои майфурӯшон,

Чи бошад, ҳаққи неъмат мегузорам.

Ту аз хокам нахоҳӣ баргирифтан,

Ба ҷои ашк агар гавҳар биборам.

Саре дорам чу Ҳофиз маст, лекин

Ба лутфи он сари умедворам.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ғазалро бурро ва ифоданок хонед.

2. Дасткӯтаҳӣ чӣ маънӣ дорад?

3. Шоир аз чӣ ва аз кӣ шукру сипосгузорӣ мекунад? Чаро?

4. Ғазалро хонда онро байт ба байт маънидод кунед.

5. Ғазалро аз ёд кунед.