Зан ва шер

Дар шаҳре марде буд. Зане дошт ниҳоят бадхислату забондароз.

Рӯзе мард барои тақсире1 ӯро тозиёна зад. Зан бо ду тифли худ роҳи биёбон гирифт. Иттифоқан шереро дид. Зан тарсид ва бо худ гуфт, бисёр бад кардам, ки бе ҳукми шӯй берун омадам. Агар аз ин шер ҳеҷ офат ба ман нарасад, боз ба хона рафта, фармонбардории ӯ бикунам.

Алқисса, зан ҳила оғоз карда, бо шер гуфт, ки: «Эй шер, назди ман ой ва сухани маро бишунав».

1 Тақсир – кӯтоҳӣ кардан дар коре, гуноҳе.

Шер мутааҷҷиб1 шуд ва пурсид, ки: «Кадом сухан аст? Бигӯ».

Зан гуфт, ки дар ин биёбон шерест бузург, ҳамаи мардумон ва чорпоён аз вай метарсанд. Подшоҳ ҳар рӯз се-чаҳор мардумонро барои хӯроки ӯ мефиристад. Имрӯз навбати ман ва ин ду тифл аст. Агар мехоҳӣ, аз ман тифлаконро бигиру бихӯр ва аз ин дашт бигурез. Ман низ муҷарраду танҳо шавам ва бигурезам.

Шер гуфт: «Хуб, чун ту ҳамаи аҳволи худ ба ман гуфтӣ, маро маслиҳат нест, ки туро бихӯрам ё тифлони туро. Зеро ки маро ҷои гурехтан нест».

Алқисса, шер тарафи дигар рафт ва зан роҳи шаҳри худ пеш гирифт ва боқии умр дар фармонбардории шавҳари худ сипарӣ сохт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ҳикоятро бурро ва ифоданок хонед.

2. Мазмуни ҳикоятро нақл кунед.

3. Мақсади нависанда аз нақли ин ҳикоят чист?

4. Ҳикоятҳоеро, ки дар он ҳайвонот мисли инсон суҳбат мекунанд, чӣ меноманд?

5. Чаро ҳикоятҳои тамсилӣ дар замони пешин бисёр

вомехӯранд?