Ибни Ямини Фарюмадӣ

Амир Фахруддин Маҳмуд ибни Яминуддин, маъруф ва мутахаллис ба Ибни Ямин, соли 1286 дар деҳаи Фарюмади Хуросонзамин дар оилаи шоир Амир Яминуддин, ки вазифаи муставфии1 вазири Хуросонро дар уҳда дошт, ба дунё омадааст. Ибни Ямин дар зодгоҳаш таҳсили илм карда, аз хурдсолӣ бо ташвиқи падар ба шеъргӯӣ пардохтааст:

Падар, ки раҳмати ҳақ бар равони покаш бод,

Зи ман дареғ намедошт панди пирона.

Пас аз вафот кардани падараш (1322) Ибни Ямин маҷбур мешавад барои эҳтиёҷоти моддӣ ба хизмати Хоҷа Алоуддин дарояд. Соли 1337 зодгоҳашро тарк карда ба шаҳри Гургон меравад ва дар дарбори ҳокими он ҷо – Тағой Темурхон кор мекунад. Соли 1341 ба зодгоҳаш баргашта, дар муборизаҳои Сарбадорон ба муқобили муғулон иштирок мекунад. Дар яке аз ҷангҳо асир меафтад ва ӯро ба Ҳирот бурда кор мефармоянд. Баъди халосӣ аз асорат ба зодгоҳаш баргашта, охирҳои умрашро дар гӯшанишинӣ мегузаронад.

Ибни Ямин соли 1368 дар зодгоҳаш вафот кардааст. Мероси адабии Ибни Ямин аз рӯйи девонҳо ва куллиёташ 13000 байтро ташкил дода, аз қитъа, қасида, ғазал, рубоӣ, тарҷеъбанд ва маснавӣ иборат мебошад.

Мазмуну мундариҷаи ашъорашро танқиди нобаробари ҳои иҷтимоӣ, ҷабру ситами золимон, тарғиби ғояҳои инсон дӯстӣ, хайру саховат ва ташвиқи илму маърифат ташкил медиҳанд. Меъёри ҳақиқии бузургии инсонро шоир чунин ифода мекунад: