Пораҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ»

ҶАНГИ ТАН БА ТАН

(ба таври мухтасар)

Мулло Холмуҳаммад ҳикоят кард, ки: «Дар айёми зимистон ва сардии ҳаво, ки кӯҳу дашт пур аз барф буд ва аз ғалабаи хунукии берун ва гармии дарун чеҳраи нури офтоб дар вақти субҳ равшанӣ медод, туфанг гирифта азми шикор намудам. Дар пой наълайни чӯбин2 кардам, то ки ба барф фурӯ наравад. Дар нишебии кӯҳ, ки барф камтар буд, дар пушти санге се хирси азимҷусса дидам, ки бо ҳайбати аҷибе рақс мекарданд ва гӯё айшу суруре доштанд. Яке чӯбдасте дар даст рост истода буд ба монанди ясавул3, дигаре аз нард ва шуаби4 ревоҷ5 дасторе ба сар тартиб дода ҳамчу хатибе6, дигаре аз барги ревоҷ даф ба даст гирифта нақора мезад монанди шуъбадабозе7.

Хирси чӯбакзан он ду хирси дигарро аз худ дур мекард, гӯё дар байн рақс мекард. Хирси дасторӣ8 бошад, монанди хар ҳангос мезад ва гӯё суруде мегуфт. Хирси дойразан бошад, рақс мекарду "дойра" мезад.

Ман ин хел маҷлиси аҷоиб ва сурудро на дида будаму на аз касе шунида. Аз ҳоли онҳо сахт дар ҳайрат афтода будам ва соате ба гирудори онҳо нигоҳ кардам, онҳо аз ман ғофил буданд. Чун пӯстини хирси раққос тозатар дидам, туфанг бардошта ӯро ба нишон гирифтам, дафу дойраи ӯро бар занахаш1 бастам. Хирси дасторӣ дасторро аз сар бияндохт ва рӯй ба гурез ниҳод. Хирси ясавул бошад, ба ҳамон чӯбдаст ба тарафи ман давид. Фурсат надод, ки оташ аз туфанг сар бидиҳам. Ба ман расида, сари туфангро маҳкам бигирифт ва ба ҷониби худ мекашид ва ман ба тарафи худ мекашидам. Дар охир ба зӯрӣ туфангро аз дастам гирифт ва бар кӯҳ чунон зад, ки туфанг реза-реза шуд. Пас ба ман чӯбдаст андохт, ман ҳам чӯбдаст ба осонӣ аз дасташ рабудам, чунки хирс ғафс ва танбал буд. Он гоҳ рост омада ба ман часпид.

1 «Наводир–ул–вақоеъ» – воқеаҳои нодир.

2 Наълайни чӯбин – он чӣ мисли кафш аз чӯб сохта дар по кунанд.

3 Ясавул – хидматгори дарбор.

4 Шуаб – шуъбаҳо, ин ҷо ба маънои шохаҳо.

5 Ревоҷ – номи гиёҳест бағоят нозук ва худрӯй, ки мардум онро мехӯранд.

6 Хатиб – касе, ки хутба мехонад.

7 Шуъбадабоз – масхарабоз.

8 Хирси дасторӣ – хирсе, ки дар сар дастор дошт.

Фавран аз ҳанҷарааш2 сахт гирифтам ва сарашро аз хамидан манъ намудам. Чунки донистам, ки агар сараш хам нашавад, ман он қадар зарар намебинам. Ва мо ҳар ду мисли ду паҳлавони зӯровар басе талош кардем ва роҳи зафар ба ҳар дуи мо мушкил буд, чунки бо ман асбоби ҷарроҳӣ3 набуд, то занахдонашро бишкофам ва ӯ низ ҳарчанд зӯроварӣ кард, лекин даҳон ва дандонаш дар ҳаво гӯё бод мекашид. Оҳиста-оҳиста ман ӯро ба таҳти кӯҳ мекашидам, то ба кӯҳ наздик шудам.

Он гоҳ як даст ҳамчунин дар ҳанҷарааш ва бо дасти дигар аз соқаш маҳкам гирифта ба теғаи кӯҳ задам, ки миёнаш бишкаст. Садои устухонҳояш, ки қарс-қарс мекард, шунида шуд. Бе он ки нафас рост кунад, видои қолиб кард4. Сараш бурида, пӯсташ баркандам, ба шаҳр оварда, маблағи шаст танга фоида кардам..».

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ҳикоятро хонед ва мазмунашро нақл кунед.

2. Манзараи кӯҳ ва ҳолати хирсонро батафсил бо гуфтори худ қисса намоед.

3. Тафсилоти ҷанги тан ба тан бо хирсро нақл кунед.

4. Оё шумо ҳам дар бораи хирс қиссае шунидаед?

1 Занах – манаҳ.

2 Ҳанҷара – ҳалқ, гулу.

3 Асбоби ҷарроҳӣ – корд.

4 Видои қолиб кард – яъне мурд.