Гар дусад раҳ ба сари дор равам,
Лоҳутӣ,
Боз дар маслаки худ якдиламу
подорам.
Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон дар оилаи косиби куҳнадӯз (гевакаш) таваллуд ёфтааст. Ӯ дар нуҳсолагӣ шогирди челонгар, баъд шогирди дарзӣ ва пасон шогирди оҳангар будааст. Падараш Аҳмад низ табъи шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шеър мегуфтааст ва нахустустоди Лоҳутӣ дар шеърсароӣ ҳамоно падараш будааст.
Абулқосим Лоҳутӣ соли 1904 дар синни ҳабдаҳсолагӣ бо мадади ташкилоти «Одамият» ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Лоҳутӣ муътақид буд, ки рӯзе инқилобе мешавад ва решаи зулму истибдодро месӯзад. Ӯ низ ба мубориза алайҳи истибдод бармехезад. Шеърҳои инқилобӣ ва зидди зулму бедодгариҳо сурудаи ин шоири инқилобӣ вирди забони муборизон буд. Ҳокимияти замон Лоҳутиро ба қатл ҳукм мекунад. Оқибат Лоҳутӣ соли 1922 баъди таҳдиду таъқибҳои сахти ҳокимони Эрон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ мебарад.
Аз устод Абулқосим Лоҳутӣ осори гаронбаҳое чун достону ғазалҳои равон, қитъаҳо, рубоиву дубайтиҳои шево боқӣ мондаанд. Лоҳутӣ соли 1957 дар Маскав вафот кардааст.
Дӯстӣ ва бародарӣ
Ҷавоне пурсид аз пири доно,
Ки: “Эй дониши ту мушкилкушо,
Ба шогирдон панди устод накуст,
Бигӯ, бародар беҳтар аст ё дӯст?”
Пири хирадманд чунин посух дод,
Ки: “Зиндагонист беҳтарин устод,
Зиндагӣ собит кард, байни башар,
Ки дӯст аз бародар бувад беҳтар.
Мумкин аст бародар дӯст нашавад,
Вале дӯст доим бародар бувад.
Агар бародар дӯстат ҳам бошад!
Дигар дар хушбахтӣ чӣ кам бошад,
Бирав, байни мардум дӯст пайдо кун!
То бехи душман барканӣ аз бун!
Ман аз дилу ҷон, бо руҳи шод!
Ба дӯстони сулҳ мегӯям: шод бод!
ВАТАНИ МО
Маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон шуд Ватани мо,
Умеди ҳама беватанон шуд Ватани мо.
Чун сар нафарозему тафохур нанамоем,
Шаъну шарафи оламиён шуд Ватани мо.
Садсола кас ин ҷо накунад шиква зи пирӣ,
Бо умри куҳан тозаҷавон шуд Ватани мо.
Хидмат бикунем аз дилу ҷонаш, ки баробар,
Бо нархи дилу қимати ҷон шуд Ватани мо.
Бо синаву сар ҳифз кунемаш, ки зи душман,
Озодкуни аҳли ҷаҳон шуд Ватани мо.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Тарҷумаи ҳоли устод Абулқосим Лоҳутиро нақл кунед.
2. Шеърҳоро бурро ва ифоданок хонед.
3. Мазмуни байтҳоро дар алоҳидагӣ шарҳ диҳед.
4. Ин шеърҳо дар тақдири Лоҳутӣ чӣ нақш доштанд?
5. Шеъри "Ватани мо"-ро аз ёд кунед.